Вагарна ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ибораи «Ислом ба зоти худ надорад айбе» камтаваҷҷуҳ шуда, муътақид мегардад, ки «мусалмонон фоқамасту ҷандапӯш» ва ифротианд
Ҳар субҳ рӯзи худро бо азназаргузаронии сомонаҳои хабарӣ дар Шабакаи умумиҷаҳонии интернет шурӯъ менамоям. Бароям хеле шигифтовар аст, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусалмонӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифта, рӯзе нест, ки ба ин иттилои нав илова нашавад. Муътақидам, ки чунин ҳолат на танҳо банда, балки тамоми мусалмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қуввату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Боиси нигаронӣ ва таассуфи ҳар фарди мусалмон бояд бошад, ки аксари ҳолат ба «осиёб» — и чунин давлатҳову гурӯҳҳо маҳз кишварҳои мусалмонӣ «об рехта истодаанд». Барои мисол, дар нооромиҳои Ливия, Миср, Сурия ва таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ, ба мисли Давлати исломии Ироқу Шом маблағгузории як қатор давлатҳои арабӣ «нақши муассир» дорад. Кор ҳатто то ҷое расидааст, ки давлатҳои исломӣ дар раванди ҷангҳои аз ҷониби давлатҳои ғарбӣ дар кишварҳои мусалмоннишин «амалигардида» нақши маблағгузорро иҷро намуданд.
Воқеоти чанд вақти охир, хоса моҳҳои декабри соли гузашта ва январи соли равон аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсикунӣ ва ба терроризм рабти бевосита додани Ислом ба Аврупо «кӯч баста», ба як маъракаи густурда табдил ёфтааст. Моҳи декабри соли гузашта дар Канада бо ҷурми он ки ин кишвар дар амалиёт зидди Давлати исломии Ироқу Шом иштирок дорад, аз ҷониби фарди мусалмон амали террористӣ сурат гирифт. Сипас, дар шаҳри Сидней мусалмони эронитабор 30 нафарро гаравгон гирифта, боиси ҳалокати шахсони бегуноҳ гашт ва худ низ кушта шуд. Амали террористие, ки дар шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби мусалмонон нисбати мусалмонон сурат гирифта, боиси марги даҳҳо тифли маъсуму бегуноҳ гардид, ҷомеаи ҷаҳониро ба даҳшат овард.
Вале амали террористие, ки дар шаҳри Парижи Франсия ба вуқӯъ пайваст, таври бесобиқа ҳисси нафрату бадбинии ҷомеаи Аврупоро нисбати мусалмонон таҳрик бахшид. Ёдовар мешавем, ки зуҳри ҳафтуми январи соли равон як гурӯҳи мусаллаҳ ба дафтари кории маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» (Charlie Hebdo) дар шаҳри Париж ҳамла карда, дар пайи он даҳ нафар журналист, аз ҷумла Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла ва Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд. Дар ин ҳодиса инчунин ду корманди пулис низ ба ҳалокат расиданд. Гуфтан бамаврид аст, ки моҳи ноябри соли 2011 ин нашрия тасвирҳои танзомези ба Паёмбари мусалмонон Ҳазрати Муҳаммад (с) рабтдоштаро нашр карда, бо вокуниши шадиди ҷомеаи мусулмонӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва ба иттилои расонаҳои ғарбӣ, он замон идораи маҷалла мавриди ҳамла низ қарор гирифта буд. Ҷиҳати дастгир намудани террористон 88000 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиш сафарбар шуда, барои боздошти гумонбарони ҳамла дар шимолу шарқи Париж амалиёт гузаронида шуд. Дар натиҷаи амалиёти фавқуззикр гунаҳкорони асосӣ — Шариф Куайшии 32-сола ва бародари ӯ — Сайиди 34-сола кушта шуданд.
Банда низ ба ҳайси як нафари мусалмон ҳама гуна беҳурматӣ нисбати муқаддасоти ин дини пок, аз ҷумла нашри тасвирҳои танзомези ҳазрати Муҳаммад (с)-ро шадидан маҳкум намуда, истифодаи воситаҳои ахбори оммаро бо чунин мақсад қабул надорам. Вале амале, ки террористони «исломгаро» дар дили Аврупо анҷом доданд, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад посухи сазовор ба иқдоми зикршуда бошад. Дар ҷаҳони муосир дар дилхоҳ кишвари олам қонунгузории мукаммал, ки тариқи он метавон ин ё он нафар ва ё давлату ташкилоти алоҳидаро ба ҷавобгарӣ кашид, мавҷуд аст. Танҳо мебояд аз онҳо самаранок истифода бурд.
Аз ҷониби дигар, тибқи иттилои охир, ҳадафи террористон аз ин амал на ситонидани қасос барои нашри тасвирҳои танзомези Ҳазрати Муҳаммад (с), балки чопи карикатураҳои яке аз роҳбарони Давлати исломии Ироқу Шом дар саҳифаи фейсбукии маҷалла маҳсуб меёбад. Ин амал мавҷи ҳамоишҳои зидди мусалмононро дар кишварҳои Аврупо ба бор оварда, ҳатто бархе аз журналистону сиёсатмадорони Франсия пешниҳод намуданд, ки мусалмононе, ки дар ин кишвар иқомат доранд, фавран ихроҷ (депорт) карда шаванд. Яъне, амалкарди чунин ба ном мусалмонони «асил», ки зери ниқоби дини мубини Ислом амалҳои террористӣ содир намуданд, барои мусалмонони олам «хизмати хирсона» аст, на чизи дигар…
Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати аъзами нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табадуллоте, ки давоми чанд соли охир дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусалмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Агар амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз кишварҳои мусалмонӣ ва ашхоси пайрави дини Ислом мебошанд. Мебояд сари он ҷиддӣ андешем, ки чаро чунин аст? Дар навбати аввал зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна шудааст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз кишвар тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯйи манфиатҳояшонро гирифтаанд, ба қавли Аллома Иқбол бобати он, ки «мусалмон фоқамасту ҷандапӯш аст» муътақиданд ва аз ин омил таври густурда истифода намуда истодаанд.
Сониян, имрӯзҳо ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар кишварҳои мусалмоннишин миёни аҳли тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифтааст, таври шадид ҷараён дорад. Чунин ҳолат «табъи дил»-и манфиатбардорон буда, дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини Ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода шуда истодааст. Ахиран, мо бояд дарк намоем, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Агар мардум ин омилҳоро мадди назар дошта бошанд, он гоҳ амнияти давлату миллат низ халалнопазир аст.
Мо мусалмононро мебояд аз рӯйдодҳои охир хулосаи зарурӣ барорем, сатҳи худшиносиамонро такмил диҳем, ба сиёсӣ намудани Исломи ноб хотима бахшем ва дар амал собит намоем, ки:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.
Далер Мерганов, «Садои мардум»