Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи эълон намудани соли 2015 «Соли оила»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ, фармон медиҳам:
1. Соли 2015 «Соли оила» эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ ҷиҳати татбиқи Фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2015 №352