Суҳбати Сарвари давлат бо Киёши Кодера

№19 (3320) 12.02.2015

ЧИКА

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 феврали соли 2015 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония ва Агентии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори бовар намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Япония ба Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари ИМА грант ва 60 миллион доллари ИМА кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло чандин лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, амалӣ мешаванд.

Соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид. Тавассути ҳамкории босамар дар соҳаи маориф аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.

Киёши Кодера таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, бахусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

www.president.tj