Иттиҳодияҳои динӣ тибқи талаботи қонун фаъолият доранд
- Айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин як маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 369 масҷиди ҷомеъ, 3589 масҷиди панҷвақта, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона, як ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 4089 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил, тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд. Фаъолияти як масҷиди ҷомеъ ва се масҷиди панҷвақтаи расмӣ бо қарори ҳайати муассисон барҳам дода шуд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки Кумита тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намуд. Маълум гардид, ки 3054 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамоянд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ 2896 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Мутахассисони Палата ба соҳибкорон ёрӣ мерасонанд
-Соли 2015 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 55-сола мешавад. Бахусус айёми истиқлолият Палата дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими алоқаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ корҳои назаррасро анҷом дод. Ҳадафи мо пайванди соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва дар ин замина мусоидат ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳо мебошад,- иброз намуд дар оғози нишасти матбуотӣ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид.
Дар соли 2014 баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои зикршуда корҳои шоён ба анҷом расонида шуданд. Давоми як сол бо доираҳои гуногуни соҳибкорону тоҷирон, намояндагони бонуфузи корхонаю муассисаҳои кишвар ва хориҷи ҷумҳурӣ 366 вохӯрӣ, 31 нишастҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон, намоишгоҳҳои зиёди умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардид. Зимни баргузории ин чорабиниҳо доир ба бунёди корхонаҳои муштарак, ворид намудани техникаю технологияҳои наву замонавӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногун, муҳайё намудани заминаи мусоид барои таҳкими савдои озод созишномаҳо баста шуданд.
Айни замон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар беш аз 600 аъзо дорад. Мутахассисони Палата ба ташкилоту корхонаҳои аъзо оид ба масъалаҳои иқтисоди берунӣ маслиҳатҳо дода, ба соҳибкорон барои ривоҷи фаъолияташон ёрӣ мерасонанд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Ҳамагӣ 48 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин аст
- Дар соли 2014 корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба маблағи 126 млн. 575,8 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2013-ум ба маблағи 17 млн. 808,0 ҳазор сомонӣ ё 16,8 фоиз афзудааст. Аз маблағи хизматрасонии корхонаҳои соҳа ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 35 млн. 165,1 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ сардори корхонаи мазкур Алимурод Тағоймуродов.
Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо қувваю маблағгузории корхонаҳои соҳаи коммуналӣ нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи симобдори азистифодабаромада ташкил ёфт. Давоми солҳои 2011-2014-ум аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 185,4 ҳазор адад чунин лампаҳо ҷамъоварӣ шуд.
Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия соли 2014-ум 48 млн. 875,6 ҳазор мукааб оби нӯшокӣ дастрас намуданд. Алҳол тақрибан 48 фоизи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ таъмин аст. Тибқи барномаҳои қабулгардида то соли 2020-ум қариб 80 фоизи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мешавад.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»