50 хушсалиқаи шаҳри Душанбе муайян мешаванд
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Радиои «Ватан» дар бинои КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба озмуни «50 хушсалиқаи шаҳри Душанбе» мизи мудаввар доир намуд. Дар он намояндагон аз ширкатҳои «Мегафон- Тоҷикистон», «Лото-Спорт», «Тоҷи заррин» ва намояндаи меҳмонхонаи «Hyatt regency Dushanbe» ширкат намуда, фикру андешаҳои худро оид ба зарурати гузаронидани ин озмун баён намуданд. Зикр бояд кард, ки озмуни мазкур маротибаи чорум аст, ки гузаронида мешавад. Маросими тантанавии супоридани мукофот ба 50 хушсалиқаи шаҳри Душанбе рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи « Hyatt regency Dushanbe» баргузор мегардад.
Соҳибкорон дар таъмиру барқарорсозии роҳҳо фаъоланд
ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Тибқи иттилои сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Рустам Валиев, давоми соли 2014 аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 385 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияташон гуногун таъмиру тармим шудааст, ки маблағи умумии онҳо 3 миллиону 158 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Аз ин ҳисоб 136 километри он ба соҳибкорону афроди саховатманди ноҳияи Ховалинг ва қисмати боқимонда ба саховатмандони ноҳияҳои Фархор, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Балҷувону Кӯлоб рост меояд.
Тадбирҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа, ки талаботи онҳо ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон нигаронида шудааст, ба роҳ монда, давоми соли 2014 фаъолияти 285 корхонаву ташкилотро мавриди санҷиш қарор дода, дар намунаи як зумра маҳсулоти санҷидашуда камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуданд.
-Барои чораандешӣ натиҷаи 99 санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид ва барои нест кардани 27 номгӯйи маҳсулоти ғайристандартии хӯрокворӣ санадҳо тартиб дода шуданд,-гуфт сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҳикматулло Сафаров.
Масъулин баҳри рафъи камбудиҳо муваззаф шуданд
КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ дар суханронии хеш нисбат ба солҳои пешин афзоиш ёфтани шумораи ихтиёриёнро ба хизмати ҳарбӣ таъкид кард.
Аз сардухтури беморхонаи марказӣ Шавкат Ёқубов, сардори Раёсати маорифи шаҳр Фирӯза Юнусова, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони шаҳр тақозо карда шуд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои судбахш андешида шавад.
Сокинон дар ободии маҳал саҳмгузоранд
ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар ноҳия бо мусоид омадани обу ҳавои моҳи январ маъракаи ниҳолшинонии дастаҷамъона оғоз гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, хусусан сокинон ва ҷавонони деҳоти «Варзоб- Қалъа» фаъоланд. Онҳо дар талу теппаҳо наздики 500 бех ниҳолҳои сояафкан шинонида, соҳили дарёи Варзобро аз партовҳо ва роҳҳои мошингардро, ки аз боришоти зиёди борон аз талу теппаҳо сангпораю қуму лой фаромада, рафтуомади нақлиёти дохилӣ ва сокинонро то андозае мушкил карда буд, пурра тоза карданд.
Ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
ҚУБОДИЁН.(Давлат СУЛТОН, «Садои мардум») Дар ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона оғоз ёфт. Мардум барои ин кори муҳим аз ниҳолҳои дар хоҷагии давлатии «Ниҳолпарвар»- и ноҳия парваришёфта истифода мебаранд. Тавре сарвари хоҷагии мазкур Файзулло Саидов иброз намуд, бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисони ниҳолпарвари хоҷагӣ беш аз 30 ҳазор бех ниҳолҳои пайвандии навъҳои беҳтарини зардолу, гелос, бодом, хурмои бедона, олуи сурху сафед ва ғайра омода карда шудааст. Боғдорон барои сифати баланди ниҳолҳои парваришнамудаашон, ки дорои сертификати сифат мебошанд, кафолат медиҳанд.
Вохӯрии судманд дар деҳоти «Поршинев»
ШУҒНОН.(Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум») Ҳафтаи сипаришуда дар деҳаи Кушки деҳоти «Поршинев»-и ноҳия бо як қатор сокинони ин деҳот ва шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба Федератсияи Россия сафар карданро доранд, инчунин афроде, ки барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Ватан баргаштаанд, аз тарафи масъулини бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба тағйиротҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқ, гирифтани патент ва дигар паҳлуҳои ин раванд суҳбати муфассал анҷом дода шуд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.