21 январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».
РАИС: -Муҳтарам вакилон! 19 январи соли 2015 қалби узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи кишвар, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, инсони фозилу донишманд Шарипов Сӯҳроб Ибронович аз тапидан бозмонд.
Марҳум ҳамчун инсони хоксор ва покдил дар байни ҳамкорон сазовори обрӯ ва иззату эҳтиром буд. Ҳамчун вакили мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар барои босифат таҳияву қабул гардидани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо камоли масъулият ва донишу таҷрибаи ғанӣ доимо саъю талош мекард.
Марги Сӯҳроб Шарипов барои парламенти кишвар талафоти гарон ба шумор меравад. Номи нек ва хотираи дурахшони Сӯҳроб Шарипов дар дили дӯстон, ҳамкорон ва ҳамаи онҳое, ки ӯро медонистанд, ҳамеша пойдор хоҳад монд.
Аз ин рӯ, хоҳишмандам барои поси хотири Шарипов Сӯҳроб Ибронович як лаҳза хомӯшӣ ихтиёр намоем.
Муҳтарам вакилон! Кори ҷаласаро идома медиҳем. Дар бораи Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ сухан ба муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.
Ганҷалзода Шералӣ РАҲМОН:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар рафти ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 11- 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба имзо расидааст.
Бояд зикр намуд, ки Созишномаи мазкур тӯли даҳ сол мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифта, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими СҲШ дар самти ҳамлу нақли автомобилӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, аксари давлатҳои аъзо кӯшиши онро доштанд, ки ин Созишнома дар кишварҳои онҳо ба имзо расонида шавад. Хушбахтона, ба ҷумҳурии мо муяссар гардид, ки Созишнома дар шаҳри Душанбе ба имзо расад.
Созишнома аз 27 модда ва се замима иборат мебошад. Мақсади асосии он таъмини боэътимоду самарабахши ҳамлу нақли автомобилӣ дар самти рушди равобити савдои хориҷии давлатҳои аъзо буда, барои такмил додани шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии бору мусофирон равона карда шудааст. Инчунин масъалаҳои содагардонӣ, раванди мутобиқгардонии ҳуҷҷатгузории ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ алоқамандро вобаста ба талаботи давлатҳои аъзо тақозо менамояд. Тибқи он, тарафҳо дар раванди амалигардонии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ содагардонии масъалаҳои вобаста ба сарҳадот, дастрас намудани раводид, гумрук, назорати нақлиётию фитосанитарӣ ва ветеринариро дар нақша доранд.
Ҳамзамон тарафҳо метавонанд дар ҳамбастагӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори долонҳои нақлиёти автомобилӣ, ки ҳудудҳои давлатҳои аъзоро пайваст менамояд, иштирок ва саҳмгузор бошанд.
Тибқи замимаи 1-уми Созишномаи мазкур хатсайрҳо ва нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ муайян гардидааст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри байналмилалии Урумчӣ- Қарасӯ (Ҷумҳурии Халқии Хитой)- Кулма- Мурғоб- Хоруғ- Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба он шомил гардида, ба дигар созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки байни давлатҳо ба имзо расидааст, таъсир намерасонад. Бо дарназардошти он ки солҳои охир воридоти бештари молу маҳсулоти ниёзи мардум тавассути ин долон анҷом дода мешавад, фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷавобгӯй намудани ифрасохтори нақлиётӣ ба талаботи муосир амалишавии мақсадҳои Ҳукумати кишварро тақозо менамояд.
Тибқи замимаи 2 Тарафҳо мувофиқи рухсатномаи намунаи пешниҳодгардида барои хатсайрҳои дар замимаи 1 дарҷгардида метавонанд тӯли як сол як маротиба рафтуомад намоянд. Квотаи рухсатнома бошад, аз ҷониби Комиссияи якҷоя муайян мегардад.
Тибқи замимаи 3 вазифаҳои Комиссияи якҷоя оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ муайян гардидааст. Гузаронидани мониторинг, таҳлил, баррасии тағйиру иловаҳо дар фаъолияти хатсайр ва нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ғайраҳо аз ҳамон ҷумлаанд.
Вобаста ба оқибатҳои иқтисодии он бояд зикр намуд, ки дар асоси моддаи 8, интиқолдиҳандагони Тарафҳо ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар доираи Созишномаи мазкур дар асоси мутақобила аз пардохти боҷ ва дигар пардохтҳо вобаста ба соҳиб будан ё истифодабарии воситаҳои нақлиёт, инчунин истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилии давлати Тарафи дигар озод карда мешаванд.
Аз назари сиёсӣ Созишнома муносибатҳоро бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя мустаҳкам гардонида, ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷоиз ба зикр аст, ки масъалаи танзим ва назорати нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла нақлиёти гаронвазн ва бузургандоза тибқи қонунгузории давлате, ки аз ҳудуди он интиқоли борҳо амалӣ мегардад, анҷом дода мешавад. Яъне, Созишномаи мазкур аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба қонунгузории кишвар дар самти танзим ва назорати нақлиёти автомобилӣ мухолифат надорад.
Илова бар ин, қобили зикр аст, ки таҳия ва баимзорасонии Созишномам мазкур маблағҳои иловагиро аз Буҷети ҷумҳурӣ талаб наменамояд.
Эҳтиромона хоҳиш дорам, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нодира Турдиматова дода мешавад.
Нодира ТУРДИМАТОВА: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 январи соли 2015 таҳти №2767 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишнома аз 27 модда иборат буда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои тарафҳо ҷиҳати рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ равона шудааст.
Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо кӯшиши таҳким бахшидани боварии мутақобила, муносиботи дӯстона ва ҳамкориҳои баробарҳуқуқ байни давлатҳои онҳо, мақсад ва принсипҳои Хартияи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба роҳбарӣ гирифта, аҳамияти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро рушди равобит эътироф намудаанд.
Ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақл дар асоси Созишномаи мазкур интиқолдиҳандагони давлати як Тараф дар қаламрави давлати Тарафи дигар мутақобилан аз ситонидани боҷҳои гумрукӣ, боҷ ва андозҳои воридотӣ озод карда мешаванд. Инчунин ронандаи воситаи нақлиёт бояд шаҳодатномаи ронандагӣ, ки аз тарафи мақоми салоҳиятдори давлати Тарафи худ дода шуда, нисбат ба категорияе, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ воситаи нақлиёт истифода мебарад, амалкунанда мебошад, инчунин ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ба воситаи нақлиёти мазкурро дошта бошад. Ҳуҷҷатҳои мазкур бояд бо тарҷума ба забонҳои хитойӣ ва русӣ тасдиқ карда шаванд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 13 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳама кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдузафар Иномов дода мешавад.
Абдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2015 таҳти №2762 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани қисми 1-уми моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», ки мутобиқи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ бояд бо гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро бо пешниҳоди хулоса ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омадем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.