24 декабри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати пирӯзии ҳизбатон ва муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Сарвазири Япония самимона табрик ва таҳният менамоям.
Мо густаришу таҳкими равобит бо Японияро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем ва эътиқодмандем, ки равобити васеъ ва мутақобилан судманди ду кишвар ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвари дӯст, субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Япония на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчӯбаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуну мундариҷаи фарохтар касб менамоянд.
Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо бо саъю кӯшишҳои дуҷониба муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Япония ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».