Аз нишастҳои матбуотӣ

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Эҳёи анъанаи азбайнрафта баъд аз 30 сол

–Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, 75 сол аст, ки рисолати тарбия ва тайёр намудани табибони  олидараҷаро бар дӯш дорад. Тӯли фаъолияти худ донишгоҳ зиёда аз 37 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаро тайёр намудааст, ки онҳо ҳам дар Ватани азизамон ва ҳам дар хориҷи кишвар сарбаландона фаъолият менамоянд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбон.

Соли 2014 шумораи донишҷӯён 7793 нафар, магистрҳо, ординаторҳои клиникӣ, интернатураҳо 696 нафар, шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ 683 нафар, унвонҷӯён ва аспиранту докторантҳо 207 нафарро ташкил дода, дар маҷмӯъ, 9379 нафар муҳассилин ба таҳсил фарогир буданд.

Иттилоъ гирифтем, ки шумораи омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 1156 нафар иборат буда, 630 нафари онҳоро ҳайати профессорону омӯзгорон ва 123 нафарро ҳамкорон ташкил медиҳанд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон 48,4 сол буда, дараҷаи илмии ҳайати профессорону омӯзгорон 49 фоизро ташкил медиҳад.

Донишгоҳ дорои панҷ факултет ва 61 кафедра буда, теъдоди бештари донишҷӯёни донишгоҳро муҳассилини факултети тиббӣ ташкил медиҳанд.

Соли сипаригашта бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълим бо бунёд кардани толору дарсхонаҳои нав масоҳати биноҳои таълимӣ низ васеъ гардид. Аз ҷумла сохтмони бинои сеошёна барои толорҳои лексионӣ, ки корҳои сохтмонии он соли 2013 оғоз гардида буд, ба анҷом расид. Масоҳати  умумии   бино аз  1998 метри мураббаъ иборат буда, дар ҳафт толори  лексионӣ 920 ҷойи нишаст фароҳам гардидааст. Инчунин дар бино барои дафтарҳои кори деканати факултети тиббӣ ва Маркази ягонаи тестӣ шароитҳои мусоид муҳайё карда шуд. Маблағи умумии сохтмони бино 5,6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки баъди 30 сол бори аввал донишгоҳ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ имконият пайдо кард, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ бунёди иншооти нави таълимиро ба нақша гирифта, амалӣ намояд.

Дар маҷмӯъ, дар соли 2014 маблағгузорӣ барои корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дохилӣ ва хайриявӣ 5,3 миллион сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот 3,1 миллион сомониро ташкил дод.

Муътақид гардидем, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва барои боз ҳам боло бурдани нишондиҳандаҳои раванди дарсомӯзии донишҷӯён аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда таври самарабахш истифода  бурда истодаанд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»  

Хатлон: пешравиҳо назаррасанд

Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ  дар Кохи ба номи Лоҳутии маркази маъмурии вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, ки дар он муовини якум, муовинон, кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти қудратии вилоят иштирок намуданд.

Раиси  вилоят дар гузориши мухтасари худ иброз намуд, ки дар соли  2014 иҷрои қисми даромади буҷети тасдиқшуда 113 фоиз ва бо дарназардошти буҷети иловагӣ 106 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 650,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 35 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2013-ум 169 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра  ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо як миллиарду 107 миллион сомонӣ равона гардид, ки аз он 85 фоизаш ба соҳаи иҷтимоӣ рост меояд.

Соли 2014 дар вилоят 80369 ҷойи нав ва барқароргардидаи корӣ таъсис дода шуд. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба 618 сомонӣ  расид, ки дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли 2014-ум 129 сомонӣ зиёд аст. Дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ ва аз ҳисоби корҳои иҷрогардида 398,2 миллион доллари ИМА аз худ карда шуд. Барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 18.5 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид. Натиҷаи ҳамин аст, ки бо кӯшиши соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳо 453 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ  бунёд гардид.

Корхонаҳои саноатӣ  дар соли сипаригардида ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки  нисбати як соли пеш 495,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад, яъне суръати афзоиш 116 фоиз таъмин шудааст.

Дар баробари дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ раиси вилоят, аз ҷумла зикр намуд, ки  1 декабри соли 2014 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ  ба 11 миллиард сомонӣ расонида шуд. Афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 272 миллион сомониро ташкил дод. Иҷрои нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 105 фоиз таъмин гардид. Масоҳати кишти сабзавоти гуногун нисбати соли 2013-ум 1731 гектар васеъ карда шуд. Раиси вилоят заҳмати пиёзпарварони ноҳияи Қумсангир ва сабзавоткорони ноҳияи Ёвонро, ки дастовардҳои назаррасро соҳиб шудаанд, боиси ибрати дигарон донист. Ҳамчунин зикр гардид, ки имрӯз беш аз 80 фоизи моҳии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад. Алҳол дар вилоят 129  хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд.

Сипас, аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳои зиёде пешниҳод шуданд, ки раиси вилоят ҷавобҳои мушаххас  дод.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, ки дар ниҳояти кор барои пешравии истеҳсолоту рӯзгори мардум мусоидат менамоянд, изҳори миннатдорӣ намуд.

 Давлат Султонов, «Садои мардум»

Пардохтҳои гумрукӣ 204 миллион сомонӣ аз нақша зиёд ҷамъоварӣ шуданд

Аз гузориши манзурнамудаи муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов аён гардид, ки Хадамоти фавқуззикр тӯли соли 2014  дар самтҳои асосии фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Тибқи нишондиҳандаҳои омори  гумрукӣ, ҳаҷми умумии  гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 5 миллиарду 319 миллион доллари  ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 маблағи 314 миллион  доллар ё ба андозаи 6,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳиссаи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ воридот 4 миллиарду 340 миллион доллар ва содирот 979 миллион долларро ташкил медиҳад.

Давоми соли гузашта ба кишвар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 580 ҳазор тонна ба маблағи 508 миллион доллар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 218 ҳазор тонна ё ин ки 129 миллион доллар бештар аст. Дар воридот ҳамчунин воситаҳои нақлиёт (6 фоиз), оксиди алюминий (3 фоиз), гази моеъ (4 фоиз) ҳиссаи бештар  доштанд. Дар содирот мавқеи асосиро алюминий ва маҳсулоти он (24 фоиз),  нахи пахта (14 фоиз) ва меваю сабзавот (4 фоиз) ишғол намудаанд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад, 4 миллиарду 3,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи муайяншуда 203,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Пардохтҳои гумрукии соли гузашта рӯёнидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 788,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта мақомоти гумрук 5356 ҳолати қонуншикании гумрукиро ошкор намуданд, ки аз онҳо 47- тоаш ҷиноят мебошад. Дар натиҷаи баррасии 5309 парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ бошад, 5128 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба маблағи 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин ба маблағи 65 миллиону 956 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида, ба маблағи 137713 сомонӣ мол мусодира гардид.

Дар идомаи нишаст Неъмат Раҳматов ва дигар  роҳбарону мутасаддиён ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои қаноатбахш доданд.

 Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

6337 парванда ва дархосту пешниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт

–Дар марҳилаҳои гуногуни судӣ 6337 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки аз 46 парвандаи ҷиноятии баррасишуда 43-тои он нисбати 81 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ анҷом ёфта, пешбурди як адад парванда нисбати ду шахс бинобар фавти судшавандаҳо ва ду парванда нисбати ду нафар бинобар аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаҳои давлатӣ қатъ гардиданд, — зикр намуд раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ.

Аз 81 нафар айбдоршаванда 68 нафараш ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ гирифтанд. Даҳ нафар ҷарима, як нафар ба корҳои ислоҳӣ ҷалб, як нафар бинобар сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд. Ба як нафари дигар ҷазо шартан татбиқ нагашт.

Ҳамзамон ҳашт дархости прокурору муфаттишон оид ба интихоби чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан, дароз намудани муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан, кофтукови утоқи корӣ, манзили истиқоматӣ, ҳашт дархости иҷрочиёни суд оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ва дароз намудани муҳлати пардохти ҷарима баррасӣ шуданд.

Аз ҷониби коллегияҳои судӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ 299 парвандаи ҷиноятӣ, 248 гражданӣ, 205 оилавӣ ва ҳафт ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин муддат баррасии 18 эътироз ва шикоятҳои хусусӣ аз болои қарорҳои судҳои ҷумҳурӣ оид ба додани иҷозат барои интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан таъмин гардид. Раёсати Суди Олӣ ҳамчун суди марҳилаи назоратӣ баррасии парвандаҳоро аз рӯи 32 эътироз ва шикоятҳои назоратӣ таъмин кард. Бинобар риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва муқаррароти қонун зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ 53 таъиноти хусусӣ қабул ва барои чораҷӯйӣ ба мақомоти марбута фиристонида шуд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Синну соли олимону омӯзгорон ҷавон мешавад

–Имрӯз теъдоди донишҷӯёне, ки дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил доранд, ба 21478 нафар мерасад,- гуфт зимни ифтитоҳи нишасти матбуотӣ муовини ректор оид ба таълим Абдусалом Миралиев.

Зикр гардид, ки ҳамасола дар 17 факултети донишгоҳ бо 93 ихтисос мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода мешаванд.

Дар 111 кафедраҳои донишгоҳ 1225 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд ва  раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки тадриҷан синну соли олимону омӯзгоронро ҷавон намояд. Чор-панҷ сол муқаддам синну соли олимону омӯзгорон дар донишгоҳ ба 70 сол мерасид, ҳоло бошад, синни номзадони илм дар донишгоҳ 41 ва докторони илм 59 солро ташкил медиҳад.

Соли сипаригашта донишгоҳ бо 23 муассисаи олии касбӣ ва маркази илмии кишварҳои хориҷӣ тариқи бастани қарордоду тафоҳумномаҳо робитаи ҳамкорӣ барқарор намуд, ки ин нисбат ба соли 2013 ду маротиба зиёдтар мебошад.

Дар доираи шартномаҳои байнидонишгоҳӣ тариқи бурсия дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар 12 аспирант таҳсил менамоянд, ки шаш нафари онҳо дар соли сипаригашта фиристода шудаанд.

Ба гуфти мавсуф дар соли хониши 2014-2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси узви Консорсиуми донишгоҳҳои шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил панҷ нафар магистрро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии Новосибирск фиристод. Дар нишаст зикр шуд, ки ҳоло дар донишгоҳ 151 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»

Роғун: барои оилаҳое, ки кӯчонида мешаванд, шароит муҳайё мегардад

–Соли 2014 дар шаҳри Роғун ҷамъи умумии даромадҳо ба ҷойи 52282,1 ҳазор сомонии нақша ба 53 626,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд,- иттилоъ дод дар оғози нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз.- Нақшаи ҳама намудҳои андозу даромадҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 103 фоиз иҷро гардид.

Мавсуф иброз намуд, ки фаъолияти бонкҳо низ ба раванди рушди иқтисодиёт таъсир расонид. Аз тарафи филиалҳои бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолияткунанда соли 2014 ба маблағи 51 288,6 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ иҷро шуд, ки нисбати соли пешин 12344,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси шаҳр зимни таҳлили натиҷаҳои фаъолияти кишоварзон гуфт, ки нақшаи кишти тирамоҳӣ барзиёд иҷро гардид. Дар қаламрави шаҳр бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №683 аз 27 августи соли 2009 «Оид ба тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» давоми чор соли охир дар майдони 324 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд ва 32 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шуд.

Аз гуфтаҳои раиси шаҳр ва маълумотномаи муфассали ба хабарнигорон пешниҳодшуда аён гардид, ки дар соҳаи маориф, фарҳанг ва корҳои ободонӣ низ нишондиҳандаҳо назаррасанд.

Зимни саволу ҷавобҳо масъалаи кӯчонидани сокинони минтақаҳои зериобмемондаи минтақаи сохтмони НБО-и «Роғун» низ мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор дошт. Иттилоъ дода шуд, ки  ҳашт деҳаи деҳоти «Сичароғ» ҳамчун деҳаҳои зериобмемонда эътироф гардидааст. Шумораи муҳоҷирони минтақаи зикршуда 438 оиларо ташкил медиҳанд. Аз онҳо то ба имрӯз 73 оила ба деҳаи Тойчии шаҳри Турсунзода кӯчонида шуданд. Барои кӯчонидани оилаҳои боқимонда дар деҳаҳои Сайидони боло ва Луғури деҳоти «Сичароғ», заминҳои Ёли гармобаи деҳоти «Қади об» қитъаҳои замин пешбинӣ гардидаанд. Дар ин мавзеъҳо кашидани хати оби нӯшокӣ ва полезӣ, интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои дохилихоҷагӣ ва дигар иншоот марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Нишондиҳандаҳо аз фаъолияти пурмаҳсул шаҳодат медиҳанд

–Бо мақсади татбиқи вазифаҳои стратегии мамлакат дар самти таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, қоидаҳои метрологӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон соли 2014 Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонид,- зикр шуд дар  суханронии ифтитоҳии директори он Бахтиёр Шукурзода.

Дар раванди нишасти матбуотӣ маълум гардид, ки соли 2014 дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентӣ 129,353 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 154,38 тонна равғани растанӣ, 9,84 тонна маҳсулоти макаронӣ, 321,5 тонна орд, 15725,8 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 27691,8 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 7,74 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 183,77 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 12,3 тонна иловагиҳои хӯрока, 2,029 тонна маҳсулоти ширӣ, 15,381 тонна консерваҳо, 136,26 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, аз нав коркард ва ё нобуд карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, давоми соли гузашта ба миқдори 1147 тонна маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнок дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, нисбати онҳо чораҳо андешида шуд.

Дар раванди саволу ҷавоб иттилоъ гирифтем, ки давоми соли 2014 дар озмоишгоҳҳои метрологии «Тоҷикстандарт» 306793 адад воситаҳои ченак аз санҷиши мутобиқат гузаштанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49392 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 199963 ададашро воситаҳои ченаки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворӣ, энергетикӣ истифодашаванда ташкил медиҳанд. Аз ҷумла давоми соли сипаригардида 120583 адад ҳисобкунаки барқӣ, 75630 адад ҳисобкунакҳои обӣ ва 2348 адад сутунҳои тақсимоти сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъ, автосистернаҳо, зарфҳои нигаҳдории сӯзишоврӣ (резервуарҳо) ва ғайраҳо аз санҷиши мутобиқат гузаштанд.

 Д. МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Дар Хатлон 14 мактаб ба биноҳои замонавӣ мекӯчанд

Сенздаҳуми январи соли равон нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) баргузор гардид.

Директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки марҳилаи сеюми татбиқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ»  аз якуми июни соли 2014 бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар вилояти Хатлон шурӯъ шуда, то якуми июни соли 2017 давом мекунад.

Марҳилаи сеюми барномаи мазкур 14 шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Кӯлоб, Сарбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Вахш, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод ва Муъминободро дар бар мегирад. Дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа тавассути маблағгузорӣ иваз кардани 14 бинои фарсудаи корношоями мактаб ба биноҳои  нави аз ҷиҳати хароҷоти энергия ва истифодабарӣ ба мақсад мувофиқ пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 9,18 миллион долари ИМА буда, аз он 8,04 миллион доллари ИМА гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия, 1,04 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,10 миллион доллари ИМА ҳиссаи аҳолӣ мебошанд.

Бино ба гуфти номбурда, айни ҳол як лоиҳа дар марҳилаи иҷро, як лоиҳа дар арафаи озмун барои иҷро, се лоиҳа дар баррасии экспертизаи давлатӣ ва нуҳ лоиҳа дар марҳилаи омода намудани ҳуҷҷатҳо барои лоиҳакаш қарор доранд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»

Академия: наҷоти миллат дар илм аст

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни баргузории нишасти матбуотӣ падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, экстремизми динӣ, терроризмро маҳкум намуд. Ӯ  зикр кард, ки тамоми олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки бо тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва нишон додани паёмадҳои гаравиш ба ин ҳаракатҳо дар рафъи ин падидаҳои номатлуб саҳми хешро гузоранд. Мавсуф муътақид аст, ки наҷоти миллат дар илму дониш ва рушди тафаккури техникии мардум аст.

-Имрӯз мо тавассути ҳуруфи кириллӣ ба тамоми базаи илмии ҷаҳонӣ пайваст ҳастем. Яъне, маҳз ин ҳуруф ба мо имконият медиҳад, ки аз захираи илмии ҷаҳонӣ бархӯрдор бошем, — иброз дошт Ф. Раҳимӣ.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2014-ум бо қарори Ассосиатсияи байналмилалии астрофизикони ҷаҳон барои хизматҳои шоён ва омӯзиши сели метеоритҳои наздизаминӣ як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба номи яке аз олимаҳои машҳури тоҷик, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Қоҳирова гузошта шуд. Ин як муваффақияти бузурги илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонист.

Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки дар соли сипаришуда сайёраи дигари хурди системаи офтобӣ бо номи «Тоҷикистон»  кашф шуд, ки дастоварди дигари арзишманд барои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

 Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Қоидаҳои бехатарии саноатӣ бояд риоя шаванд

Нишасти навбатии матбуотӣ дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори он Саломзода Сиҷоуддин, муовинон, роҳбарони сохторҳои Хадамот ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Роҷеъ ба фаъолияти Хадамот дар соли 2014 Саломзода Сиҷоуддин, аз ҷумла зикр кард, ки дар ин давра 1821 корхона ва 12670 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта, дар онҳо аз тарафи ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон 879 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки 94-тои он назорати комплексӣ, 340 ададаш назорати мақсаднок ва 445-тои дигараш назорати фаврӣ мебошад.

Дар соли 2014 аз тарафи Хадамот 265 корхона ва 888 иншоот ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи иҷрои ваколатҳо 910 нишондод бо дарҷи 4167 банд ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин дар ин давра барои ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯй набудани фаъолияташон ва барои надидани чораҳои зарурӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 40 нафар роҳбарони корхонаҳо, аз ҷумла ҶДММ «Шоҳроҳ» (воқеъ дар ноҳияи Ҳисор), ҶДММ «Амон» (воқеъ дар шаҳри Исфара), ҶДММ «Шангдон» (воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ), КВ «Экспедитсияи иктишофӣ-геологии «Моғиён» (воқеъ дар шаҳри Панҷакент) нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолият пешкаш гардид.

Аз тарафи нозироти Хадамот дар соли гузашта 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта, нисбати онҳо таҳқиқоти махсуси техникӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони идора нисбати шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ тибқи боби 10, моддаҳои 165, 170, 172, 387, 389, 390 ва боби 24 моддаҳои 405-406-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида, ба маблағи 104640 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки масъулини ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой», филиали ҶСШП «Умрон-Морун», ҶСП «Обшорон», ҶМ ТК ММ «Апрелевка», ҶДММ «Пакрут», КФ КА «Зиддӣ» аз ҳамон ҷумлаанд.

 М. Худойназаров, «Садои мардум»

ТВС: барномаҳои тарбиявӣ бештар таҳия мешаванд

–Соли 2014-ум ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо пешниҳоди сенарияҳо наздики 13 новеллаҳои кӯтоҳи телевизиониро бо нақшофарии ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ таҳия намуда, манзури тамошобинон гардониданд, ки ҷанбаи тарбиявӣ доштанд,- изҳор дошт директори ин муассиса Лутфулло Давлатов дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, масъулони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ният доранд соли ҷорӣ боз чунин саҳнаҳои телевизиониро аз ҳаёти ноболиғону ҷавонон бо паҳлуҳои тарбиявиаш бештар омода намоянд.

Соли равон кормандони бахши таҳияи филмҳои идораи муассисаи мазкур тасмим гирифтанд, ки зиёдтар филмҳои наздик ба расму русуми тоҷикона мувофиқ ва ҷанбаи ахлоқиву тарбиявидоштаро интихоб намуда, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дубляж намоянд.

Дар нишаст зикр шуд, ки ҳайати эҷодии ин шабакаи телевизионӣ дар як моҳ ба забони тоҷикӣ ду филми калонҳаҷми бадеӣ ва шаш филми мустанадро метавонанд дубляж намоянд. Соли равон бо ташкили гурӯҳи дуюми ҳайати эҷодӣ дар идораи бахши таҳияи филмҳои ин Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» имкони як баробар зиёд омода намудани новеллаву филмҳо фароҳам омад.

 Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»

Ҳифзи муҳити зист рисолати тамоми аҳли ҷомеа аст

Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло аз ҳамкориҳои воситаҳои ахбори омма ҷиҳати инъикоси масоили экологӣ  миннатдорӣ карда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам пурмаҳсултар даъват кард. Сипас, мавсуф роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти кумита дар соли 2014  таври мушаххас иттилоъ дода, таъкид кард, ки татбиқи сиёсати экологӣ дар мамлакат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад ва дар ин кор бояд тамоми аҳли ҷомеа саҳмгузор бошанд. Соли 2014 барои таъмини иҷрои Стратегия ва Барномаҳои давлатию соҳавӣ , таъмини амнияти экологии аҳолӣ, ҳифзу оқилона истифода бурдани табиат, назорати меъёрҳои экологӣ кумита корҳои назаррасро ба анҷом расонид.  Давоми соли гузашта 22244  санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида, ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 37250 адад пешниҳоди иҷрояшон ҳатмӣ дода шуд.

Кумита бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тадбирҳои зиёде амалӣ мегардонад. Аз ҷумла соли гузашта низ амалиёти умумиҷумҳуриявии ҳармоҳаи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида, барои журналистону мактабиён озмунҳо эълон карда, ғолибонро ҳавасманд гардонид. Мутахассисони кумита мунтазам тавассути радио ва телевизион баромадҳо карда, дар ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон дар нашрияҳо оид ба масоили мубрами экологӣ мавод ба нашр мерасонанд.

Саволҳои сершумори хабарнигорон гувоҳи он буд, ки онҳо низ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ бетафовут нестанд ва мехоҳанд ҳар чӣ бештар дар таъмини ҳифзи муҳити зист ҳисса гузоранд.

 К. Бурҳониддин, «Садои мардум»