Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 (3313) 26.01.2015

DSC_1438

26 январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пас аз қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро, масъалаҳои рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия»-ро раисони кумитаҳои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М.Ватанов, оид ба иқтисод ва молия С.Раҷабов, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Х.Юсуфӣ, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А.Азимов ба муҳокимаи  аъзои Шӯро пешниҳод карда, шарҳ доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳо як қатор пешниҳоду эродҳо баён намуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таклифу эродҳои баёнгардида, аз рӯйи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул намуда, ин масъалаҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод кард.

Доир ба масъалаҳои зерини рӯзнома – «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ» ва «Дар хусуси Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид» қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин масъалаҳо барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва  «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»  қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ