Сафари корӣ ба Федератсияи Русия

№ 08.05.2025

54504151652_746cb5d097_b8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард.