Барқияи табрикӣ

№13 (3314) 29.01.2015

Бисту ҳаштуми январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат!

Мояи сарфарозии ин ҷониб аст, ки ба муносибати байъат ба Шумо ба ҳайси Подшоҳи Арабистони Саудӣ табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтарини худро арз намоям. Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад.

Бо истифода аз ин фурсати нек рағбати содиқонаи хешро ҷиҳати идомаи раванди ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар амри таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат, ки муҷиби хайру баракат барои мардумони бародари мо бошанд, изҳор менамоям.

Эҳтирому сипоси моро бипазиред».