«Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба авзои печида ва пурошӯби ҷаҳони муосир воқеъбинона баҳо дода, ҳамкориҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳон зарур ва амри воқеӣ мешуморад, зеро дар замони имрӯза хатару таҳдидҳое зуҳур кардаанд, ки ба суботу оромии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид менамоянд. Пайомадҳои ин зуҳурот боиси барҳам задани зиндагии орому осуда, расонидани зарар ба ҳаёт, ҳуқуқ ва озодиҳои исон мегарданд. Инҳо, қабл аз ҳама, терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мебошанд.
Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлубу хавфнок аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дониста мешавад ва ин нукта дар паёмҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд.
Ҳаёти инсонҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро дар шароити феълӣ терроризму экстремизм зери хатар гузоштааст. Ба ин гирдоби махуф, ки зери ниқоби ҷиҳод дар чанде аз давлатҳои ҷаҳон амалиёти ҷангӣ идома дорад, шаҳрвандони бисёр кишварҳои олам гирифтор шудаанд. Мутаассифона, дар ин саф шаҳрвандони Тоҷикистон низ қарор доранд.
Чунин ҳолат водор намуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ бобати муқовимат бо терроризм ва экстремизм устувор гардонида шаванд.
Бо ибтикор ва пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин ташкилот дар ҳудуди Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, фаъолияти ташкилоти «Ал-қоида», Ҷамъияти «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», дар маҷмӯъ фаъолияти 12 ҳаракату ташкилот дар кишвари мо қатъ гардонида шуд.
Бинобар иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои дигар зарурат пеш омад, ки дар қонунгузории ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шавад. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 июли соли 2014 №1088) қабул шуд.
Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав- «Моддаи 4011. Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» илова шуд, ки барои чунин ҷурм бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист солро пешбинӣ менамояд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ, тахрибкорӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Тавре аз суҳбат бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро маълум гашт, соли гузашта дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 116 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд, ки дар содири 38 ҷиноят даст доштанд. Инчунин панҷ амали террористӣ пешгирӣ ва як ҷинояти террористӣ ошкор карда шудааст.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо нигаронӣ изҳор дошт, ки дар амалиётҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ бештар аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо дар Сурия иштирок доранд. Аксари онҳо дар хориҷа, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ба доми фиреби ашхоси ҷиноятпеша афтида, ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд.
Боиси таассуф аст, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хоки давлати дигар чанде аз онҳо ҳалок шудаанд. Ҳатто ду бародар аз як хонаводаи тоҷик қурбони набардҳои бо ном ҷиҳод гардидаанд. То ҳалокат волидайн бовар доштанд, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатианд. Гумроҳии онҳо чандин оиларо гирифтори ғаму кулфат гардонидааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 53 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок доштанд, муайян ва дастгир карданд.
Ҳамчунин 12 нафар аъзои яке аз ташкилотҳои террористӣ дастгир гардиданд, ки дар 61 ҷинояти хусусияти террористӣ-динидошта иштирок доштанд.
Баъзе афроди гумроҳ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша кӯшиши дар дохили кишвар амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразнок ва тахрибкоронаи худро низ доштанд. Ҷиҳати дастгир намудан ва безараргардонии аъзои иттиҳод ва ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористидошта роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Фаъолияти навбатии оперативӣ зуҳури боз як гурӯҳи муташаккили ифротгароро дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ошкор сохта, узвияти даҳ нафар сокини ҳамин ноҳияро ба иттиҳоди террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» муқаррар намуд. Дар иртибот ба ин ҳолат нисбати гумонбаршавандаҳо бо моддаи 187 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ) парванда оғоз карда шудааст. Шаҳрванд Ҷавлон Юсупов (соли таваллудаш 1987)- сокини шаҳраки Нов роҳбар ё саркардаест, ки дар ноҳияи Спитамен як гурӯҳи ҷиноятпешаи алоҳидаро созмон додааст. Номбурда давоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш бо даъвати аъзои ҷузъҳои таркибии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» шомили иттиҳоди мазкур мешавад. Ӯ таълимотеро, ки мақсади ниҳоияш бо роҳи зӯроварӣ ташкил намудани «Хилофати бузург» мебошад, омӯхта, ба худ тахаллуси «Абдулло-Увайс»-ро мегирад. Баъди бозгашт ба Ватан мебоист ба даъват машғул шуда, аз ҳисоби сокинони ноҳияи Спитамен нафаронеро пайдо мекард, ки ба манфиати ҳамин иттиҳоди байналмилалии террористӣ хизмат менамуданд.
Гумроҳшудагоне, ки арзишҳои милливу мазҳабиро нодида гирифта, ақидаҳои Ҷавлон Юсупов ва дастурҳои хоҷагони хориҷии ӯро пазируфтанд, сокинони шаҳраки Нов, деҳоти «Истиқлол», ба номи Ӯлҷабоев ва «Куруш»- и ноҳияи Спитамен мебошанд. Онҳо дар ҳудуди ноҳия бо роҳи қасамёдкунӣ муттаҳид шуда, барои расидан ба ҳадафҳои худ бо роҳи ҷиҳод кардан ва иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ, расонидани кумакҳои пулӣ ба оилаҳои ҳалокгардидаи ин задухӯрдҳо, аз маҳбас озод кардани ҳамсафони худ ҷамъомадҳо доир намуда, барои зиёд кардани сафи худ кӯшиш мекарданд.
Тағйирот дар хислату рафтори гумроҳшудагонро волидайн низ эҳсос карданд, аммо зеҳни фарзандон ончунон бо ақидаҳои носолим банд буд, ки амру хоҳиши волидайн барояшон таъсире намегузошт. Ҳатто ба амалу рафтори волидайн эрод мегирифтанд. Падари Ҷавлон Юсупов -роҳбари ҳамин иттиҳоди ҷиноӣ Туйчибой Абдуллоев ҳарчанд кӯшиш кардааст, ки фарзандашро аз роҳи нодуруст баргардонад, натиҷае ба даст наовардааст.
Падари яке аз гумонбаршавандаҳо -Эркин Қодирови 34 -сола Абдукабир Қодиров низ аз мушоҳидаи хислату рафтори фарзандаш ба хулосае меояд, ки аз ҳамнишинӣ бо аъзои иттиҳоди террористӣ Эркин гумроҳ шуда, ақида ва хислатҳои ноҷоро пазируфтааст.
Шомилшавии фарзандон ба иттиҳоди террористӣ ба волидайн ташвиш ва нороҳатиҳои зиёд овардааст. Туйчибой Абдуллоев барои кирдори писараш Ҷавлон ашк мерезад, ки нуҳ нафарро гумроҳ кардааст. Ӯ ин амали фарзандашро маҳкум мекунад ва намебахшад, хиёнат ба Ватан меҳисобад.
Қонунгузории ҷорӣ барои шахсоне, ки дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, танҳо ҷазо пешбинӣ накардааст. Бо мақсади даст кашидани шаҳрвандони мо аз иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шудааст.
Тибқи эзоҳе, ки ба моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова шудааст, шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Амалҳои террористӣ дар ин ё он минтақаи олам ҳушдорамон медиҳад, ки нисбати ин тамоюл бетараф набошем. Пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиро гирем.
Қисме аз ҷавонон, ки чандон таҷрибаи зиндагӣ ва донишу ҷаҳонбинии васеъ надоранд, фирефтаи ақида ва пайрави таълимоти бегонагон мегарданд.
Аз ин ҷиҳат ба насли наврас омӯзонидани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, дӯстиву рафоқат ва пешгирии онҳо аз таъсири омилҳои беруна ва бегона аҳамияти хоса дорад.
Муҳимияти ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таври зайл таъкид шудааст: «Дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад».
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»