Мушкилот

Ҳаракати нақлиёт бояд дар доираи қонун сурат гирад

№9 (3310) 20.01.2015

Дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо иштироки раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа, муовинони раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои марбутаи вилоятӣ масъалаи мушкилоти нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуд.

Раиси вилоят нисбати сохторҳое, ки фаъолияташон ба танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбарӣ  дар қаламрави вилоят вобаста аст, эродҳои ҷиддӣ гирифт. Маҳз фаъолияти ғайриқаноатбахши онҳо ҷиҳати сари вақт  бартараф  накардани мушкилот дар алоқамандӣ ба танзими ҳаракати нақлиёт, бахусус нақлиёти мусофиркаш, боис гардид, ки гурӯҳе аз ронандагони нақлиёти мусофирбар, ки дар хатсайрҳои 1 ва 3 -и шаҳри Хоруғ ба мусофиркашонӣ машғуланд, ба унвони раиси вилоят муроҷиат кунанд. Дар муроҷиатномае, ки онҳо ба унвони раиси вилоят ирсол намудаанд, гуфта мешавад, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ заминаи воқеӣ гузошта, ба ин васила барои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд ва тақозо мекунад, ки ин кор дар доираи қонунҳои амалкунанда роҳандозӣ гардад. Аз ҷумла соҳибкороне, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, талаботи қонунро комилан риоя намоянд. Аммо низоми кори бисёр ронандагоне, ки имрӯз дар хатсайрҳои 1 ва 3-и   шаҳри Хоруғ ба мусофиркашонӣ машғуланд, дар доираи ягон қонун намеғунҷад. Дар ин хатсайрҳо рӯзе ба ҷойи 40 мошини «Тангем», ки барои мусофирбарӣ иҷозатнома доранд, аз 100 то 200 мошин бе низоми муайяне ҳаракат мекунанд.  Онҳое, ки  мехоҳанд логатип ё нишонаи 1 ё 3 — ро дар мошинаашон часпонда, дар ин хатсайрҳо ба  мусофиркашонӣ машғул шаванд, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва баъзеҳо ҳатто ҳуҷҷати ронандагӣ надоранд. Идораҳои назоратӣ инро мебинанд, аммо аз он чашм мепӯшанд. Ҳатто мошинҳои мусофирбари наздишаҳрӣ аз субҳ вориди шаҳр гардида, бемалол дар ин хатсайрҳо ҳаракат мекунанд. Қисми зиёди ин ронандагон, чуноне дар боло ишора рафт, на иҷозатнома (литсензия), на  патент, на ҳуҷҷатҳои аз муоинаи техникӣ гузашта доранд. Бисёре аз ронандагон дар кӯчаи марказӣ аз ду тарафи роҳ  соатҳо  мошинаҳояшонро монда, ҳаракати нақлиётро ба мушкилот рӯ ба рӯ месозанд, ки ин боиси нигаронӣ аст.  Имрӯз  дар бозори ҷаҳонӣ нархи нафт то ду баробар поён фаромада бошад ҳам, дар нуқтаҳои бензинфурӯшии вилоят нархи бензин боло рафта, ронандагону мусофиронро  ба  таҳлука андохтааст.                                                                                                                                                             Раиси вилоят ба Хадамоти танзими ҳаракати нақлиёти вилоятӣ, шаҳри Хоруғ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, раёсатҳои андоз, назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, дигар сохторҳои алоқаманд ба танзими ҳаракати нақлиёт супориши қатъӣ дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар давоми даҳ рӯз бартараф намоянд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои автомашинаҳое, ки дар хатсайрҳои 1 ва 3 ҳаракат мекунанд, дар назди  майдони «Дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия» истгоҳ ҷудо карда шавад. Барои мошинҳои мусофирбарие, ки аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, қисми поёнии ноҳияи Шуғнон ба шаҳри Хоруғ ворид мешаванд, дар майдони бозори «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», мошинҳое, ки ба самти Ишкошиму Дарморахт ҳаракат мекунанд, дар назди маркази техникии маҳаллаи Бизмич ва барои нақлиёти мусофирбаре, ки аз ноҳияи Роштқалъа ва водии Ғунд вориди шаҳр мегарданд, дар терминали назди беморхонаи вилоятӣ истгоҳ муқаррар карда шавад. Дастур дода шуд, ки дар ин истгоҳҳо барои мусофирону ронандагон тамоми шароитро муҳайё карда,   ҳуҷҷатҳои  ронандагоне, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд ва минбаъд ба ин кор даст мезананд, то 20 январи соли  равон  ба низом дароварда шавад.

Ба шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ супориш дода шуд, ки  барои танзими нарх дар нуқтаҳои бензинфурӯшӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Ш.  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»