Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба ноҳияи Темурмалик

№155 (3301) 30.12.2014

DSC_04251

Дар арафаи Соли нави мелодӣ  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дидан намуданд.

Дар оғоз Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ аз мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалик дидан намуда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар таҳсилкунандагони ин мактаб кумакҳои хайрия, аз ҷумла либосҳои мактабии гарми зимистона, компютерҳои муосири тамғаи нав, телевизору яхдон, қолину чангкашак, мошини ҷомашӯйӣ, дафтару қалам, мизу курсии дарсхонӣ, 1000 адад китобҳои дарсӣ ва барои ҳамаи бошандагони ин даргоҳ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди коллективи устодону хонандагон суханронӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки мо имрӯз бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба назди шумо -фарзандони миллат омадаем ва саломи гарму самимии он касро бевосита ба шумо мерасонем. Президенти мамлакат, ки асосгузори давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, борҳо дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки кумак ба ятимону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат аз зумраи  вазифаҳои доимии ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ, инчунин соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Зеро ташаккули шахсиятҳои шоистаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз сатҳи донишу таҷрибаи устодон, донишу саводнокии толибилмон ва умуман фаъолияти мураттаби муассисаҳои таълимӣ вобастагии мустақим дорад.

Мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалик соли 1933 таъсис ёфтааст ва зиёда аз ҳаштод сол мешавад, ки фаъолияти пурсамар дорад. Аксари кулли олимону чеҳраҳои сиёсии кишварамон дастпарварони ин мактаб –интернат мебошанд. Имрӯз ҷумҳуриамон бо номи сиёсатмадорони шинохта чун Талбак Назаров, олими намоён Ёқубшо Юсупов, композитори маъруф Қудратулло Яҳёев ва чанде дигарон, ки хатмкунандагони мактаб-интернати мазкур мебошанд, ифтихор дорад. Дар ҳама давру замонҳо мактаб-интернатҳо хонаи умед ва меҳру муҳаббат будаанд. Танҳо дар соли 2014-ум 3675 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон ба мактабҳои олии 23 давлати хориҷӣ дохил шуда, соҳиби номи ифтихори донишҷӯ гардидаанд. Боварӣ дорам, дар оянда шумо низ номбардорони ин миллату ин сарзамин мегардед.

Хурсандиовар аст, ки бо маблағгузории Ҳукумати кишвар то инҷониб дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик 46 муассисаи таълимӣ, се боғчаи бачагона, як мактаб-интернат ба истифода дода шудааст. Худи ҳамин сол хобгоҳи бинои интернат пурра ба истифода дода шуда, сохтмони мактаб барои 150 нафар дар хонаи бачагони Танобчӣ ва сохтмони мактаб барои 120 нафар дар деҳоти ба номи Лақай Қармишев, сохтмони мактаб барои 220 нафар хонанда дар деҳоти ба номи Бобо Юнус пурра ба анҷом расидааст.

14 мактаби миёнаи ноҳия аз нав сохта шудааст ва даҳ мактаби калонтарини ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Соли 2015 бошад, сохтмони боз чор мактаби нав шурӯъ мешавад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ номидааст, бинобар ин, ҳар як масъули бахши иҷтимоӣ вазифадор аст, ки барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳамияти махсус зоҳир намояд ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва махсусан ба оғози соли нави хониши соли 2015 ва мавсими зимистони дарпешистода омода намудани онҳо чораҳои доимӣ андешад.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Темурмалик нишон медиҳад, ки заҳматкашони ноҳия дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавассути ба роҳ мондани фаъолияти муназзами соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Темурмалик дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва бо ин мақсад то имрӯз як қатор нақшаву барномаҳои рушди он қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, пеш аз ҳама, барои рушди минбаъдаи ноҳияи Темурмалик, беҳтар ба роҳ мондани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва зиндагии сокинони он равона гардидаанд.

Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои ҳозирин посух гуфта, ҳамчунин иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо истифода аз ҳамаи имконияту воситаҳо ҷиҳати ҳар чӣ зудтар бартараф намудани мушкилоти сокинони мамлакат дар давраи зимистон ва таъмини талаботи рӯзафзуни соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар ба неруи барқи доимӣ чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, сохторҳои марбутаро зарур аст, ки минбаъд низ ба масъалаи таъмини рушди соҳаи энергетика тавассути сохтмони иқтидорҳои хурду миёна ва бузурги истеҳсоли барқ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин иброз дошт, ки ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ноҳияи Темурмалик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд гардида, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва сатҳу сифати зиндагии сокинон торафт беҳтар шуда истодааст.

Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишоварзони дигар минтақаҳои мамлакат ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ҳама фасли сол таъмин намудани талаботи бозори истеъмолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.

Зеро амалӣ намудани чунин тадбирҳо омили асосии афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, муҳайё гардидани ҷойҳои иловагии корӣ, зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти мамлакат мегардад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки бо истифода аз ширкати роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулону фаъолон таъкид месозам, ки робитаи худро бо мардум мустаҳкам намоед, доир ба ҳалли саривақтии мушкилоти аҳолӣ чораҷӯйӣ кунед ва дар самти пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб тадбирҳои судманду қонунӣ андешед.

Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши ноҳияи Темурмалик минбаъд низ бо меҳнати ҳалоли худ барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон, эҳё намудани шуҳрати собиқаи ноҳия ҳамчун яке аз ноҳияҳои овозадори мамлакат саҳми худро дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишварамон мегузоранд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба собиқадори соҳаи маориф, муаллимаи мактаб-интернати мазкур Хадича Иқболова, ки тамоми умри пурбаракати худро ба тарбияи насли наврас бахшидааст «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такдим намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин бо хоҳиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба директори  мактаб-интернати давлатии Кангурти ноҳияи Темурмалик Фаррух Қувватов нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро тақдим кард.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ