Тибқи иттилои Атобек Субадоров -роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ, айёми истиқлолият дар баробари шаҳраки Рохарв ба зиёда аз 30 деҳаи ноҳия дар ҳамдастӣ бо Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон хатти оби нӯшокӣ кашида, мушкилоти сарбастаи даҳҳо хонавода осон карда шуд. Дар ин муддат, дар асоси нақша ва ҳамкориҳои судманд дар мавзеъҳои аҳолинишини даштҳои Сурхсангов, Язгулому Бовуд, Баравну Лахш, Ҷовид, Роғ, Даштак каналу ҷӯйборҳо канда шуданд. Дар натиҷа, ҳолати обёрии даҳҳо гектар киштзор ва боғот беҳтар гардид.
Ба андешаи Саидбек Қосимов, роҳбари шабакаи Бунёди Оғохон дар ноҳияи Ванҷ, бунёдкориҳо ва беҳбудиҳои рӯзгори деҳнишинон самараи истиқлолият, амалисозии Барномаи ҳукуматии рушди деҳот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат мебошад.
Дар соли 2014 бо маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кашидани хатти нави бо оби нӯшокӣ таъмин кардани мавзеи аҳолинишини Дашти Бовуд ва маҳаллаи Сомониёни маркази ноҳия оғоз гардид. Ба гуфти Одинашо Пиров, сардори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия, ин иншооти самти иҷтимоӣ барои сокинони ин қисмати шаҳраки Рохарв, ки аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, басе зарур мебошад ва он то ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Номбурда ҳамзамон афзуд, ки танҳо соли гузашта ба деҳаҳои Сед, Бунай, Бунига ва Рави деҳоти «Техарв», «Водхуд» ва «Ҷовидон» хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 4-5 километр бунёд карда шуд ва сокинони ин рустоҳо, махсусан бонувон, аз заҳмати обкашонӣ аз маконҳои хеле дур раҳоӣ ёфта, шукронаи ғамхориҳои доимии Президенти кишварро мекунанд.
Мувофиқи нақшаҳои тарҳрезинамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамкории Хазинаи Оғохон соли ҷорӣ бунёдкорӣ дар самти амалисозии барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди деҳот, пеш аз ҳама бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин кардани аҳолии дигар рустоҳо, идома дорад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»