Сари вақт ва дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардидани нуктаҳои Паём моҳияту эътибори онро меафзояд
Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими сиёсии мамлакат маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносон ҳамчун омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа эътироф шудааст. Зеро татбиқи саривақтии нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз аз ҷониби масъулин замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рӯзгори мардум беш аз пеш беҳбудӣ ёбад.
Мушоҳидаҳои журналистии банда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар он вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки татбиқи нуктаҳои Паём таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст, пешравиҳои зиёд рӯйи кор омадаанд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар давраи омодагӣ ба таҷлили бистумин солгарди қабули аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр пешниҳод гардида буд. Бидуни шакку шубҳа ва муболиға метавон гуфт, ки бо гузашти вақти на он қадар зиёд дар заминаи татбиқи Паём дар тамоми соҳаҳо навгонӣ ва пешравиҳои зиёд рӯйи кор омаданд. Омили мазкур шароит фароҳам овард, ки пойдевори давлати миллиамон боз ҳам қавӣ ва нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳон хеле таҳким ёфта, муҳимтар аз ҳама, боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад. Зимни ироаи Паём аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикри он, ки «мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ рӯ ба рӯйи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд», омили саҳлу сода набуда, баҳри болоравии ҳисси худшиносии тамоми қишрҳои ҷомеа кумаки амалӣ расонид.
Дар оғози Паём таваҷҷуҳ зоҳир намудани Роҳбари мамлакат ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки ин омилҳо дар сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаҳои меҳварӣ ва самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки Президенти мамлакат воқеан ҳам ба суханони худ — «мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти неруи инсониро ҳал намоем» устувор буда, дар ин самт корҳои зиёдеро амалӣ намудааст. Ибтикори Сарвари давлат бобати он, ки «дар 7 соли оянда бо ин мақсад, яъне ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ равона карда мешавад» далели возеҳи гуфтаи болост. Ҳамрадиф бо ин суханон дар Паём зикр гардида буд, ки «расидан ба ин ҳадафҳо бе таъмин намудани рушди минбаъдаи бахши воқеии иқтисод ва рақобатпазирии он, инчунин дар асоси имконияту захираҳои табиии кишвар такмил додани сохтори иқтисоди миллӣ ғайриимкон аст».
Бо дарназардошти муҳимияти ин раванд аз замони ироаи Паём инҷониб, дар бахши иқтисоди мамлакат таҳаввулоти ҷиддӣ рӯйи кор омаданд. Тибқи маълумоти аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрасшуда, сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, дар соли 2014 тамоюли мусбии рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан муътадил қарор доштанд.
Ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ соли гузашта ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намуд. Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама, ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт. Рушди истеҳсолот ва таклифоти молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла сохтмон 25,3 фоиз, гардиши савдои чакана 6,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,1 фоиз, кишоварзӣ 4,5 фоиз ва хизматрасонӣ 1,0 фоиз ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли пурраи масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин ҷода ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар робита ба ин масъала дар Паём зикр шудааст, ки «дар 7 соли оянда, яъне то соли 2020, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои стратегиамон аз ҳисоби буҷет ва ҷалби сармоя сафарбарсозии беш аз 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст». Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» кишвар пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба як сарзамини воҳид табдил ёфт. Вобаста ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ низ иқдомоти зиёде амалӣ шуда, ояндаи наздик ба ин ҳадафҳои хеш низ хоҳем расид.
Ҳамрадиф бо ин дастовардҳо, дар натиҷаи амалишавии иқдомҳои созанда рушду тараққиёти соҳаи саноати мамлакат, аз ҷумла саноати сабук, таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии кишвар тадриҷан афзуд ва барои сокинони кишвар ҷойҳои кори доимӣ ва маоши арзанда муҳайё карда шуд. Айни замон корхонаҳои саноатии кишвар талаботи бозори дохилиро асосан бо риштаи пахтагин, матои пахтагини тайёр, маҳсулоти дӯзандагӣ, қолину ҷӯроб ва пойафзол таъмин мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ, давоми соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ беш аз як миллиард сомониро ташкил додааст. Дар заминаи татбиқи нуктаҳои Паём вазорату идораҳои дахлдор барои рушди зерсоҳаҳои алоҳидаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва ангишт, мошинсозӣ чораҳои дахлдорро андешиданд. Барои мисол, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло бунёди чандин корхонаҳои истеҳсоли семент дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ бо иқтидори умумии зиёда аз 6 миллион тонна идома дорад.
Рушди ин соҳа имкон медиҳад, ки сохтмон вусъат пайдо карда, боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шавад ва муҳимтар аз ҳама, хароҷоти сохтмон, аз ҷумла нархи манзилҳои истиқоматӣ, арзон гардад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин зикр гардида буд, ки «миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд». Агар гӯем, ки ин нуктаи Паём низ аз ҷониби сохторҳои марбута дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шудааст, муболиға нахоҳад буд. Давоми соли гузашта аз ҷониби мақомоти дахлдор фароҳам шудани 251570 ҷойи нави корӣ далели возеҳи ин гуфта мебошад. Сарвари давлат борҳо иброз дошта буд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад. Зимни ирсоли Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори кишвар бори дигар ба ин масъала дахл намуда, таъкид карданд, ки «Рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёҳӣ имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад.Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад».
Далелу арқоми оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷиҳати татбиқи ин нуктаи Паём сохторҳои марбута тадбирҳои судмандро амалӣ намудаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 ба кишвар 213265 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ташриф овардаанд, ки даромади аз ҳисоби онҳо ба иқтисодиёти кишвар воридшуда 106 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 1400 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд буда, қисми зиёди он ба кадастри захираҳои туристӣ ворид гардидааст.
Дастоварди муҳими дигар дар ҷода, рафъ гардидани монеаҳои сунъии зиёде, ки садди рушди соҳа буданд, маҳсуб меёбад. Зимни ироаи Паём ҳамрадиф бо масоили дигар Сарвари давлат ба соҳаи авиатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, минҷумла гуфта буд, ки «Дигар самти муҳими тавсеаи имкониятҳои коммуникатсионии кишвар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ буда, зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад». Ин нуктаи Паём низ сари вақт иҷро гардида, сеюми сентябри соли гузашта бо иштироки Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба истифода дода шуд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки терминали нав тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмон дар масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ бо саҳми муштараки давлатҳои Франсия ва Тоҷикистон эъмор шудааст ва дар як соат метавонад ба 500 нафар мусофир хизмат расонад. Иншооти мазкур аз лиҳози муҳандисиву меъморӣ бисёр хуштарҳ буда, аксар намудҳои хизматрасонӣ дар самти бақайдгирии мусофирон ва ҳамлу нақли борҳо бо усулҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, терминал бо таҷҳизоти пешрафтатарини тафтишу муоина, дастрас намудани бору амвол ва низоми сабти таъҷилӣ ҷиҳозонида шуда, метавонад дар як вақт ба чаҳор ҳавопаймо хизмат расонад.Толорҳо бо Шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст буда, ба мусофирону меҳмонони пойтахт хизматрасонии иттилоотӣ дар сатҳи баланд муҳайё мебошад. Шароити терминал имконият медиҳад, ки дар як сол ба як миллиону 200 ҳазор нафар мусофирон дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ хизмат расонида шавад.
Далелҳои овардашуда аз корҳои дар партави ин ҳуҷҷати муҳим амалигардида «қатрае аз баҳр»-ро шабеҳ аст. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нияти нек ва азми қавӣ маншаъ гирифтааст. Табиист, ки бо чунин махсусиятҳо он танҳо натиҷаҳои мусбатро ба дунбол хоҳад дошт.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»