Деҳоти «Навобод» аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва ҳудуд яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Шуғнон ба шумор меравад. Симои он дар заминаи амалҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ, сохтмони иншооти гуногуни фарҳангӣ, маъмурӣ, муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ куллан тағйир ёфта истодааст. Дар алоқамандӣ бо корҳои анҷомдода, дар соли сипаришуда раиси Ҷамоати деҳоти «Навобод» Амонулло Саидраҳмонов андешаҳояшро ба мо чунин баён кард:
-Соли 2014 дар маркази деҳот бинои маркази сӯхторнишонӣ ба истифода дода шуд. Барои бунёди он қариб 40 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷо 23 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Ин марказ ба деҳоти «Сучон», «Навобод», «Вер», «Ванқалъа» низ хизмат мерасонад.
Се сол аст, ки дар ҳудуди деҳоти «Навобод» бунёди канали обгузари Сижд идома дорад. Дар ин ҷо аллакай беш аз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани канал, ки имсол дар назар аст, дар деҳаи Сижд 60 гектар заминҳои бекорхобида ба истифода дода хоҳанд шуд. Бо об таъмин намудани деҳаи Турбат низ хеле беҳтар мегардад.
Дар деҳаи Доғзи деҳоти мазкур бошад, як гектар боғи мевадиҳанда бунёд карда шуд.
Дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Оғохон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои 87 хоҷагии маркази ин деҳот ба масофаи 3,5 км ба маблағи 159 ҳазору 283 сомонӣ ва барои 103 хоҷагии деҳаи Деҳбаста ба масофаи 6 км ба маблағи 164 ҳазор сомонӣ хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.
Барои беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳаи Ривак бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар ҳамин деҳа бо кумаки Хазинаи Оғохон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ду кӯпруки пиёдагард мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмиру тармим гардида, хонандагон дар синфхонаҳои кушод, тозаву озода ба таълиму тадрис фаро гирифта шуданд.
Аз ҷумла бо кумаки раиси ноҳия Азиз Гиёев муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 34-и деҳаи Вабист хушсифат таъмир гардид.
Мактаб-интернати № 28, ки аз ҷиҳати шумораи хонандагон дар ин деҳот калонтарин ба шумор меравад, аз тарафи ширкати сохтмонии «Мадад» ба маблағи 76 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд.
Албатта, дар ҷое, ки кор аст, камбудию мушкилот низ вуҷуд дорад. Яке аз мушкилиҳо истифодаи заминҳои Бугод маҳсуб меёбад, ки пурра ҳал нашудааст. Бинобар набудани пули мошингузар ба он ҷо техникаи шудгоркунандаро бурда наметавонанд. Заминаи моддӣ –техникии литсейи касбӣ-техникии № 77 низ беҳбудӣ металабад. Дар ин ҷо ҳанӯз толори варзишӣ нест ва барои пурра аз худ намудани касби ронандагӣ низ шароит хуб нест.
Боварӣ дорам, ки ин мушкилиҳо имсол ҳалли худро меёбанд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»