Соли 2015-ум 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ботантана таҷлил мегардад.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1300 нафар, ки аз он дар вилояти Суғд 284 нафар ва дар шаҳри Истаравшан 31 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд. Вазифаи ҷонии насли имрӯза ташвиқу тарғиби корнома ва ҷонбозиҳои абармардони сангарҳои сӯзони ҷанг, сабақбардорӣ аз зиндагиву рӯзгори онҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми бобоӣ ва созандагию ободкорист. Дар ин ҷода саҳми Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи кишварамон хеле назаррас аст.
-Дар ҳаждаҳ шаҳру навоҳии вилояти Суғд Шӯроҳои шаҳриву ноҳиявии худро дорем ва дар ҳамаи онҳо намояндагони беҳтарини ин табақаи ҷомеа кору фаъолият бурда, вазифаи худро сарбаландона иҷро мекунанд, -мегӯяд Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, раиси Шӯрои вилоятии собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳсин Раҳимов.
Бино ба гуфти мавсуф, тӯли даҳ соли охир дар байни ин шӯроҳо кору фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Истаравшан бештар назаррас буда, дар байни ташкилотҳои ҳамгунаи шаҳру ноҳияҳои вилоят намунаи ибрат мебошад.Зеро сарварии ин ташкилоти бонуфуз ба уҳдаи шахсе вогузор шудааст, ки ӯ тӯли умри бобаракаташ дар вазифаҳои зиёди роҳбарикунанда кор карда, дар пешрафту такомули ин соҳаҳо саҳми муносиб гузоштааст. Ин шахси кордону уҳдабаро Абдуваҳҳоб Қаюмов мебошад.
- То ба вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр интихоб гардидани мавсуф кори мо чандон пешравӣ надошт,- ба хотир меорад узви раёсати Шӯро, собиқадори ҷангу меҳнат Ибодулло Абдуллоеви 92 — сола.
Моҳи апрели соли 2006 ин марди кордон ба ин вазифа интихоб гардиду корҳо хеле ҷоннок шуданд.
Абдуваҳҳоб Қаюмов даставвал ҷалби собиқадорони ҷангу меҳнатро ба корҳои ҷамъиятӣ вусъат бахшида, фаъолияти созмонҳои ибтидоии ба ном вуҷуддоштаро ҷоннок кард. Робитаро бо марказҳои шаҳру вилоят, комиссариати ҳарбӣ, раёсати маориф, Иттифоқи иштирокдорони муҳорибаҳои Афғонистон ва ғайра қавӣ гардонид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳо бо мардум, маҷлисҳои ҳукуматӣ ва Паёми ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати арҷгузорӣ ба хизмати падарони шуҳратманд ва модарони заҳматпеша, фарзандони содиқи Ватан ва ҳамаи онҳое, ки барои рӯзгори босаодати мо ҷоннисориҳо кардаанд, таъкид менамояд.
-Имрӯзҳо 963 аъзо ва фаъолони Шӯро хеле серкоранд. Онҳо ба истиқболи сазовори 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 омодагӣ гирифта истодаанд. Ба ин муносибат нақшаи чорабиниҳо, ки фарогири вохӯрию мулоқотҳо, дарсҳои шуҷоату мардонагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, озмунҳои иншои озод ва расмҳои беҳтарин дар мавзӯи «Корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ», ҷашнвораҳои собиқадорон, аёдати беморон, ташкили табобату истироҳати онҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, саёҳат ба ҷойҳои таърихии вилоят ва ғайра иборат мебошад, мураттаб гардида, корҳо оғоз шудаанд. Имрӯз дар ҷомеаи мо оилаҳои камбизоат ва муҳтоҷ торафт кам шуда истодаанд. Куҳансолони мо чандон ба кумаки моддӣ эҳтиёҷ надоранд, вале ҳамеша аёдат ва ҳолпурсӣ маҳаки асосии хушнудӣ ва дилгармии онҳо ба зиндагӣ мешавад,-мегӯяд Абдуваҳҳоб Қаюмов.
Абдуваҳҳоб Қаюмов дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ба номи М.Горкийи шаҳр ва факултети физика ва асосҳои истеҳсолоти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) фаъолияти хешро ҳамчун омӯзгор ва муовини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз кардааст. Баъдан дар Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва комиҷроияи шаҳр дар вазифаҳои дастурдеҳ, котиби комиҷроия ва муовини раиси шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) кор кардааст. Минбаъд фаъолияташ дар вазифаҳои мудири шуъбаи маорифи шаҳр, директори Бахши ӯротеппагии нашриёти давлатии ба номи Р.Ҷалил идома ёфт. Ӯ ҳамчунин тайи чанд сол роҳбарии кулли Иттиҳодияи матбааҳои минтақаро ба уҳда дошт ва дар пешрафти кори табъу нашр дар шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод ва Шаҳристон саҳмгузор аст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»