Замин бояд оқилона истифода бурда шавад

№12 (3313) 26.01.2015

Таҳлили рафти иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб, ҷобаҷокунии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар давраи солҳои 2007-2016», рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сиёсати аграрии Тоҷикистон», пешниҳоди прокурори вилоят оид ба бартараф намудани сабабу шароите, ки ба вайронкунии қонунгузории замин мусоидат кардаанд, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар машварати васеи назди раиси вилоят бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раиси кумитаи заминсозӣ, мудирони бахшҳои маъмурию шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи хабари муовини прокурори ВМКБ Нафасбек Дилшодов, ҳанӯз дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ҳодисаҳои ғайриқонунии истифодабарии замин зиёданд.

-Дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби мақомоти прокуратура чор ҳолати хариду фурӯши замин ошкор гардид. Дар бисёр мавридҳо, — афзуд муовини прокурори вилоят, -комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мавриди тақсими замин ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар ҷараёни баррасии масъала фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро дар амалисозии қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар алоқамандӣ бо истифодаи замин  нокифоя  арзёбӣ намуд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои шаҳрсозию меъморӣ, Кумитаи замини вилоят ва сохторҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати аз байн бардоштани камбудиҳо дар ин масъала тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Дар машварат мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Марзия Некпаева ва сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев оид ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят дар бораи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷокунии кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар давраи солҳои 2007-2016» ва тасдиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Муовини комиссари ҳарбии вилоят Беҳзод Саидиброҳимов «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои сафарбаркунии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар давраи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии соли 2014 дар қаламрави вилоят» ҳисобот дод.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»