Зафар Мирзоён, яке аз зиёиёни тоҷик, ки бо мавзеъгириҳои ҷамъиятияш дар баробари мушкилоти ҷомеа машҳур аст, унвонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва «оқилони ҳизби наҳзатии ислом» як номаи боз равон кардааст.
Нусхаи ин нома, ки субҳи — 2-юми феврал ба суроғаи нашрияи «Нигоҳ» расидааст, ба ихтиёри TojNews вогузор шуд.
Дар ин муроҷиат ҷаноби Мирзоён гуфтааст: «Дар мавриди ҳизбҳои, яъне партияҳои динӣ, бояд ба якборагӣ гуфт, ки мардумони ба дин таассубдоштаро дар Қонуни сиёсие, ки асолату вижагиҳои аврупоӣ дорад, ба унвони ҳизби динӣ гирд овардан ва бад–он васила талоши сари ҳукумат кардан кори на он қадар хирадмандона аст». Ӯ ин навиштаашро бо он асоснок сохтааст, ки «чунин ҳамоиши сиёсӣ дар тафриқазоӣ миёни бовармандони дин афзоиш бахшида, ҷамъе аз динпаноҳонро ба ҳамдигарситезӣ ва раҳгумӣ вомедорад. Чаро? Чунки дар ниҳоди мусалмони узви ҳизби дининабуда дудилагие ба миён меояд, ки мусалмони асил ӯст ё онҳое, ки ба кеши ҳизбӣ гароидаанд».Матни пурраи матлабро ин ҷо мутолиа кунед:
Мехостам, ин номаро ба унвони раиси ҲНИТ, ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ бинависам, зеро он касро шоиста ба эҳтиром медонам ва аз чеҳраи тоҷиконаи пуртамкинашон пайдост, ки ба арзишҳои милливу меҳанпарастӣ дар дил ҷойгоҳи вижа додаанд ва яқин аст имтиноъ варзидани аъзои ҳизбашонро аз кунишу вокунишҳои ношоиста мояи бохирадии он кас медонам. Аммо аз ин ки мо хешро дар нигаҳбонии якпорчагии зодбуми хеш ва осоиши мардуми заҳматкаши содабину динпаноҳаш вомдор медонем, нагуфтани биниши хешро дар пиромуни ифроту тафрити бархе дингустарон, дар дарозои саргузашти ҳазоруандсолаи тоҷикон, гуноҳ мепиндорем. Он чӣ дар ин гуфтор омадааст, баргирифта аз ҳосили мутолиаву баррасиҳо, таҳлилу қиёси гузашта бо ин замони носозгори муқовиматҳои дингароии гарданшикан ва бархе ҳамсониҳо бо рӯзгори тираи пурошӯбу фоҷеабори тоҷикон мебошад.
Бояд хонандагони гиромии ҷавонро огоҳ созам, ки инҷониб соли 1991 ва моҳи марти соли 1992 мақолаҳое навишта будам унвонии «Тавозуъҳои зоҳид макри сайёд аст…» ва «Ҳама ҷо хонаи ишқ аст чӣ масҷид, чӣ киништ», бо муроҷиаву ҳушдор ба сарварони ҷараёни дингустарии он рӯзгор (аз ҷумла ҷаноби Акбари Тӯраҷонзода), ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравӣ» интишор шуда буданд, баёнгари паёмади фоҷиабарангези даъвати мардум ба майдонҳои сиёсӣ барои барнишастан ба курсии давлатдорӣ. Ҳадафам ҷалби таваҷҷуҳи шахсиятҳое буд, ки сиёсати норости дингурезии Иттиҳоди Шӯравиро василаи барошуфтани тӯдаҳо сохта, мардуми динпаноҳи тоҷикро ба майдонҳо гирд оварданӣ буданд, аммо бинобар кӯрии сиёсӣ – ноогоҳӣ ва нотавонӣ дар таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳону ҷаҳонхорон ва нашинохтани душманони дар камин нуҳуфта, хатари мардуми бепаноҳро ба чоҳи хуношоми даргириҳо ва нокомиҳо дарафкандан эҷод мекарданд. Ҳама медонем, ки фарҷоми он талошҳо ба фоҷеаи нобахшидание овард, ки захмҳояш дар пайкари ин миллат ҳанӯз ҳам дард меоварад. Албатта, дар сафи шоистагоне, ки мардумон ба гуфтаҳояшон гӯш фаро диҳанд, набудам ва нестам ва таҳлилҳои ночизамон гарде ҳам коро набуду нест, вале чуноне гуфта шуд, шахси умр ба хондан сарф кардаро боиста аст гумону дарёфтҳояшро пеши дидори дигарон гузорад. Шояд чанд касе пайдо шаваду биниши бандаро дуруст дарёбад ва чанди дигареро аз ифроту тафрит дар мазҳабгароиву тундравиҳои динӣ боздорад.
Ва инак он чӣ гуфтанист ба ҳамвандоне, ки аз меҳри ба дин парварда, дар атрофи конуни сиёсие бо номи ҳизб гирд омадаанд ва талош доранд, то аз роҳи ҳукуматронӣ ҷомеаи даҳриро ба ҷомеаи динӣ иваз кунанд, нахуст дар бораи вожаи «ҳизб» ёдовар мешавам, ки ин вожа танҳо ишора ба гурӯҳҳои дини ислом дошта, хурдтарин ҳамсоние бо калимаи аврупоии «партия» надорад (чи дар «Қуръон» ва чи дар донишҳои вожашиносӣ; Қуръон дар сураҳои 58, ояи 22 ва 11 ояи 17 вожаи «ҳизб» — ро ҷо додааст, вале на ба маънои гурӯҳи сиёсӣ, яъне партия. Ҳатто Қуръоншинос ва муфассири ин китоби осмонӣ Имон Прохорова чуноне дар тафсироташ гуфтааст, аз коргирии вожаи «партия» худдорӣ варзидааст, зеро он дархӯри баёни маънии «ҳизб» нест).
Огаҳон медонанд, ки дини ислом ҷуз аз мазҳабҳои «шиъа» ва «суннӣ», ба фирқаҳои бешуморе фасл шудааст, ки бахше аз онҳо дар тариқати худоҷӯйӣ аз ҳам дар фосилаҳои дур қарор гирифтаанд. Ҳанӯз Ҳофизи бузургвор дар он замон шумори миллатҳои диниро ҳафтоду ду адад бозгуфта буд:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
Дар ин ҷо таркиби «надидани ҳақиқат» — ро чунин шарҳ бояд дод, ки дар роҳпаймоии маънавӣ расидан то ба ҳақиқат душвор ва номумкин аст, зеро ҳама ҳақиқатҳо нисбианд, ҷуз ҳақиқати мутлақ – Худо. Ва Хайёми бузург ба ин маънӣ гуфтааст:
Қавме мутафаккиранд дар мазҳабу дин,
Қавме мутаҳайиранд дар шакку яқин.
Ногоҳ мунодие дарояд зи камин,
К – эй бехабарон, роҳ на он асту на ин.
Ҳатто аз замони хилофати Бағдод то имрӯз миллате (ҳизбе) побарҷост бо номи «Лафзия», ки ақидааш чунин аст: «Қуръон» каломи қорист, на каломи иллоҳӣ» (Астағфуриллоҳ!). Ё миллати дигаре ба унвони «Махлуқия» ақида доранд, ки «Қуръони маҷид» ва «Таврот», «Инҷил», «Забур» махлуқанд (Астағфуриллоҳ!). Ва ё ҳазор сол боз ҳизбе вуҷуд дорад унвонии «Ибрийя» бо боварие, ки «Муҳаммад Расулаллоҳ, салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллама, марде буд оқилу ҳоким, на расул» (Астағфуриллоҳ!).
Сониян, дар мавриди ҳизбҳои, яъне партияҳои динӣ, бояд ба якборагӣ гуфт, ки мардумони ба дин таассубдоштаро дар конуни сиёсие, ки асолату вижагиҳои аврупоӣ дорад, ба унвони ҳизби динӣ гирд овардан ва бад–он васила талоши сари ҳукумат кардан, кори на он қадар хирадмандона аст. Чунин ҳамоиши сиёсӣ дар тафриқазоӣ миёни бовармандони дин афзоиш бахшида, ҷамъе аз динпаноҳонро ба ҳамдигарситезӣ ва раҳгумӣ вомедорад. Чаро чунки дар ниҳоди мусалмони узви ҳизби динӣ набуда дудилагие ба миён меояд, ки мусалмони асил ӯст ё онҳое, ки ба кеши ҳизбӣ гароидаанд.
Дигар ин ки то он ҷойе иттилоъ дорам, ҳадаф аз бунёди наҳзати исломӣ бедорсозии мардум барои арҷгузорӣ ба дини муқаддаси ислом ва водоштани ҳукумат ба густаришу ҷонибдории динпаноҳону дингустарӣ мебошад, ки гумон мекунам, ҳоло дигар ин ҳадафҳо амалӣ шудаанд, чунончӣ, дар кишвар шумори масҷидҳо аз шумори мактабҳо камтар нест, донишгоҳ ва мадрасаҳои динӣ дарҳои худро барои ҷавононе, ки мехоҳанд умри хешро ба тақво ва омӯзиши аркони дини ислом бубахшанд, боз шудаанд, ҳукумат ба имомони масҷидҳо маоши ҳармоҳа медиҳад, шумори ҳоҷиёни кишвари мо дар нисбат ба кишварҳои мусалмонии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва бархе кишварҳои дигари мусалмонӣ (ба ҳар сари аҳолӣ) бештар аст. Ҳамчунон қавми тоҷик, ки табъан худоҷӯву худотарс аст, ғолибан ҳама хостҳои муҳимтарини динро, ба вижа донистану пазируфтани андешаи тавҳид, намозгузориву рӯзадорӣ, сафари ҳаҷ, хулоса аз хондани азон дар гӯши навзод, то хатнаву никоҳу расми ҷаноза ва хайру худоиро, саросар риоят дорад ва дар давлате, ки сарвараш худ ба дин вафодор аст, касе ба посдории рукнҳои дини мубини ислом мухолифат надорад. Пас метавон гуфт, наҳзати исломии дар солҳои 80 – 90-и асри гузашта бунёдшуда рисолати худро анҷом додааст ва он сӯйи корҳо боястӣ ба омӯзгорони бодониш ва аҳли тақвои ботарбияту боандеша вогузошта шавад. Ман ин гуфтаҳоро бад – он сабаб овардаам, ки садсолаи XXI садсолаи давлатҳои мазҳабӣ нест, зеро имрӯз хатари ҷангҳои мазҳабӣ дарвозаи ҷаҳони дингустариро дар кӯбидан аст. Ва шигифтангез он аст, ки дар пушти дингустарони кӯтоҳандеши нахондаву андакхонда ва фақеҳони аз сиёсати геополитикии ҷаҳонхорон дар дурӣ қарордошта чӣ неруҳои хуношоме ҷой нагирифтаанд; аз комплекси саноатии ҳарбӣ (тавлиди силоҳ ва фурӯши он), то мафияи фурӯши силоҳ, аз мафияи тавлид ва фурӯши маводи мухаддир то тундгароёни фошистӣ, аз мутаассибини ложаи масонӣ то сайҳонистони ошӯбгаро, аз арабгароёни мутаассиб то миллатгароёни паштуниву пантуркистӣ ва пантурониву панузбакӣ. Ҳилаи аз ҳама корои онҳо имрӯз то ба ҳассосияти вахим расонидани мардуми мусалмон, ба вижа ҷавонони акнун ба худошиносӣ майл пайдокарда мебошад. Онҳо барои дар чашми мардуми ҷаҳон ваҳшиву барбарӣ бознамоёндани мусалмон аз ҷавонони шарқӣ дастаҳое тартиб медиҳанд, ки аслан бар асари таълими махсус гирифтори бемории рӯҳӣ гашта, симову пӯшоку кирдорашон баёнгари барбарият мебошад. Ҳоло дигар комгор шудаанд, ки дар Аврупову Амрико ва Ҷопону Австралия агар касе мусалмонро бубинад, ҳатман гумони нахустин бар он мекунад, ки дар муқобилаш кушанда ё тарконандаи эҳтимолӣ воистодааст. Аврупоиву амрикоӣ акнун кӯдакашро дар синни наврасӣ ҳушдор медиҳад, ки аз мусалмон ҳазар бояд дошт. Корхонаҳои Хитой ҷойнамоз, тасбеҳ, тоқии арақчин, офтоба, василаҳои электронӣ барои ба осонӣ аз ёд кардани ояҳои Қуръон ва дигар армуғонҳои вобаста ба динхоҳӣ тавлид мекунанд. Яъне, бахше аз фарангиёну номусалмонон автомату тиру туфанг тавлид мекунанд, то ки ба мусалмонон бифурӯшанд, бахши дигар василаи тоату намозгузорӣ месозанд, то ки мусалмонон бихаранду ҳар чӣ бештар ба ибодат шуғл биварзанд ва албатта, аз автомашина то дандонҳилолу гӯшпоку фархак (памперс), сосискаи ҳалоли истеҳсоли Канада, кулчаҳои қандиву шириниҳо ва қаҳваву чой ва доруву дармонҳо ва садҳо ҳазорон колои дигар истеҳсол карда, бозори мусалмононро таланбор мекунанд. Барои онҳо ҳассосияти динпарастии мусалмонон ниҳоят муҳим аст, ҳатто зиндагисоз аст. Агар мусалмонон бо ҳам дар ситез намебуданд, ин даҳҳо ҳазор коргоҳҳои тавлидгари автомату тиру танку туфанг аз кор бозмемонданд. Миллионҳо коргар ҷойи корашонро аз даст медоданд, буҷаи давлатҳояшон касод мешуд. Агар ҳассосияти мусалмонон ба риояи тамоми нозукиҳои дини худ коҳиш ёфта, онҳо низ рӯ ба андешаҳои техникиву инноватсионӣ меоварданд ва худашон тавлидгари трактору обкашаку ҳавопаймову компютер ва соири василаи рӯзгор мешуданд, иқтисоди аврупоиён варшикаста мешуд. Агар дар кишварҳои мусалмонӣ оромиву осудагӣ фароҳам ояд, роҳи фурӯши аслиҳа ва героину нашъаи онҳо баста хоҳад шуд. Ин аст, ки имрӯз ҳатто дар гардиши пули аз даромади ҳуҷҷоҷ ба хазинаи Арабистони Саъудӣ воридшуда тоҷирони яҳудитабори кишварҳои аврупоиву австралияӣ ҳамсоз мебошанд. Ҳамин аст, ки Арабистони Саъудӣ ба кишвари хоҳарону бародарони мо, Ирон, ки ҷумҳурии исломист, некбин набуда, бо арабгароии хеш баҳона меҷӯянд, ки ҳатто номҳои ҷуғрофиёии садҳо сол дар ҷаҳон пазируфташударо ҷилваи арабӣ бахшанд. (Дар назар дорам талоши арабгароён барои тағйири ном кардани халиҷи Форс бо халиҷи Араб.) Соли гузашта Арабистони Саъудӣ ба кишвари Покистон 1,5 миллиард доллар ёрии молӣ расонд, аммо на ба Афғонистони ҷангзадаи гирифтори фитнаи бузургихоҳони покистонӣ.
Ончуноне ба мушоҳида мерасад, ислоҳотхоҳони мо сурудаҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ҳанӯз дар солҳои ошуфтабори 90-уми асри гузашта шиор мекарданд ва байти «Аз хоби гарон хез» — ро ҳамвора ба забон меоварданд. Онҳо гумон доштанд, ки даъвати Иқбол аз мардуми Шарқ барои аз хоби гарон бархостан ба даст силоҳ бардоштану зидди ғарбиён воистодан аст. Онҳо дарнамерафтанд, ки Аллома Иқболи динпаноҳ ишора ба вопасмонии шарқиён аз тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ аст. Дили ин фозили равшанбин бар он доғ мегашт, ки мағрибиён шираву шарбати заминро гирд оварда, ба фарзандонашон мехӯронанд, барояшон фазои осоишу оромишу омӯзиш фароҳам меоваранд, вале машриқӣ барои тар кардани гулӯи кудаки бемораш гаҳе наметавонад об пайдо кунад, ҳар тифли сеюмаш ба беморие гирифтор аст. Ҳамин аст, ки Иқбол бо дард мегӯяд:
Мусалмон фоқамасту жандапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё нақши дигар миллат бисозем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Масъала вопасмонии андешаи машриқӣ аз прогресси илмӣ – техникии замон мебошад. Мавзӯъ ин аст, ки дар он рӯзгоре, ки ҷавонони амрикоиву аврупоӣ ва ҷопониву ҳиндӣ андешаҳояшонро мутамарказ сохта, дармеёбанд, ки ҷирми (массаи) офтоб 99, 8 фоизро ташкил карда, тамоми маҷмӯи системаи офтобӣ, ба шумули замину астереоидҳо 0, 2 фоизи онро созмон медиҳанд, ё қонуни гравитатсия имкони парвози одамро ба осмон пешгӯйӣ дорад ва ё аз маводи кимиёвии мушаххас аэрозолеро тавлид метавон кард, ки бо пош додани он пардаи аз чашм ниҳон ҳосил гардида, намегузорад тири туфанг ба хат – радиуси муайяни сарбоз ҷой гирифта, ворид шуда, ба пайкари ӯ кора кунад ва монанди он ҳазорон кашфиёту дарёфтҳо, аммо дар ин ҷо андешаи ҷавононро ба омӯзиши достони Юсуфу Зулайхо ё дар ояҳои Қуръони муқаддас ҷустуҷӯ намудани қонунҳои физикаи шуоъ, кайҳоншиносӣ, генетика ва монанди он ҳикматҳои фаннӣ ҳидоят мекунанд, дар сурате ки паёми Худованд ба тарбияи равонии мардум нигаронида шудааст, на ба ибъод дар кашфи қонунҳои физикиву кимиёвӣ. Яъне, динпаноҳу динпараст будан ба сони нону об хӯрдан ҳатмӣ мебошад, вале андешаҳоро чуноне дар масали машҳури мардумӣ омадааст, сӯйи ҷустуҷӯи бутта равон кардан лозим аст, то онро маҳкам дошта, аз афтидан ба ғори бетаг эмин бимонӣ (Худо бигӯ, вале буттаро маҳкам бидор).
Дар оғози ин гуфтор ишора доштем, ки тоҷикситезони дар камин нахуфта дар дарозои ҳазорсолаи диноварии миллати мо маҳз бо дасти дастнишондаҳо ва фақеҳони дарсхондаи Бағдод, миёни иронитаборон ихтилофҳо барангехта,бинои давлатдории тоҷиконро борҳо вожгун сохтаанд. Пас аз Паямбари ислом, ба вижа пас аз чирамандии бани Уммия ва сипас бани Аббос нотавонбинии халифаҳои араб ба тоҷикон, умуман ба иронитаборон оғоз ёфт. Аз қатли Абӯ Муслими Хуросонӣ то таҳрики туркони саҳронавард бар зидди хонадони Сомониён ва барафкандани Оли Сомон гувоҳи муборизаи шадиди арабҳо барои аз миён бурдани ҳувияти миллӣ ва забони озодзодагон буд. То ки ин гуфтаҳоро кажандешон бепоя намоён насозанд ва онро бофтаи инҷониб надонанд, рӯ ба навиштаҳои торихдонони овозаманд оварда, аз далелҳову мадракҳои онҳо намунае чанд пеши дидори хонандагони гиромӣ меоварем. Аз ҷумла дар бораи иллати асосии суқути давлати Сомониён доктор Муҳаммадамини Риёҳӣ навиштааст: «Суқути давлати Сомониро ба иллати нохушнудии хилофати Аббосӣ аз вазъи иҷтимоъию фарҳангии қаламрави Сомониён, махсусан, пойтахти онҳо Бухоро, бояд донист. Хилофати Бағдод аз як сӯ миёни хонадонҳои ҳокими Сомониён, Оли Бӯя ва Оли Зиёр ихтилоф меандохт ва аз сӯйи дигар, бо дасти фақеҳони дарсхондаи Бағдод ва ғуломону сардорони турки худ ба таҳрики туркони қарахонӣ ва фақеҳони Бухоро бар зидди Сомониён мекӯшид. Саранҷом фақеҳони Бухоро ва ғуломони турк бар зидди амир Наср ибни Аҳмад шӯриданд ва дар соли 331 (952) муҷиби барканории ӯ шуданд. Дар он воқеъа иддае аз саркардагону дарбориён аз дами теғ гузаштанд, ки аз ҷумлаи онҳо Ҷайҳонии вазир буд, ки муттаҳам ба зандақа ва илҳод (бединӣ) буд». (Мақолаи «Рӯзи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома». Аз рӯзномаи «Иттилоъот», шумораҳои 24 – 26, моҳи исфанди соли 1376; 15 – 17 марти соли 1998).
Дар он мақола ҳамчунон омадааст: «Вақте туркони хатоӣ ба Бухоро ҳамла карданд, фақеҳони Бухоро фатво доданд, ки «чун муҳоҷимон мусалмонон шудаанд, бо онҳо набояд ҷангид» ва бад – ин сурат, муҷиботи суқути давлати Сомониро фароҳам оварданд». Мо дар навишторҳои пешини худ дар мавриди рӯзгори шикасти давлати Сомониён бо дасти туркони қарохонӣ аз самти шимол ва туркони сабуктегинӣ аз самти ҷануб ва ҷосусиҳои халифаҳои араб барои барошуфтани он туркзодагон бар зидди тоҷикон борҳо ёдовар шуда будем ва дар ин ҷо аз навиштаи торихнигори барҷаста Абӯмансур Абдулмалики Саъолабии Нишопурӣ (961–1037) намунаеро меоварем. Ба навиштаи Саъолабӣ, «Абӯмуҳаммад Абдуллоҳи Восиқӣ, аз бозмондагони Восиқ – халифаи Аббосӣ, ки ба назди туркон рафта буд ва дар Буғрохон нуфуз ёфта буд, дар 382 (1003) хони туркро ташвиқ ба лашкаркашӣ ба Бухоро кард. Агарчи Буғрохон дар Бухоро бемор шуду баъд аз тарки он ҷо дар миёни роҳ даргузашт, аммо дигар умеде ба бақои хонадони Сомонӣ намонд» (Саъолабӣ, «Ғарар ахбор – Мулук – ул – Фурс», Т. 1365 – 1986, с.429). Дар соли 389 (1008) турки халлухӣ (қарлуқӣ) Арслон Илг ба Бухоро ҳамла кард ва сипоҳи Сомониён ва мардуми шаҳр барои дифои пойтахт бархостанд, аммо фақеҳони Бухоро, омӯхтагони мактаби дингустарии Бағдод, ки ба дастурҳои халифаи арабгаро гӯш фаро медоданд, ҳамчун дастовез барои ислом пазируфтани номусалмонони халлухӣ, муқовимат бо душманонро хилофи шаръ эълом карданд. Аммо касе ҳам нагуфт, ки пас ҳуҷуми ин навмусалмонон ба сарзамини мусалмонон чаро хилофи шаръ нест? (Баргирифта аз мақолаи устод Муҳаммадамини Риёҳӣ, дар рӯзномаи «Иттилоъот», шумораҳои 24 – 26 исфанди соли 1376; 15 – 17 марти соли 1998), унвонии «Рӯзи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» )
Шоистаи ёдоварист, ки фақеҳон қатли омҳои лашкари Чингизро дар асри XIII «ғазаби Худо» эълом дошта, мардумро аз муқовимат бо муғулҳо бозмедоштанд. Қатли омҳои тоҷикону иронитаборонро аз дасти Темурланги ғаддор, поксозии сарзамин аз мункирони дин, бознамоёнда, ӯро «Ҳазрати Амир Темур» хонданд, ҳол он ки ӯ бо номи ислом тамоми марказҳои исломиро қатлу ғорат намуда буд:
«… тамоми пойтахтҳои исломро мавриди ниҳеб ва қатлу ғорат қарор медиҳад. Амир Темур Исфаҳонро табдил намуд ба қатлгоҳ ва ҷасаду ҷанозаи мардуми бегуноҳ дар саросари он шаҳр афтода буд». (Рене Гроссе, (1885 – 1952), «Императории саҳронавардон», баргардони Абдулҳусайни Майкада, Т. 1368 – 1989, с.711).
Шӯрбахтӣ дар он аст, ки ин кушту кушторҳои мусалмонони тоҷик аз тарафи мусалмоннамоёни бегона, бо заволи салтанати темуриён ба поён нарасид, балки дар замони фармонфармоии шайбониёну манғития бо шеваҳои гуногун идома ёфт ва дар даҳаи аввали асри XX бо фатвои рӯҳониён дар Хуросон (Афғонистони имрӯзин) шиддати дигар касб кард. Торихи куштори тоҷикони шимоли Афғонистонро пас аз қатли Ҳабибуллоҳи Калаконии тоҷик, профессор Расули Раҳин чунин бозгӯ намудааст: «Рӯҳониёни динфурӯш, ки динро барои мақосиди сиёсӣ ва ширакашии иқтисодӣ ба гаравгон гирифта буданд, худ дар саркӯби тоҷикони бедифоъ ширкат карданд ва ҳазорон фатвои диниро мабнӣ бар кофар будани тоҷикони шимолӣ содир карданд. Муллоҳои мансуб ба қабоил ва вобаста ба дастгоҳи ҷосусии инглис бо нашри мавозеъи динӣ, тоҷикони асиршударо муставҷиби эъдом ва воҷибулқатл мебошанд, ҷилва доданд. Мутобиқи ин фатво сари тоҷикони озодаро аз баданашон ҷудо мекарданд, то адолати исломӣ ва ваҷоиби шаръӣ татбиқ гардад.» (Р. Раҳин, «Ягонагии забони форсӣ дар деҳкадаи ҷаҳонӣ»., Шӯрои фарҳангии Афғонистон, 1389 – 2010, с.20)
Метавон аз чунин далелу мадракҳои торихӣ саҳифаҳои фаровон пур кард, аммо биму шигифтиҳо дар он аст, ки бархе рӯҳониёни миллатфурӯш, ки динфурӯш низ ҳастанд, имрӯз фазои ҳамон иштибоҳоти нобахшидании торихиро мехоҳанд густурда созанд. Ба чунинҳо бибояд гуфт, ки падарони мо исломро на барои он пазируфта буданд, ки дар оянда қавм бо арзишҳои миллиаш ба нестӣ бурда шавад, худоҷӯйӣ ба ҳамдигарситезӣ кашида шавад. Чунинҳоро то ба сар барниҳодани салла ва ришмониву пӯшидани ҷомаи рӯҳонигарӣ боястӣ дар мавриди рӯҳоният ва тақво дарс омӯзонд. Ва агар ин омӯзаҳоро аз динпарасти бохирад наомӯхта бошад, чунин нахондаву андакхондаро ба минбару маҷлис роҳ набояд дод. Донишманде фармудааст «ҳар чи инсонро ба сулҳу сафо, оромиву осудагӣ наздиктар месозад, рӯҳонитар аст. Тақво, яъне азхудгузарӣ, инсондӯстӣ аст ва касе ҳақ надорад, ки имони як фарди дигарро зери савол қарор диҳад». Дарвоқеъ, инсон дар назди Худо масъул аст, зеро аз ӯ баромада ва ба ӯ меравад, аммо дар назди каси дигар масъул нест.
Зидди Давлату Ҳукумат ошуфтани дингустарон аз он рӯ хатари маргбор дорад, ки дин ба эҳсосу андешаҳои ниҳоят нозуки инсонҳо сарукор дорад ва барангехтану ба бистари худкушӣ равон кардани одамони андакхонда ва ноогоҳони фалсафаи дин кори на он қадар мушкил аст. Паёми Худованд саросар ба созандагӣ ишора дорад, аммо фақеҳу мавъизахони бадкунишу кажандешу тангназар метавонад аз роҳи коргирии каломи Худованд тӯдаҳоро ба партобгаҳи ошуфтагиҳо тела диҳад. Аммо давлат наметавонад ҳатто ба хотири густариши ормонҳои демократӣ ба чунин таблиғоти пурхатар роҳ диҳад. Дин дар ҳама замонҳо бо давлат ҳамкор буд. Аз торих медонем, ки ҳар гоҳ диноварон аз ҳамкорӣ бо давлат рӯ тофтаанд ва ангушти ишора ба барангехтани мардум кардаанд, давлат онҳоро саркӯб кардааст. Чуноне ки ҳанӯз шоҳ Қубод,соли 528 мелодӣ бо маздакиён пайваста ба тағйири ойини давлатдорӣ пардохт, вале писари ӯ Хусрав (Анушервон) падарро зиндонӣ карда, ҷашне орост ва дар он базм диноварони маздакиро гирд оварда, дар ҳузури мубади мубадони зартуштӣ ва усқуфи (епископи) масеҳиёни иронӣ дастури ҳамла ба маздакиёнро дод ва 12 ҳазори ононро ба сони дарахт сарҳояшонро ба замин гӯр карду дасту пойҳояшонро берун монд. Ё дар оғози садсолаи XX Мустефа Кемал (Ататурки ҷумҳурисози Туркия) баробари ҷилави ҳукуматдориро ба даст гирифтан чанд ҳазор тундгароёни диниро ба дор овехта, чанд ҳазори дигарро ба зиндонҳо афканда буд. Ё худ амир Амонуллохони шоҳи Афғонистон чун инони фармонравоӣ ба даст гирифт, садҳо муллоҳои тундгароро ба дор кашид ё гирифтор ба занҷиру завлонаи зиндон кард.
Ин гуфторро бад – он сабаб пеши рӯ меоварем, ки замоне ки мо дар онем, ҳассосиятҳо ба дин дар нисбат ба садсолаи гузашта хеле афзудааст ва аксари тоҷикони мо дарнамераванд, ки ин ҳассосиятҳо ба осиёби бадхоҳони дини ислом ва миллати тоҷик об мерезанд.
Ва навиштори хешро бо ин байти Ҳаким Фирдавсӣ, ки пойдории динро танҳо дар хирадгароӣ донистааст, ба поён расонда, ба аъзои ҳизби наҳзат бозандешиҳо ва бознигариҳои сиёсӣ орзу мекунам:
Ҳар он дин, ки бошад ба хубӣ ба пой,
Бар он дин бошад хирад раҳнамой.
Зафар Мирзоён