Ӯ мардест, ки масъулияти баланд дорад. Бисёр роҳбарон ба тобеонашон хеле сахтгиранд, вале аз худ бехабар. Асозода Хайрулло баръакс. Худ масъулиятшинос ва бо тобеонаш низ сахтгир аст.
Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?
Ин шоҳбайт шиораш аст ва ҳаёту фаъолияташро ба ин маънӣ роҳандозӣ намудааст.
Ёвари вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбек Нурзода мегӯяд, ки ман боре ҳам надидаам, ки ӯ дар ҳуҷраи дамгириаш истироҳат карда бошад. Ҳамеша пайи кор аст. Бо фиребгарон, бемасъулиятон, фориғболон созиш намекунад ва мутахассисони асил, шахсонеро, ки ба нафъи Ватан ва мардум кор мекунанд, дастгирӣ менамояд. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-лоиҳакашии Вазорати нақлиётро, ки солҳои охир фалаҷ шуда буд, барқарор ва кормандони ботаҷрибаро аз нав ба кор даъват кард.
Тӯли фаъолияти хеш ба сифати вазир ӯ барои ислоҳи камбудиҳое, ки зимни амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионии азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо мавҷуд буданд ва ба меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани онҳо корҳои шоистаро анҷом дод.
Асозода Хайрулло 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ) дохил шуда, онро соли 1978 бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм мекунад. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1978 ба ҳайси усто дар Раёсати сохтмонии «Роғунгэсстрой» оғоз ёфта, то соли 1984 дар ҳамон ҷо ба сифати саркор, саркори калон, сардори қитъа кор кардааст. Солҳои 1984-1986 дар вазифаи дастурдиҳандаи шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Файзобод кор карда, баъди чанд муддат ӯро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд равон мекунанд. Соли 1988 котиби Кумитаи ҳизбии сохтмони НБО-и «Роғун» интихоб шуда, солҳои 1990-2006 дар вазифаҳои сардори Комплекси № 3-муовини сардори Раёсати сохтмонии «Роғунгэсстрой», сардори қитъаи сохтмони асосии НБО-и «Роғун», сармуҳандис, сардори Комплекси №1-и Раёсати сохтмонии «Роғунгэсстрой», сармуҳандиси Раёсати сохтмонии «Монолит-3»-и ҶСК «Монолитстрой» фаъолият намудааст. Солҳои 2006-2009 ба ҳайси сардори Департаменти сохтмон, робитаҳои беруна ва маркетинги ҶСП «Корпоратсия Сомон Душанбе» адои вазифа мекунад. Асозода Хайрулло солҳои 2009-2010 муовини якуми Директори генералии ҶСШК «Роғунгэсстрой» ва солҳои 2010-2013 директори генералии ҶСШК «Роғунгэсстрой» буд.
29 ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Борҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун ва соли 2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Давоми фаъолияти кориаш бо меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, серталабӣ, хоксорӣ, ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва сатҳи баланди донишу маҳорати касбӣ соҳиби иззату эҳтиром гардид.
Асозода Хайрулло бо пешниҳоди Конференсияи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод аз ҳавзаи интихоботии Файзобод № 11 ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Зимни таҳияи ин мавод бо барномаи пешазинтихоботии номзад шинос шудем. Дар самти татбиқи сиёсати иқтисодӣ ӯ тарафдори раванди инкишофи бонизоми иқтисодиёт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ буда, бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нияти саҳмгузорӣ дорад.
Ӯ пайваста мекӯшад, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи муносиби хешро гузорад. Аз ҷумла дар раванди чандсолаи омӯзиши тарҳи сохтмони НБО-и «Роғун» аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ширкати фаъол дошт.
Таъмини рушди ҳамаҷонибаи маҳалҳои ҳудуди ҳавза ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо, фароҳам овардани шароит барои ташаккул ва рушди деҳот тавассути дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, мусоидат намудан ба сохтмони корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, самаранок истифода намудани захираҳои ашёи хом, сохтмону барқарорсозӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии вакил аст.
-Агар мардум маро ба сифати вакили хеш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кунанд, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, такмил додани қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва наврасон, таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот, бахусус муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ, обрасонӣ, фарҳангу варзиш, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ намудани муассисаҳои соҳа, дастгирӣ ва инкишофи тибби хусусӣ, рушди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ, ҳифз ва истифодаи дурусту мақсадноки мероси таърихиву фарҳангии минтақа, муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ ва ғайра равона месозам,- иброз намуд Асозода Хайрулло.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»