Гузориши мукаммал

№11 (3312) 23.01.2015

23 январи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Сомон» Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.

 

Ба Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров раисӣ кард

DSC_1212

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар толор аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар ва аз 57 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 53 нафар ҳузур доранд. Бо мақсади аниқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 53 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бони миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд,   иштирок доранд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор   мекунанд:

Котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Котибот:

Давлатов Убайдулло Абдуллоевич- вакили Маҷлиси намояндагон.

Аъзои Котибот:

Раҷабова Зарина Салиҷановна — узви Маҷлиси миллӣ

Саъдуллоев Ҳабибулло Наимович- вакили Маҷлиси намояндагон.

Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна фикру мулоҳиза доред? Ба овоз монда шавад? Пешниҳодҳои дигар нест? Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷойҳои худро ишғол карда, ба корашон шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Рӯзномаи ҷаласа аз як масъала – «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат мебошад.

Лоиҳаи қарор ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва қабул намоем.

Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Сафаров Амирхон дода мешавад.

Амирхон САФАРОВ: — Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» пешниҳод карда мешавад.

1. Рафти кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум тавассути Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва радиои «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала пешниҳоди дигар ҳаст? Нест. Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тавре огоҳед, ба ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар мерасонанд, роҳбарону кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатии мамлакат, сохторҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо, намояндаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, дигар шахсони расмӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ даъват шудаанд.

Аз ин ҷиҳат, ироаи Паёми Президент дар «Кохи Сомон» баргузор мегардад.

(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шумора чоп шуд).

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум кори худро идома дод.

РАИСИКУНАНДА:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Иҷозат диҳед, аз номи шумо — иштирокчиёни Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона изҳори ташаккур намоям.

Боварии комил дорам, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян шуда, барномаи рушду инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси Олӣ, тарҳрезӣ гардидаанд, ҳамчун санади муҳими таърихӣ мардуми кишварамонро ба ҷодаи бунёдкориву созандагӣ сафарбар намуда, тамоми бахшҳои ҷомеаи моро ба марҳилаи нави рушду инкишоф тақвият мебахшад.

Барои амалӣ шудани тавсияҳо ва нуктаҳои Паёми Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба мо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ, саъю талош намоем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки тамоми супоришҳо ва тавсияҳои Роҳбари давлат аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар самимона дастгирӣ ёфта, ҳамчун барномаи созандагӣ ва бунёди зиндагии арзанда дар амал татбиқ хоҳанд гардид. Бори дигар  ба Ҷаноби Олӣ изҳори ташаккур менамоем!

Раиси Котиботи ҷаласа гуфтание доред? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи ягонаи рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум  баррасӣ гардид.

Ман ва муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа миннатдории самимӣ изҳор намуда, бо ҳамин Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Ҷумъахон НАБОТОВ, Неъматулло СОЛЕҲОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.