Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 (3313) 26.01.2015

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони Одина

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Шерхони  Одина ризоият дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 24 январи соли 2015 № 775

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонов Ю.А.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи  банди 4 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин  намудани Раҳмонов Юсуф Ахмедович ризоият дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Т оҷикистон М.Убайдуллоев

  ш. Душанбе, 24 январи соли 2015 № 776