6-уми феврал тавассути Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон» баромади қаблазинтихоботии ҲСДТ-ро аз забони раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров шунидем. Аниқтараш фишурдаи барномаро.
Омиле, ки боиси хиҷолати ҳизбҳои ба истилоҳ мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон бояд бошад, ин аст, ки ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекунанд дар назари овоздиҳанда худро ҳақиру ҷабрдидаи мақомот нишон диҳанд. Аз ин дид, маълум мегардад, ки ҳар яки онҳо заифу нотавонанд ва наметавонанд дар баробари рақиби пурқувват барои онҳо — ҲХДТ истодагарӣ намоянд. Овозе, ки тариқи раҳми касеро овардан, ҳисси дилсӯзии овоздиҳандаро бедор кардан ба даст меояд, оқибат бар зиёни худи овоздиҳанда тамом хоҳад шуд. Зеро заиф ҳаргиз ба пирӯзӣ намерасад. Агар яке не, дигаре зери пояш хоҳад кард. Хоҳ дар майдони сабқат бошад, хоҳ дар давлатдорию меҳандорӣ. Сиёсат ҳаргиз ҷойи заифон набудаву нахоҳад шуд. Ҳодисаҳои ду-се соли охир дар ҷаҳон рухдода дурустии ин нуктаҳоро собит карданд. Исбот шуд, ки истилоҳоте чун «озодӣ», «демократия», «ҳуқуқи инсон» ва монанди инҳо фасонае беш нестанд ва танҳо баҳонае баҳри дахолати як кишвари нерумандтар ба давлати аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ заифтар мебошанду халос. Ин шиорҳо то имрӯз касеро «озодӣ» надодаанд ва кишвареро «демократӣ» насохтаанд. Баръакс, ҳар куҷое сар халонданд, бадбахтию куштор он ҷо маскан гирифт. Мисолаш, кишварҳои арабӣ, Ироқ, Афғонистон ва ахиран Украина аст.
Аз ин нуқтаи назар, хандаовар аст, ки Раҳматилло Зойиров худу ҳизбашро бо инқилобчиёни декабрист баробар кардаву дар «бадарға» мебинад. Ва ҳатто зиндагии фараҳмандона, фаъолияти озоди ҳизбӣ ва адвокатиашро бо кор дар шахтаҳои Сибир баробар мекунад. Агар декабрист гуфта, муовини ҳабсшудаи ҳизбиаш Шуҳрат Қудратовро дар назар дошта бошад, иштибоҳаш бузург аст, зеро декабристҳо, ба қавли В.И.Ленин, «ҷуз завлонаи дасташон» дигар чизе надоштанд. Қудратов бошад, бо роҳи фанду фиреб даҳҳо ҳазор доллари муштариёнеро, ки бо ҳазорон умед барои кумаки ҳуқуқӣ ба ӯ муроҷиат мекарданд, аз худ кардааст.
Шиори ҲСДТ «Хирад, адолат ва тараққиёт» низ дар шароити ҳаёти Тоҷикистон падидаи нав нест. Зеро маҳз соҳибхирад будани фарзандони фарзонаи тоҷик миллатро аз вартаи нобудӣ берун кашид. Адолат агар намебуд, худи Раҳматилло Зойиров то вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намерасид ва имрӯз ҳизбаш низ озодона фаъолият намекард ва ӯ наметавонист, ки худро ба декабристону Ҳукумати ҷумҳуриро ба режими подшоҳии Россия баробар кунад. Дар хусуси тараққиёт бошад, ҳар касе аз рӯи инсоф дирӯзу имрӯзи кишварро муқоиса кунад, яқин хоҳад дид, ки мо дар куҷо будему то куҷо расидаем. Дуруст аст, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоии ҳалталаб ҳоло ҳам зиёданд, вале талошҳо баҳри рафъи онҳо ҳатман ҳосили дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.
Аммо ба шахсияти худи Раҳматилло Зойиров ҳамчун олим, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор бояд қоил шуд. Таҷрибаи гузашта ва таҳқиқоту омӯзиши равандҳои сиёсӣ ӯро муътақид сохтаанд, ки бидуни истиҳола, ошкоро андешаашро перомуни сиёсӣ намудани Ислом баён дорад. Ҳарчанд ӯ солиёни дароз дар тандем бо наҳзатиҳои Тоҷикистон кӯшиш мекард, ки дар чорабиниҳои сиёсӣ иштирок намояд. Ӯ пештар аз дигарон пай бурдааст, ки дар ихтиёри сиёсатмадорони исломӣ гузоштани ҳокимият кадом рӯзҳои сиёҳеро бар сари мардум оварда метавонад. Ваҳшигариҳои ДИИШ тарафи дигари масъаларо рӯшод намуданд. Мисоли корде, ки дар дасти қотил кушандаю дар дасти ошпаз ҳаловатбахшанда аст, аз Ислом низ ба ҳар навъе истифода бурда метавонанд. Имрӯз бо истинод ба оёти Қуръонӣ ин ҷаллодон ҳазорон ҳамдинони худро мулҳиду муртад эълон карда, аз дами теғ мегузаронанд, зинда мегӯронанду зинда оташ мезананд. Толибон бо ҳама ваҳшигариҳое, ки мекарданд, имрӯз дар қиёс бо ДИИШ-чиён мусичаи бегуноҳ ба назар мерасанд. Мусибату даҳшати бузургтаринаш ин аст, ки ин ваҳшиҳо кирдорҳои ғайриинсонии худро аз номи Ислом ва барои Ислом шарҳ медиҳанд, аъмоли худро ҳақ мебароранд ва онро «ҷиҳод» номида, ба умеданд, ки баъди марг ҷояшон дар биҳишт аст.
Аз ин нигоҳ, ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки дар сурати ба сари ҳокимият расидани як ҳизби сиёсии исломӣ, ҷиноҳи муътадили он зимоми давлатро ба даст мегирад. Одатан дар ин мавридҳо бартарият ҳамеша ҷониби онест, ки қаттолтар аст.
Раҳматилло Зойиров аз ҳамин ҳошия ба ин хулоса расидааст, ки эътиқоди динӣ бояд бо масъалаҳои сиёсӣ махлут карда нашавад ва Ислом муқаддас дониста, ҳамчун ҷузъи фарҳангу маънавиёт аз он истифода бурда шавад.
Ҳамаи ин чанд нуктае аз баромади пешазинтихоботии сарвари ҲСДТ буд ва банда минҳайси як овоздиҳандаи қаторӣ онро мавриди тафсир қарор додам. Боқӣ қазоват аз худи интихобкунандагон аст. Мо бояд якдилона ба сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ овоз диҳем. Чунки қимати ин арзишҳо бо афзоиши босуръати нуқтаҳои доғ дар сайёра ҳамарӯза гаронтару гаронтар мегардад.
Шарифҷони Ҳусейн