Гурзандози маъруф Дилшод Назаров, ки соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд, иброз дошт, ки соли 2014 барояш ҳамчун варзишгар соли хуб буд, зеро нақшаҳояш комилан иҷро шуданд.
- Дар Соли нави 2015 барои ман ғолибият дар мусобиқа оид ба варзиши сабук, ки моҳи август дар шаҳри Пекин баргузор мешавад, ҳадафи асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчун яке аз масъулони соҳаи варзиши кишвар ҳаминро гуфтаниам, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ барномаи омодагии номзадҳо ба аъзогии мунтахаби Тоҷикистонро ба Олимпиадаи Бразилия таҳия намудааст, ки барои 15 нафар пешбинӣ шудааст. Мехоҳам ҳамватанони худ ва ҳамаи ҳаводорони варзишро бо фарорасии Соли нави 2015 табрик намуда, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, сулҳу осоиш ва некрӯзӣ орзу намоям, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Дилшод Назаров.
Х. Шарипов, «Садои мардум»