Шайх Фаридуддини Аттор дар китоби арзишманди хеш «Тазкират-ул-авлиё» аз забони машоихи бузург ва мардони раҳи ишқи Илоҳӣ доир ба мақоми баланди олимон суханҳои фаровони судманд овардааст. Аз ҷумла дар бораи сифатҳои олимон гуфтори зерини Саҳл ибни Абдуллоҳи Тӯстарӣ ёдрас гардидааст: «Уламо се қавманд: олим аст ба илми зоҳир, илми хеш бо аҳли зоҳир мегӯяд ва олим аст ба илми ботин, ки илми хешро бо аҳли ӯ мегӯяд ва олиме аст, ки илми ӯ миёни ӯ ва миёни Худой аст, онро бо ҳеҷ кас натвонад гуфт».
Абулҳасани Харақонӣ гуфтааст: «Олим он олим бувад, ки ба хештан олим бувад. Олим набувад он, ки ба илм олим бувад».
Абӯусмони Ҳирӣ фармудааст: «Азизтарин чизе ба рӯи замин се чиз аст: Олиме, ки сухани ӯ аз илми худ бувад ва муриде, ки ӯро тамаъ набувад ва орифе, ки сифати Ҳақ кунад бе кайфият».
Мо -мардуми соҳибфарҳанг аз он ифтихор дорем, ки дар миёни олимони тоҷик сарсупурдагони ҳақиқиву мардони риёзаткашу фидоӣ дар ҷодаҳои пажӯҳиши илмҳои гуногун басо зиёданд. Аз рафтору кирдори ҳаррӯзаи онҳо эҳсос мешавад, ки қисмат онҳоро барои хидмат ба илм ва шинохти рӯзгори омӯзандаи чеҳраҳои барҷастаи таърихи гузаштаву имрӯз офаридааст.
Номи Усмонҷон Fаффоровро метавон дар сархати чунин олимон навишт, ки ҳамарӯза барои тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, муаррифии шоирону нависандагон, олимон, сиёсатмадорон, ходимони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши муассир мегузорад. Аз ин рӯ, дар оғози ин навишта сафҳагардонии зиндагиномаи ибратбахши ин олимро амри муҳим мешуморем.
Усмонҷон Fаффоров 30 январи соли 1945 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, дар хонадони маорифпарвари номдор, инсони шариф – Абдуғаффор Ҳасанов ба дунё омадааст.
Адабиётшиноси тоҷик Баҳром Мирсаидов дар мақолааш «Вориси арзандаи падар» доир ба фаъолияти олимаи шарқшинос, бародарзодаи Усмонҷон Fаффоров, профессор Умедахон Fаффорова сифатҳои падарбузурги ин хонадонро чунин зикр намудааст: «Ҷадди бузургворашон Абдуғаффор Ҳасанов ба унвони марди равшанфикру маорифпарвар дар рушду равнақи фарҳангу маънавиёти Тоҷикистон дар даҳсолаҳои аввали садаи ХХ нақши шоиста доранд. Ин шахсияти мӯътабар бо тамоми шоирону нависандагон ва ходимони адабпарвару санъатдӯсти ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистони шӯравӣ робитаҳои хуб дошта, ҳар гаҳи ба шаҳри Хуҷанд ва деҳкадаи Хистеварз омадани онҳо маҳфилҳои шеъру сухан созмон медод ва мардуми одиро бо пешоҳангони фарҳангу тамаддуни замони хеш ошно месохт».
Усмонҷон Fаффоров маҳз дар чунин муҳити хуби маърифатӣ ба воя расида, баъди итмоми мактаби миёна соли 1962 ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешавад. Баъди итмоми донишгоҳ ҳамчун дастпарвари беҳтарин дар кафедраи таърихи халқи тоҷик ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ шурӯъ мекунад. Солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ҳамчун муаллими кафедраи таърих машғули тадрис бо шогирдон мегардад. Муҳаббати илм ва шавқу рағбат ба ҷустуҷӯҳои тоза ӯро дигарбора ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин овард. Ин буд, ки Усмонҷон Fаффоров солҳои 1972-1975 дар аспирантураи ин муассисаи олии таълимӣ ба таҳсил пардохта, соли 1976 дараҷаи илмии номзади илмҳои таърихро ба даст меоварад.
Ҳамин гуна, фаъолияти пурвусъати номбурда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров тадовум ёфта, соли 1997 аз рӯи натиҷаҳои хуби фаъолияти илмӣ ба ӯ унвони профессорӣ дода мешавад. Таърихшинос У.Fаффоров дар ин боргоҳи илму маърифат дар вазифаҳои гуногун, чун дотсент, мудири кафедра ва декани факултет барои тарбияи мутахассисони арзандаи таърихпажӯҳишӣ хидматҳои шоиста намудааст.
Усмонҷон Fаффоров Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи илмии ба номи академик Б.Fафуров ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ профессор Усмонҷон Fаффоров барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии халқ, таҳияву танзими қонунҳои судманд борҳо тавассути раъйи мардум маснади вакилиро дар ҳавзаи интихоботии гуногун ба даст овардааст. Аз ҷумла ӯ соли 2000-ум вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб гардида, солҳои 2001- 2005 ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2010 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Номбурда дар 245 конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ бо маърӯзаву гузоришоти гуногун ширкат ва суханронӣ кардааст. Олим У.Ғаффоров дар муҳимтарин ҳамоишҳои марказҳои кишварҳои бонуфузи олам, чун Москва, Санкт-Петербург, Киев, Пекин, Мадина, Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Тошканд, Твер таърихи халқи тоҷикро муаррифӣ намудааст. Ба ин донишманди тоҷик насиб гардидааст, ки моҳи июли соли 1999 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар конференсияи гиромидошти академик Бобоҷон Fафуров, ки ба ифтихори 90-солагии ӯ баргузор шуда буд, ширкат ва суханронӣ намояд.
То имрӯз 63 китобу рисола, 160 мақолаи тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва зиёда аз 700 мақолаи илмиву оммавии Усмонҷон Fаффоров дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ интишор гардидаанд.
Дар илми таърихнигории тоҷик баробари У.Fаффоров кам нафареро метавон пайдо кард, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти илмиву сиёсии академик Б.Fафуров машғул гардида бошад. Ин муҳаққиқ барои нишон додани тамоми ҷанбаҳои мактаби илмиву сиёсии бунёдгузори таърихнависии навини тоҷикон аллома Бобоҷон Fафуров монографияҳои арзишманди хеш «Равшангари таърих» (соли 1990), «Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат» (соли 1996), «Алломаи замон» (соли 1998)-ро ба табъ расонидааст.
Дар ҳамин радиф профессор У.Fаффоров роҳҳои нишебу фарози таърихи муосири тоҷиконро тавассути китобҳо оид ба нақши бузургони арсаи сиёсат, амсоли «Турсун Ӯлҷабоев» (соли 1999), «Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев» (соли 2001), «Абдулаҳад Қаҳҳоров» (соли 2009), «Сайдулло Хайруллоев» (соли 2012), «Карим Абдулов» (соли 2014) таҳлилу баррасӣ намудааст.
Муҳаққиқ У.Fаффоров дар «Нобиғаи айём» (соли 2000) – китоб оид ба собиқ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ, «Академик Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ» (соли 2000) – рисола дар бораи яке поягузорони мактабҳои бузурги илмӣ дар Осиёи Марказӣ Қорӣ Ниёзӣ Тошмуҳаммадов, «Асосгузори саратоншиносии тоҷик» (соли 2002) – китоб дар бораи доктори илмҳои тиб, профессор Бахтиёр Аҳмадов ва чанд асарҳои дигари худ ҷодаҳои камолоти маънавии на танҳо олимон, балки рушду нумӯи илми тоҷик, заминаҳои таъсиси ҳавзаҳои тадқиқотӣ, таъсиси марказҳои пажӯҳишотӣ ва маҷмӯан манзараи такомули фазои маърифатии Тоҷикистонро бозтоб медиҳад.
Таърихшинос У.Fаффоров перомуни зиндагӣ ва мероси Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» устод Лоиқ Шералӣ се рисола- «Султони диёри сухан» (соли 2001), «Шаҳбози осмони сухан» (соли 2007), «Лоиқ Шералӣ» (соли 2012)-ро таълиф намудааст, ки марҳилаҳои ҷустуҷӯҳои пайваставу манфиатбахши муаллифро нисбати ин суханвари маъруф ифода мекунанд.
Китоби «Дурдона ва дарё» иродатномаи профессор У.Fаффоров ба Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мебошад, ки чун армуғон дар ҷашни нимасраи ин суханвар ба табъ расид.
Профессор У.Fаффоров аз мубаллиғони сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагиву ҳамдилии тамоми сокинони мамлакат аст. Аз ин рӯ, вай тавассути китобҳои «Иҷлосияи наҷотбахши миллат» (соли 2007) ва «Иҷлосияи муждарасони наҷот» (соли 2012) аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо асноди қотеъ баррасӣ намудааст. Ӯ ба насли имрӯз ва пасовандон дастур медиҳад, ки ба қадри ҳикмати ин иҷлосия ва мактаби сулҳофаронаи Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бирасанд, қимату баҳои ваҳдати тоҷиконро гиромӣ доранд.
Мо тавассути китобҳои «Падарам – тоҷи сарам» (соли 2006), «Хистеварз» (соли 2009), «Кишваршиноси асили Хистеварз» (соли 2011), «Ахтарони беғуруб» (соли 2014), «Генерал Темурҷон Раҳимбоев» (соли 2014), «Ҳодӣ Кенҷаев» (соли 2014) ва дигар таълифоти ин муаррих бо ҳодисаву воқеаҳои таърихи гузаштаи наздик ва имрӯзи Тоҷикистон ошно мегардем. Дар ин асарҳо муаллиф ба василаи умри пандомӯзи инсонҳои машҳур одобу рафтори тоҷикона, риояи ҳаққи устодону пешвоёни илму маърифат, муҳаббату садоқат, меҳнати софдилона, шуҷоату матонат, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ, ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва фазилатҳои шоистаи башариро талқин менамояд.
Қабл аз он ки ин мақола иншо гардад, нависандаи ин сатрҳо бо устод Усмонҷон Fаффоров дар манзилашон суҳбат доштам. Эҳсос мекардам, ки эшон ҳангоми гуфтугӯ доир ба масъалаҳои таърих, ҳодисаву лаҳзаҳои зиндагии бузургони таъриху миллат, сарнавишти ҳаммиллатон дар марҳилаҳои сарнавиштсоз, инчунин аз ёдкарди дӯстиву рафоқат, меҳмониву сафар ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла рустои Урметани водии Зарафшон ба ваҷд меомаданд. Гуфтанд, ки бо муаллимони соҳибтаҷрибаву обрӯманди дабистони деҳа, муаррихон Мирзоолиму Мирзонаим Набиевҳо пайванди устувори дӯстиву бародарӣ доранд.Солҳои тӯлонӣ ба шодравон устодон- Шамсиддин Қулов ва Саноқул Шарифов ихлосу иродати афзун зоҳир мекарданд.
Устод Усмонҷон Fаффоров аз он шодмон буд, ки нури чашмаш Нуъмонҷон Fаффоров рисолаи доктории хешро дифоъ намудаасту ҳамроҳи ӯ дар боз кардани нуктаҳои душвори илми таърих мададгор аст. Хонадону пайвандонаш дар пайравии аҷдоди бошараф барои бунёди илми тоҷик саҳмгузорӣ мекунанд ва ҳастии хешро бо китобу дониш вобаста медонанд.
Умеворем, ки ин муҳаққиқи барҷастаи тоҷик дар марҳилаҳои минбаъдаи умри бобаракати хеш барои пешрафти илми таърихнигории тоҷик нақши муассир гузошта, китобу монографияҳои арзишманди нав ба навро ба мухлисон ва шогирдону дӯстдорони илм ҳадя месозад.
Ҳафизмурод МИРЗОЁРОВ, Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, ноҳияи Айнӣ