Баробари таъин шудан ба вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир ба соҳибкорон муроҷиат намуда, онҳоро баҳри ободонӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳамкорӣ даъват карда буд. Баъди сипарӣ шудани як сол даъвати мазкур чӣ натиҷа дод?
Дар посухи ин савол роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат Ислом Ниёз чунин иброз дошт:
-Воқеан, ин як даъвати шоиста ва қобили дастгирӣ буд, ки аз ҷониби раиси нав таъиншудаи шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир анҷом дода шуд. Муроҷиатномаи эшон ҳамон замон дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба табъ расид ва ҳамовозии зиёде пайдо кард. Ин даъватро пазируфта, даҳҳо соҳибкорони шаҳри Ваҳдат ва баъзе манотиқи дигари кишвар ба мулоқоти раиси шаҳр омаданд ва ба корҳои созандагӣ пардохтанд. Илова бар ин, раиси шаҳр бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ ба шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия сафар карда, бо ҳамватанонамон вохӯрию суҳбатҳо гузаронд, ки ин ҳам бенатиҷа намонд. Имрӯз бисёр нафароне, ки аз шаҳри Ваҳдат дар Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд, дар ободонии шаҳр, пешрафти соҳаҳои гуногуни он саҳмгузорӣ менамоянд.
Вақте мо ҷиҳати пайгирии ин мавзӯъ ба шаҳри Ваҳдат рафтем, дар ҳама ҷо авҷи корҳои сохтмонӣ, ободонии роҳу кӯчаҳо, сабзу хуррамгардонӣ ба назар расид. Сафарҳои кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат дар соли 2014 ба пешрафти корҳои ободонӣ такони ҷиддӣ дод.
Бо иштироки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳ барои 25000 нафар тамошобин, боғи фарҳангию фароғатӣ ва мактаб барои 1240 нафар хонанда дар деҳаи навбунёди Истиқлолият санги асос гузошта шуда буд. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Бунёди варзишгоҳро корхонаҳои сохтмонии ҶДММ «Авлиёхӯҷа» ва ҶСП «Алянс-Сомон» пеш мебаранд. Дар блоки «Б»-и варзишгоҳ аз тарафи корхонаи сохтмонии ҶДММ «Авлиёхӯҷа» корҳои заминӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои бетонӣ оғоз гардидаанд. Дар иншооти боғи фарҳангию фароғатӣ айни замон корҳои заминӣ идома доранд.
Мавсуф ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи минтақавии деҳаи Тангаӣ, ки аз тарафи соҳибкор Ҳикматулло Холиқов сохта, ба истифода дода шудааст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Лиҷак иштирок намуд.
Соли сипаригашта дар деҳаи навбунёди Истиқлолият 72 хонаи истиқоматӣ ба зарардидагони офати табиӣ супорида шуд ва сохтмони 33 хонаи дигар идома дорад. Дар ин деҳаи навбунёд аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ низ сохта шуд.
Дар раванди корҳои ободонӣ яке аз мушкилоте, ки 20 сол боз мавҷуд буд, соли сипаригардида ҳалли худро пайдо кард. Ин чароғон кардани роҳи кӯчаи Рӯдакии шаҳр мебошад, ки зиёда аз 2000 метр дарозӣ дорад. Давоми як соли охир дар шаҳр корҳои азнавсозӣ ва сохтмони таълимгоҳҳо низ вусъат гирифт. Имрӯзҳо дар деҳаи дурдасти Яфрак мактаб барои 240 нафар хонанда ва дар деҳаи Варваи деҳоти «Ромит» сохтмони бинои дуошёнаи хобгоҳ барои шаш оилаи омӯзгорони ҷавон оғоз гардидааст. Дар маркази шаҳр ба ҷойи биноҳои куҳна манзилҳои нави истиқоматии бисёрошёнаи замонавӣ бунёд меёбанд, ки ба ҳусни шаҳр зебоии нав зам мекунанд.
Ҳамзамон мавсуф иттилоъ дод, ки айни ҳол дар маҳаллаи Роҳатии шаҳр сохтмони чор бинои 26-ошёна аз тарафи ҶДММ «Комил-2000» ва дар маркази шаҳр аз тарафи ҶДММ «Ёқут-2000» сохтмони панҷ бинои 13-ошёна бомаром идома дорад. ҶДММ «Хайриён» бошад, дар кӯчаи Сомониёни шаҳр чор бинои нуҳошёна месозад.
Аз тарафи корхонаҳои сохтмонии шаҳр соли гузашта ба маблағи 74 миллиону 248 ҳазору 800 сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расонида шудааст, ки 188,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 21 миллиону 449 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»