Сенздаҳуми январи соли 2015 собиқ адвокат Шуҳрат Қудратов бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷиноятҳо гунаҳкор дониста шуда, мутобиқи моддаҳои 247 («қаллобӣ») ва 320 («додани пора»)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати нуҳ сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Номбурда баъд аз озод шудан низ ду сол ҳаққи адвокатиро нахоҳад дошт. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ҳамзамон Ш. Қудратов дар он вазифаи муовини роҳбари ҳизбро бар уҳда дошт, 21 январи соли ҷориро «Рӯзи ҳамраъйӣ бо маҳкумшуда Қудратов Шуҳрат» эълон намуд, ки дар он рӯз ӯ ба синни 38 қадам мегузошт.
Барои як мушоҳидакорӣ бо тағйирпазирии ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, барои ноошно ҳамаи қазияи атроф шояд ҳамчун изҳори эҳсосоти таъсирбахше аз ҷониби ҳамҳизбон нисбат ба як инсони тасодуфан афтодае намояд. Вале ба қазияи Ш. Қудратов ин ҳеҷ муносибате надорад.
Аввалан, аз таҷрибаҳои сиёсии ҲСДТ ва роҳбарони он оид ба муайянкунӣ маълум аст, ки аз ибтидо ҳеҷ гуна раҳмдилие набуд ва буда ҳам наметавонад. Танҳо ҳисоби хушку холӣ, дурӯягӣ ва бадномӣ вуҷуд дошт. Далели ин гуфтаҳо худи Ш. Қудратов буда метавонад, ки то рӯзҳои охир таҷассумгари принсипҳои мазкур буд. Ӯ ҳимояи корҳои пурмоҷаро (масалан, Зайд Саидови яғмобар, яке аз роҳбарони гурӯҳи муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ Димон Ашӯров ва ғайра)-ро бар уҳдаи худ гирифта, бо барпо намудани сару садоҳои нолозим дар атрофи ҳимояшавандаҳо, фаъолияти адвокатии худро чун воситаи чархонидани имиджи худ ва ситонидани маблағ аз хешовандони гунаҳкорон истифода мебурд. Бо вуҷуди равшан дарк намудани ғайриимкон будани радшавии айбномаҳои бар зидди онҳо пешбинишуда, ки аксаран бо далелҳои шайъӣ асос ёфта буданд, Ш. Қудратов хешовандони ҳимояшавандаҳоро бо умеди бардурӯғ ба ҳукми мусбати судӣ талқин намуда, бо ин истисно будани хатти ҳимояи «оқилона»-и вакилии худро муътабар месохт. Дар ин миён, то баровардани ҳукми охирини айбдоркунӣ, ҳам дар ҳадди аксар маблағ ҷамъ мекарду ҳам шахсияти худро ба маърази намоиш мегузошт. Дар ниҳояти кор, ҳимояшавандаҳояш муҳлатҳои зиёди маҳрумият аз озодиро мегирифтанд, ки барои Қудратов ин аллакай кори дуюминдараҷа ҳисоб меёфт. Аз шикастхӯриҳо ӯ маккорона худро канор зада, ҳар кадоми онро чунин маънидод мекард, ки таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ характери фармоишӣ дошта, ӯ дар ин ҷо гуноҳе надорад. Вале, тавре дар урфият мегӯянд, «Чоҳкан оқибат зери чоҳ аст…».
Дуюм, сарфи назар аз кӯшишҳои шадиди ҳаммаслакони собиқи Ш. Қудратов, ки мехостанд дар арафаи интихоботи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ӯ имтиёз ба даст биёранд, барои ӯ нобарор анҷом ёфт. Воқеан, ҳар коре, ки қаблан ӯ дар ҳаққи дигарон мекард, акнун нисбат ба худаш раво дида шуд. Тавре ки интизор мерафт, парвандаи Қудратовро роҳбари маккори ҲСДТ Р. Зойиров дар пиар-маъракаи қаблазинтихоботии худ ҳамчун асос қарор дод. Албатта, ин барои Қудратов бурде нахоҳад шуд, ба ҷуз таваҷҷуҳи зиёде нисбат ба худи Зойиров ва чархонидани имиджи ҳимоягари ҷасуру далере миёни душманони сиёсӣ. Ҳисоби чунин стратегия ниҳоят одист: мардум доимо нисбат ба «ранҷида» ва «ҷабрдидаҳо» раҳмдилӣ зоҳир карда, аз «Робин Гуд»-ҳои муосир ба ваҷд меоянд. Гарчанде ки Зойирови моҷароҷӯ на ба ину на ба он ягон муносибате надорад, вале ӯ имконияти ба онҳо часпидан ва вобаста ба вазъият ниқоби муносиб пӯшиданро аз даст намедиҳад.
Тавре пешбинӣ шуда буд, аҳли ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз метавонад маҳорати актёрии роҳбари ҲСДТ Р. Зойировро, ки аз худ муборизи фаъол, қатъӣ ва принсипноки ҳуқуқи инсонро тарошидааст, арзёбӣ кунад. Паси ин пардаи дурӯягӣ ва худнамоӣ танҳо инсонҳое, ки мушоҳидакоранду аз бозиҳои сиёсӣ бохабаранд, метавонанд пай баранд, ки чӣ тавр самти муборизаи ин гурӯҳи ҳимоякунандаи Ш. Қудратов моҳирона дар ниҳояти кор метавонад якбора ба тарғиби худи Зойиров ва таблиғи пешазинтихоботӣ равона гардад. Бо вуҷуди ин, ба гумон аст, ки ин нуфузи ҲСДТ-ро, ки тӯли солҳои зиёде дар сатҳи паст қарор дошт, баланд бардорад.
Нисбат ба «қаҳрамони базм» Ш. Қудратов тахмин кардан мумкин аст, ки ҳамаи ин сару садо аллакай тақдири ӯро ҳал нахоҳад кард ва дурнамои марҳилаи рафтан ба маҳбасхона дар рӯзҳои наздик табдил ба як воқеият хоҳад шуд. Дар ҳоле ки айбномаи ӯ бо далелҳои муътамад асос ёфта, дар онҳо ҳатто сабти суҳбатҳои худи Ш. Қудратов, ки айбашро пурра собит месозанд, гирд оварда шудаанд.
Акмал Амиров