Ҷавонони шаҳри Истаравшан хабари аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо самимона истиқбол карданд.
Бино ба иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Фозилҷон Бобоев зимни баррасии фаъолияти яксола варзишгарон унвонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдории худро баён доштанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Иқдоми навбатии Шумо, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи беандоза доштанатонро нисбат ба варзиш ва варзишгарон собит намуд. Бори дигар исбот намудед, ки Шумо дар ҳақиқат ғамхор ва пуштибони варзишгарон мебошед. Мо -варзишгарони шаҳри бостонии Истаравшан, ҳамеша бо Шумо будем ва хоҳем монд. Ин иқдом моро бори дигар ба заҳматҳои бепоён, талошу муборизаҳо баҳри ба даст овардани ғолибият ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ водор менамояд. Модари тоҷик ҳамеша офаранда ва парварандаи фарзандони бонангу номус, худогоҳу худшинос, миллатпарасту меҳнатдӯст ва билохир, паҳлавонону ғаюрон буд ва боқӣ мемонад.
Мо -варзишгарони шаҳр, ҳеҷ гоҳ ғамхорӣ ва қаҳрамониҳои Шуморо фаромӯш намесозем.
Бори дигар ба Шумо аз номи шаш ҳазор нафар варзишгарони шаҳр арзи миннатдорӣ намуда, баҳратон тансиҳативу хотирҷамъӣ, сарбаландиву умри дарози бобаракат орзумандем.
Мо ҳамеша бо Шумоем ва минбаъд баҳри сарбаландии ин миллат дар миқёси ҷаҳон ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем. Ба Шумо ва сиёсати пешгирифтаатон боварӣ дорем ва ҳамеша ҷонибдорӣ он мебошем».
Дар фарҷоми ҷамъомад, ки бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба варзишгарони беҳтарини сол анҷом пазируфт, бо мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Фозилҷон Бобоев ҳамсуҳбат шудам.
-Соле, ки гузашт, барои ҷавонон ва варзишгарони шаҳр соли хеле бобарор буд, -гуфт ӯ. Дар ин сол варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 281 медал ба даст оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013-ум 13 медал зиёд мебошад.
Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятӣ соҳиби 148 медал, аз онҳо 46 тилло, 50 нуқра ва 52 биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 107 медал, аз онҳо 35 тилло, 20 нуқра ва 52 биринҷӣ, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 23 медал, аз онҳо панҷ тилло, панҷ нуқра, ҳашт биринҷӣ гардиданд.
Мавсуф дар идома афзуд, ки имрӯз мардуми Истаравшани бостонӣ бо номи қаҳрамонҳои худ Акмал Қодиров, Гулноза Ахмедова, Нишона Файзиева, Хусрав Облобердиев, Сарвар Исоқов, Самандар Эрназаров, Зулакбар Султонов, Мурод Тӯйчиев, Кароматулло Шобобоев ва дигар варзишгарон фахр доранд.
Барои мо боиси ифтихор аст, ки дар соли 2014 нахустин духтар аз шаҳри Истаравшан Гулноза Ахмедова аз рӯи намуди таэквандо соҳиби унвони баланди Қаҳрамони ҷаҳон шуд. Акмал Қодиров низ аз рӯи намуди дастхобонӣ соҳиби чунин унвони баланд гардид.
Дастаи футболи «Далерони Ӯротеппа» дар мавсими бозиҳои лигаи олии кишвар хуб баромад намуда, сазовори ҷойи сеюм шуд.
Умедворем, ки дар соли 2015 дастовардҳои аз ин ҳам бештар варзишгарони моро ёр хоҳанд шуд,- гуфт дар фарҷом Фозилҷон Бобоев.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»