Тавре маълум аст, якуми марти соли равон дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Аз ин рӯ, имрӯзҳо тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатӣ идома дорад.
Аз ҷумла чанде пеш дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Конференсияи якҷояи бахшҳои дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмаликбудаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конференсия вакилони ҳизбӣ номзадии Зайниддин Сафаровро аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Бояд гуфт, ки Зайниддин Сафаров айни замон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндагон аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент бошад, номзадии Олимҷон Салимзодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳазаи интихоботии Айнӣ №22 пешбарӣ намуд. Олимҷон Салимзода аз ҷумлаи нафаронест, ки таҷрибаи кофии кор дар парлумони касбии Тоҷикистонро дорад. Мавсуф вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 буда, айни замон дар вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот фаъолият дорад.
Ҳамин тавр, конференсияи якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ номзадии Сафаралӣ Раҷабовро аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №28 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Сафаралӣ Раҷабов ҳоло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мебошад.
Ҳамчунин конференсияи якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ (ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон» ва ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ба ин ҳавзаи интихоботӣ шомиланд) Ҳаёт Одинаевро аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №35 ва конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав номзадии мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Мусаллама Қодироваро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»