Риоя накардани қонунгузории замин зиёд шудааст
Дувоздаҳуми январи соли равон нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Кумита Маҳмадтоир Зокиров иброз дошт, ки дар давоми соли 2014 аз ҷониби мақомоти идораи замини ҷумҳурӣ 11224 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид, ки нисбати соли 2013-ум 1367 ҳолат зиёд мебошад. Нисбати 9196 ҳолат дастур, 7552 ҳолат протокол ва 7549 ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул ва ба маблағи 2 миллиону 537235 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 565 мавод ба прокуратура, 889 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол ва 7367 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф карда шуд.
Кумита барои муайян намудани майдони аслии кишти картошка ченаки санҷишӣ гузаронид ва маълум кард, ки дар соли 2014 дар майдони 17558 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати ҳисоботи омории соли 2013-ум 4806 гектар кам мебошад.
Ҳамчунин соли сипаришуда Кумита дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ченаки кишти пахтаро гузаронида, маълум кард, ки дар вилояти Суғд 50924 гектар, вилояти Хатлон 119954 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 5243 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли 2013 дар вилояти Суғд 6496 гектар, вилояти Хатлон 8579 гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 545 гектар, ҷамъ 15620 гектар кам аст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ муайян гардид, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ майдони 33540 гектар замини корам, аз ҷумла 16783 гектар корами обӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки нисбати соли 2013-ум 17920 гектар, аз ҷумла обӣ 4115 гектар, зиёд мебошад.
Тавре раиси Кумита иброз дошт, чунин камбудиҳои ҷиддиро дар шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот, зер кардани селоб, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ, таҷдиди шабакаҳои обёрикунанда, набудани об ва корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ мебинад.
Зимни суолу ҷавоб рӯзноманигорон бештар ба ҷой доштани фаъолияти ғайриқонунии миёнаравҳо дар тақсимоти замин ва истифодаи ғайримақсадноки чарогоҳҳо таваҷҷуҳ намуданд. Раиси Кумита дар ин робита зикр кард, ки чунин камбудиҳо то ҳол дар шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд ва сабаби асосии он беаҳамиятӣ ва саҳлангории раисони деҳот ва кормандони кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо дар иҷрои вазифа мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд
-Соли 2014 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба қадри 102,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 6 миллиарду 923,5 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 7 миллиарду 117,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд, -зикр кард раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки вазни қиёсии андозҳо дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ тибқи маълумоти пешакӣ 15,6 фоизро ташкил дода, маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо то якуми декабри соли 2014-ум 584,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 300,3 миллион сомонӣ кам мебошад. Бино ба гуфти мавсуф, қарзи калони андоз ҳоло ҳам ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати якуми декабри соли гузашта 135,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ 21636 ҳолати қоидавайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати онҳо ба маблағи умумии 120,5 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шудааст. Нусратулло Давлатзода дар идома гуфт, ки соли сипаришуда аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбати фаъолияти 8349 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи 826,2 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид, ки аз он 343,6 миллион сомониаш ба буҷет ворид карда шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо 9083 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул будани шахсони воқеӣ, 628 ҳолати бе қайд дар мақомоти андоз аз тарафи шахсони воқеӣ ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул ва дар ҳисобот дарҷ нагардидани 2779 нафар коргарони кироя, 1458 ҳолати вайрон намудани тартиби истифодаи мошинҳои назоратии хазинавӣ ошкор гардидааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин менамоем
Сардори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Ҳомид Усмон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки Агентӣ ва сохторҳои он тамоми захираву имкониятҳои худро ҷиҳати таъмини заминҳои обии мамлакат бо оби полезӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, ривоҷ додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда равона карда истодаанд.
Мувофиқи маълумотҳо дар ҷумҳурӣ 749,9 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд мебошад. Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба 14312 хоҷагӣ дар асоси шартнома хизмат мерасонанд. Аз миқдори умумии заминҳои обӣ 280,8 ҳазор гектар тавассути 384 адад пойгоҳи обкашӣ ва 531 чоҳи амудӣ обёрӣ мешаванд. Тибқи дархости истифодабарандагони об дар ҳаҷми зиёда аз 4,1 миллиард метри мукааб оби полезӣ бо арзиши 70,7 миллион сомонӣ хизмат расонида шуд. Давоми соли 2014 аз ҷониби Агентӣ ба фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳои амудӣ ва рушди ин самти муҳими соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нав обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» азхудкунии 330 гектар заминҳои нав обёришаванда пешбинӣ гардидааст. Айни замон 348,2 гектар замин, аз ҷумла дар ВМКБ 100 гектар, дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 115 гектар, Файзобод 88,2 гектар, Варзоб 20 гектар ва Рашт 25 гектар аз худ карда шудааст, ки ин имконият медиҳад 1390 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Ҳамзамон бо мақсади таъмини оби полезӣ ва нӯшокӣ дар ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Б. Ғафуров ва Мастчоҳ чор адад чоҳи амудӣ парма карда, ба истифода дода шуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Қадамҳои устувор баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ
Дар нишасти матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов ва котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух доданд. Масъалаҳои таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, сифати тухмии зироатҳо, раванди бунёди боғу токзорҳо, сабабҳои гаронии нархи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма шарҳи онҳоро тақозо карданд.
Ба журналистон маълумоти муфассал оид ба натиҷаи фаъолияти кишоварзони мамлакат дар соли 2014 пешниҳод шуд.Дар ин маълумотнома зикр гардидааст, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар соли 2014 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба соли 2013-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 21 миллиарду 22 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 317,8 ҳазор тонна, картошка 853,7 ҳазор тонна, сабзавот 1 миллиону 549,4 ҳазор тонна, полезӣ 545,6 ҳазор тонна, мевагиҳо 342,1 ҳазор тонна ва ангур ба 188,8 ҳазор тонна расонида шуд.
Солҳои охир содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа зиёд шудааст. Давоми соли гузашта 98177,3 тонна меваи хушк, 10231,1 тонна меваи тар, 906,7 тонна полезиҳо, 1186,2 тонна биринҷ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир гардид. Ҷиҳати рушди соҳаҳои тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ низ корҳои муайяне ба сомон расониданд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода гардидани мутахассисони соҳа, мубориза бар зидди малах, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ дахл карда шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
ДДТТ: заминаи моддӣ-техникӣ ҷавобгӯйи талабот мебошад
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод Мумин Шарипов зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти ин таълимгоҳ дар соли 2014 суханронӣ намуд.
Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки раванди таълим дар донишгоҳ дар ду шакли таълим-рӯзона ва ғоибона амалӣ шуда, ҳамагӣ дар 223 гурӯҳҳои академӣ 4765 нафар, аз ҷумла дар бахши рӯзона 2270 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 2495 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бино ба гуфти ӯ, донишгоҳи мазкур аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки раванди таълимро тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда, барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот қадамҳои устувор гузоштааст.
Ҳоло дар донишгоҳ 21 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла ду нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, даҳ нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, се нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, чор нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон ва ду нафар аз Федератсияи Россия тибқи барномаи бакалавр таҳсил менамоянд, ки ин нишондод дар қиёс ба солҳои қаблӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Донишгоҳ яке аз муассисаҳои таълимии олии махсусгардонидашудаи самти иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таълим ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар асоси системаи бисёрзинагии таҳсилот барои соҳаҳои иқтисод ва идоракунӣ ба уҳда дорад.
Дар нишаст зикр шуд, ки дар донишгоҳ озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва муоинаи молҳо, экспертизаи гумрукӣ, технологияи хӯроки омма ва марказҳои таълимӣ, аз ҷумла бонки таълимӣ, маркази тестӣ, маркази лоиҳаҳои инноватсионӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо технологияи муосир фаъолият доранд. Ин ҳама ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
Соли сипаришуда аз ҷониби устодони донишгоҳ зиёда аз 100 китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ ба чоп расида, дастраси донишҷӯён гардидаанд.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»
Маблағҳо аз рӯи нақша истифода мешаванд
Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми раиси шаҳр Насрулло Хайруллоев гуфт, ки давоми соли 2014 ҳаҷми буҷети шаҳр ба андозаи 106,5 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро гардид. Хароҷот бошад, ба андозаи 89,7 фоиз иҷро шуд, ки аз он барои рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ 70,9 фоиз, барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 0,8 фоиз, барои маориф 14,2 фоиз ва нигоҳдории тандурустӣ 8,6 фоизи ҷамъи маблағ сарф шудааст.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1103,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2013-ум (бо нархҳои муқоисавӣ) 120,6 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар саноати коркард ҳаҷми истеҳсолот ба 6,8 миллион сомонӣ, саноати коркард 906,6 миллион сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ ва об 190,1 миллион сомонӣ баробар шуд.
Бино ба гуфти Насрулло Хайруллоев соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 150,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур 23,5 ҳазор метри мураббаъ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ 56,2 ҳазор метри мураббаъ, ноҳияи Фирдавсӣ 24,0 ҳазор метри мураббаъ ва ноҳияи Сино 46,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуд. Аз ҳаҷми умумии фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ (10,3 фоиз), орду нон (13,7 фоиз), қанду шакар, маҳсулоти қаннодӣ (10,9 фоиз) ва равғани растанӣ (6,1 фоиз) афзалият доранд
Дар охир ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, ки ба рафти корҳои таъмирӣ ва азнавсозии роҳҳои мошингард, сари вақт баровардани партовҳо аз маҳаллаҳо, таъмини шаҳрвандони ба манзил ниёзманд бо замини наздиҳавлигӣ, хизматрасонии саривақтии нақлиёти мусофиркашонӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мутааллиқ буданд, Насрулло Хайруллоев, раисони чор ноҳияи шаҳр ва роҳбарони корхонаву идораҳо посухҳои мушаххас доданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»
Донишгоҳ дар рӯйхати беҳтарин муассисаҳои олии касбии ИДМ
Тавре зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев зикр кард, мувофиқи ҷадвали рейтинги Агентии байналмилалии «Интерфакс», аз моҳи декабри соли 2013, донишгоҳи мо ягона таълимгоҳ дар кишвар мебошад, ки аз лиҳози омодагӣ ба навгониҳо ба рӯйхати 200 беҳтарин муассисаи олии касбии ИДМ шомил гардид. Бояд гуфт, ки дар рӯйхати васеъгардидаи ин назарпурсӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар байни 400 муассисаи инноватсионии таълимоти олии ИДМ мақоми 151-ро соҳиб шуд, ки ин барои Тоҷикистон баландтарин нишондиҳанда мебошад. Ҳамзамон дар сохтори донишгоҳ, филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Исфара, литсейи инноватсионии «Душанбе» ва гимназия дар шаҳри Кӯлоб фаъолият доранд. Теъдоди донишҷӯёни муассисаи асосии таълимгоҳ дар пойтахт 4416 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо дар шароити татбиқи низоми кредитӣ аз рӯи зиёда аз 30 ихтисос таълим мегиранд.
Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти пурсамар баҳри ба даст овардани грантҳои таълимӣ ва илмии байналмилалӣ ҳамасола имкон медиҳад, ки маблағҳои грантии бадастомада барои харидории таҷҳизоти таълимӣ- истеҳсолӣ ва бозомӯзии касбии омӯзгорон равона гарданд.
Айни замон корҳои омодагӣ ба аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон- неруи зеҳнии ояндаи кишвар: натиҷагирӣ аз ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо таълимгоҳҳои олии Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Аврупо оид ба тайёр намудани мутахассисони замони нав барои рушди инноватсионии минтақаҳои Тоҷикистон», ки рӯзҳои 15 — 18-уми моҳи майи соли 2015 баргузор мегардад, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ду сардхона бунёд кард
Муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Гулнора Кокова зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар соли 2014 ба буҷети кишвар 14,6 миллион сомонӣ андоз супорида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 0,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Даромади умумӣ 128 миллион сомониро ташкил намуда, ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол ба 149 миллион сомонӣ расид. Корхонаҳои истеҳсолии соҳа соли 2014 ба маблағи 25 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Мавсуф дар идома зикр кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ дар фасли сармо ва пешгирии болоравии нархҳо 29352 тонна маҳсулот захира карда шуд. Инчунин ду сардхона, яке бо ғунҷоиши 350 тонна меваю сабзавот дар Ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара ва дигар бо ғунҷоиши 250 тонна маҳсулот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта, ба истифода дода шуд. Номбурда гуфт, ки айни замон дар тобеияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 83 бозор фаъолият менамояд, ки 44- тоаш бозори ҳаррӯза, 18-то бозорӣ якрӯза (яъне, дар як ҳафта як бор фаъолият мекунанд) ва 21- тои дигар бозори чорво мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»