Ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№13 (3314) 29.01.2015

26 январи соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таври якҷоя як комиссияи ҳавзавӣ, ҷамъ панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раис, муовини раис, котиби комиссия ва ҳашт нафар аъзои комиссия таъсис дода шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Комиссия масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои иштироки онҳо дар интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ бо мақсади шаффоф ва озоду демократӣ баргузор намудани интихобот, мушоҳидаи раванди омодагиҳо ба баргузории интихобот аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирони байналмилалӣ даъват мешаванд.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр гардид, ки ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари Котиботи Шӯрои ин созмон Алексей Иванович Сергеев роҳбарӣ мекунад, ки намояндагони парлумонҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шахсони расмӣ ба он шомил мебошанд.

Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15  нафар нозир аз  ин созмони байналмилалӣ аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.

Масъалаҳои аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти ворид шудани пешниҳодҳо, дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор  мегиранд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»