Гарчанде дар берун ҳавои сарди зимистон ҳукмрон бошад ҳам, дар гармхонаҳои соҳибкори ёвонӣ Наврӯз Ҷонмаҳмадов аз деҳоти «Даҳана» ҳавои гарму мусоид барои нашъунамои ниҳолҳои помидору бодиринг ва дигар сабзавоти барвақтӣ ҳукмфармост. Ҳамарӯза аз чор гармхонаи ин соҳибкор беш аз 2,5 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, кабудиҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.
Онҳо мехоҳанд маҳсули фаровони бо заҳмати ҳалол парваришнамудаи хешро пешкаши мардум гардонанд. Бо ин мақсад деҳқонон навъҳои серҳосилу хушлаззати сабзавотро интихоб намуда, дар иқлими мусоиди чор гармхона, ки ҳар яке беш аз панҷ гектар масоҳат дорад, парвариши онҳоро ба роҳ мондаанд. Соҳибкор ният дорад, ки дар муддати се моҳи фасли сармо аз ҳар гармхона 25-тоннагӣ сабзавоти барвақтӣ ҷамъ оварад. Баробари омода намудани замин Наврӯз Ҷонмаҳмадов ва ҳамкоронаш гармхонаҳоро тариқи қубури обгузар гарм менамоянд. Об бошад, тавассути ангишт гарм ва ба тамоми гармхонаҳо равона мешавад.
Дар ин рӯзҳое, ки ҳатто дар бозорҳои ноҳияи Ёвон помидор аз 8 то 15 сомонӣ ва бодиринг аз 9 то 16 сомонӣ арзиш дорад, соҳибкор Наврӯз ва ҷамъи ҳамкоронаш бо нархҳои нисбатан арзон маҳсули дастранҷи худро ба фурӯш гузоштаанд. Бо вуҷуди хароҷоти зиёд барои гарм намудани хандақҳои хеш онҳо фоидаи хуб ба даст меоваранд.
Мардуми ноҳияи Ёвон гармхонаҳои соҳибкор Наврӯз Ҷонмаҳмадовро бо шӯхӣ: «биҳиштмулки Ёвон» мегӯянд. Мо баъди боздид боварӣ ҳосил намудем, ки ин ном барои гармхонаҳои номбурда басо мувофиқ аст.
Таҷрибаи соҳибкори муваффақ Наврӯз Ҷонмаҳмадовро дида, дигар соҳибкорони ёвонӣ низ ният доранд, ки дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монанд. Баробари мардуми маҳаллӣ мутахассисони хитойӣ низ дар саҳроҳои доманфарохи ноҳияи Ёвон ба парвариши сабзавоти барвақтӣ машғуланд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо кишоварзони маҳаллӣ ният доранд, ки 196 гармхона бунёд намоянд. Масоҳати умумии онҳо 49 гектар хоҳад буд. Алҳол сохтмони 119 гармхона ба анҷом расидааст. Дар 40 гармхона истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ шудааст. Агар соҳибкорони ёвонӣ зимни парваришу истеҳсоли маҳсулот аз системаи гармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда истифода баранд, мутахассисони хитойӣ корро тарзи дигар ба роҳ мондаанд. Онҳо дар гармхонаҳо оина устувор намуда, рӯзҳои офтобӣ рӯшноии офтобро мақсаднок истифода мебаранд, яъне, рӯшноии дар оина инъикосгардидаи офтобро ба ҷониби ниҳолҳои помидору бодиринг ва дигар сабзавоти барвақтӣ равона месозанд. Агар ҳаво сарду барфолуд бошад, болои хандақҳоро бо намади махсус мепечонанд, то ки ниҳолҳою ҳосили онҳо аз сардӣ эмин бимонанд. Ҳосилнокии ҳар як хандақи соҳибкорони ёвонӣ ба ҳисоби миёна агар 25 тоннаро ташкил диҳад, дар хандақҳои тарзи хитойӣ бунёдгардида ин нишондод даҳ тоннагиро ташкил медиҳад. Таҷрибаи сабзавотпарварони вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои Ёвону Бохтар, дар парвариши маҳсулоти барвақтӣ қобили дастгирист.
Тибқи маълумотҳо, ба ҳисоби 1 декабри соли 2014 дар вилоят 82,3 гектар гармхонаҳои доимӣ мавҷуд аст, ки алҳол аз 62,1 гектараш истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин, боз 350 гектар гармхонаҳои мавсимӣ ҳамасола амал менамоянд. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби онҳо 300 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол мегардад. Деҳқонони соҳибтаҷриба ин гармхонаҳо ва хандақҳои мавсимиро дар ҳамаи фаслҳои сол, бахусус айёми сармо, ки бунияи инсонҳо ба витаминҳо бештар ниёз дорад, самаранок истифода мебаранд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»