Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Созишномаҳо ба рушди истеҳсолот мусоидат менамоянд

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

DSC_0337

11 феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов С.И.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Шарипов С.И.»

3. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ

4. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

5. Дар бораи Мактуб-созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

7. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа»

8. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа»

9. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»

10. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»

11. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»

12. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»

13. Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»

14. Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»

15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

17. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият».

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа: -«Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов С.И.» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Шарипов С.И.» баррасӣ шуда, нисбати онҳо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

РАИС: -Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Мутобиқи ин ҳуҷҷат сармоягузор дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ бо тамғаи байналмилалии Кока Коларо сохта, ба истифода медиҳад.

Дар давраи аввали амалишавии лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 30 млн. доллари ИМА ва дар давраи дуюм 20 млн. доллари ИМА- ро дар бар мегирад.

Бо оғоз гаштани фаъолият, зиёда аз 120 ҷойи нави кори мустақим ва то 500 ҷойи кори нави ғайримустақим ташкил шуда, иқтидори солонаи он 100 млн. литр маҳсулотро ташкил хоҳад дод.

Тибқи дурнамо, давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот аз тарафи корхона ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои андозӣ зиёда аз 20 млн. доллари ИМА ворид хоҳад гашт.

Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шуда, ба воридоти техника ва технологияи нав, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ғайриспиртӣ, воридоти маблағ ба Буҷети давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард. Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ, ки 7 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Сармоягузорӣ аз тарафи чунин ширкати маъруф ва пуриқтидори ҷаҳонӣ ба мисли «Кока Кола Ичечек А.С.» ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба баланд гардидани сатхи ҷалби сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ду давра татбиқ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

6 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ба тарафдории он овоз диҳед.

Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Мутобиқи ин ҳуҷҷат сармоягузор дар минтақаҳои зикршуда сохтмони ду корхонаи нави сементбарориро бо  сармоягузории зиёда аз 250 млн. доллари ИМА, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. тонна ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна семент дар як сол сохта, ба истифода медиҳад.

Муҳлати татбиқи лоиҳаҳо 1,5- 2 солро дар бар гирифта, тибқи нақша то охири соли 2016 мавриди истифода қарор мегиранд. Дар натиҷа, зиёда аз 1000 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати муносиб таъмин мешаванд.

Амалишавии созишномаи мазкур ба рушди иқтисодӣ- иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи замонавӣ ба кишвар муосидат хоҳад кард.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Муҳлати татбиқи лоиҳаҳои зикргардида 1,5-2 солро дар бар гирифта сармоягузор нақша дорад, ки то охири соли 2016 корхонаҳоро мавриди амал қарор диҳад.

Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои зикршуда зиёда аз 1000 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва музди меҳнати муносиб фаро гирифта мешаванд. Пас аз истифода додани лоиҳаҳои мазкур истеҳсоли семент дар кишвар боз ба 2 млн. тонна афзоиш ёфта, имконияти содироти он ба хориҷи кишвар фароҳам меояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Шашуми феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи  Мактуб- созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» сухан ба муовини якуми директори Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокиров дода мешавад.

Шодмон ШОКИРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Мактуб- созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» пешниҳод мегардад.

Бо мақсади такмили низоми миллии омори ҷумҳурӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Шароитҳои стандартии грантҳо, ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ аз фондҳои (бунёдҳои) гуногун пешниҳод мешаванд, 15 феврали соли 2012 санагузорӣ шудаанд.

Ҳуҷҷат оид ба пардохтҳо бо ҳамон санае, ки дар Созишномаи мазкур омадааст, бо Дастурамал оид ба пардохтҳо барои лоиҳаҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 1 майи соли 2006 санагузорӣ шудааст.

«Раҳнамо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо қаллобӣ ва коррупсия дар лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби қарзҳои Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд, қарзҳо ва грантҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР)» 15 октябри соли 2006 санагузорӣ шуда, январи соли 2011 нав карда шудааст.

«Раҳнамо: хариди молҳо, корҳо ва хизматҳои ғайримушовирӣ дар чорчӯбаи вомбаргҳои Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд, қарзҳо ва грантҳои АБР аз тарафи дорандагони вомбаргҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ» январи соли 2011 санагузорӣ шуда, ба он моҳи июли соли 2014 тағйиру иловаҳо ворид гардида буд.

«Раҳнамо: ҷудо ва киро намудани мушовирон дар чорчӯбаи вомбаргҳои Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд, қарзҳо ва грантҳои АБР аз тарафи дорандагони вомбаргҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ» январи соли 2011 санагузорӣ шуда, ба он моҳи июли соли 2014 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Мақсади лоиҳа дар оянда баланд бардоштани малакаи кормандони низоми омори миллии Тоҷикистон, аз ҷиҳати иқтисодӣ таври самаранок омода ва паҳн намудани маълумоти муътамад мебошад, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, ба талаботи истифодабарандагон ҷавобгӯй аст. Лоиҳа ба дастовардҳои лоиҳаи қаблӣ оид ба устуворгардонии системаи миллии омор (ТОҶСТАТ) барои нигоҳдории пешравии бадастовардашуда асос меёбад. Лоиҳа аз қисмҳои зерин иборат мебошад:

Қисми А:Устуворгардонии малакаи институтсионалии Агентии омор (АО) ва низоми миллии омор (НМО)

Ин қисмат иҷрои чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

Пешниҳоди хизматҳои мушовирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла дастурдиҳӣ барои дастгирии як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла: (а) пурзӯр намудани муносибатҳо бо мақомоти дахлдор, ки барои қабули қарорҳо мутасаддӣ мебошанд; (б) назорати пурра, ҳамоҳангсозӣ ва ташкили чорабиниҳо мувофиқи қонун дар бораи омори давлатӣ; (в) беҳтар намудани тақсимоти захираҳо байни барномаҳо ва раёсатҳои мухталиф; (г) дар оянда беҳтар намудани идоракунии неруи зеҳнии инсонӣ (ЗИ) ва ҳайати кормандон барои расидан ба ҳадафҳои АО; ва (е) ташаккули механизм ва низомҳое, ки паҳнкунии микромаълумотро ба аҳли ҷомеа ба танзим медароранд.

Қисми В: Беҳтар намудани ташаккули маълумоти оморӣ

Пешниҳоди хизматҳои мушовирӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои дастгирии чорабиниҳои зерин: (а) беҳтар намудани малакаи методологии ҳайати кормандон дар соҳаи таснифот, стандартҳо, техникаи интихоб ва тасҳеҳоти мавсимӣ; (б) баланд бардоштани сифати маълумот; (в) бартараф намудани норасоиҳо; (г) ташаккули маълумоти омории муътамади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар бахши омори нарх, омори камбизоатӣ, омори фаъолияти тиҷоратӣ, омори иҷтимоӣ ва омори гендерӣ; (д) такмил додани механизмҳои ҷамъоварии маълумот барои тадқиқоти буҷети хонаводаҳо.

Қисми С: Беҳтар намудани муколама байни истифодабарандагон ва ташаккулдиҳандагони маълумот

Пешниҳоди хизматҳои мушовирӣ ва гузаронидани тренингҳо барои дастгирии (а) иттилоотнокӣ оид ба омор ва нашрияҳои вуҷуддошта, беҳдошти обрӯю эътибори АО; (б) муносибатҳои мутақобила байни истифодабарандагон ва истеҳсолкунандагони маълумоти оморӣ; (в) беҳдошти дастрасӣ ба омор, ки мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ паҳн карда мешаванд; (г) беҳдошти шароитҳои истифодаи микромаълумот; (д) ташаккули микромаълумоти инфиродӣ; (е) ворид намудани воситаҳо барои дархости маълумот ва нашрияҳо аз Интернет; (ж) паҳнкунии нишондиҳандаҳои миллии рушд ва (з) аз нав дида баромадан ва ташаккули қонун дар бораи омори давлатӣ.

Қисми D: Беҳдошти ҷисмонии инфрасохтор, ТИ ва автоматикунонии коркарди маълумот

Пешниҳоди молҳо ва хизматҳо барои дастгирии (а) модернизатсияи таҷҳизоти мавҷуда ва таъминоти барномавӣ барои қонеъ намудани талаботи АО; (б) беҳтар намудани шароит барои коркарди маълумот; ва (с) таҷдиди инфрасохтори вуҷуддошта ва пайваст намудани технологияҳои информатсионӣ (ТИ).

Қисми Е: Идоракунии лоиҳа

Пешниҳоди хароҷоти амалиётӣ барои амалисозии лоиҳа ва расонидани хизматҳои мушовир ба аъзои калидии гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ), аз он ҷумла ба мутахассисон оид ба харид ва идоракунии молиявӣ.

Маблағгузории корҳо барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишнома ҷудо карда намешаванд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов дода мешавад.

Абдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Мактуб- созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи  миллии рушди омор» 23 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст. Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуданд.

6 феврали соли 2015 Мактуб- созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Мактуб -созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Мактуб- созишномаи мазкур  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов дода мешавад.

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пешниҳод гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки таъмини рушди иҷтимоии мамлакат ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, нафақагирон ва оилаҳои камбизоат, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мақомоти давлатӣ пайваста чораҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд.

Лоиҳаи қонуни мазкур низ ба ҳифзи иҷтимоии нафақагирон нигаронида шуда, бо мақсади мутобиқ намудани низоми таъминоти нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои асосии суғуртавӣ таҳия карда шудааст.

Таҷрибаи амалӣ намудани қонуни мазкур нишон дод, ки татбиқи баъзе меъёрҳо ва муқаррароти он душвориҳо эҷод намуда, баъзе муқаррароти он ба ҳамдигар мухолифат мекунанд ва дар истифодаи онҳо гуногунфаҳмӣ ба назар мерасад, ки дар маҷмӯъ, татбиқи онро мушкил гардонида истодааст. Аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омад, ки бо мақсади оммафаҳм намудан, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони суғурташуда ва роҳ надодан ба зуҳуроти коррупсионӣ камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд.

Муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур танзими масъалаҳои зеринро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла:

1) Баъзе мафҳумҳои қонун ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», ки баъди ин қонун қабул гардиданд, мутобиқ карда шудааст.

2) Меъёри собиқаи суғуртавӣ барои шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, вобаста ба нишондиҳандаҳои вазъи демографӣ ва давомнокии умр дар ин ноҳия, барои мардҳо ба ҷои 300 моҳ (25 сол) 240 моҳ (20 сол) ва барои занҳо ба ҷои 240 моҳ (20 сол) 180 моҳ (15 сол) муқаррар карда шудааст.

Инчунин ба занҳои ин ноҳия, ки панҷ ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8- солагӣ тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюбро то ба ин синну сол расонидаанд, нафақаи имтиёзнок аз синни 43- солагӣ бо собиқаи суғуртавии 180 моҳ муқаррар карда шуд, ки дар қонуни амалкунанда чунин меъёр пешбинӣ нашудааст.

3) Дар лоиҳаи қонуни мазкур зиёд намудани давраи эҳтимолии пардохти нафақаҳо аз 1 январи соли 2015 аз 120 моҳ ба 180 моҳ пешбинӣ шуда буд. Аммо бо пешниҳоди шумо, ин муқаррарот аз 1 январи соли 2017 амалӣ карда мешавад. Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои демографии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри 180 моҳ мувофиқтар буда, давомнокии умри миёнаро дар ҷумҳурӣ баъди синни ниҳоии нафақа нисбатан воқеӣ инъикос менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳисоби миёна ин нишондиҳанда барои мардҳо ва занҳо 205 моҳро ташкил менамояд.

4) Минбаъд коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ мавриди ҳисоби нафақа истифода карда намешавад. Аз як тараф, истифодаи коэффитсиент андозаи нафақаи шахсеро, ки собиқаи кории зарурӣ надорад, вале маблағи сармояи шартии нафақавиаш зиёд мебошад, кам менамояд, яъне имкон намедиҳад, ки андозаи нафақаи ӯ аз рӯи сармояи шартии нафақавии воқеан ҷамъшудааш ҳисоб карда шавад. Аз дигар тараф, шахсе, ки собиқаи кори зиёд дорад, вале маблағи сармояи шартии нафақавиаш вобаста аз музди меҳнат ва даромадаш камтар мебошад, беасос зиёд карда мешавад. Хориҷ кардани коэффитсиенти собиқаи суғуртавӣ имкон медиҳад, ки андозаи нафақаи шаҳрванд аз рӯи ҳаҷми сармояи шартии нафақавии ташаккулёфта ҳисоб ва таъин карда шавад.

5) Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯйи маъюбӣ вобаста аз гурӯҳи маъюбӣ ва дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ гурӯҳбандӣ карда шуд ва ин имконият медиҳад, ки маъюбони гурӯҳҳои II ва III дар муносибатҳои низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иштирок намоянд. Айни замон барои ҳамаи категорияҳои маъюбон, сарфи назар аз гурӯҳи маъюбӣ, нафақаи суғуртавӣ як хел таъин ва пардохт гардида истодааст, ки ин аз рӯи адолати иҷтимоӣ нест.

6) Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии кӯдакони бесаробонмонда андозаи ҳадди ақали нафақаи суғуртавии онҳо аз рӯи принсипи афзоишёбӣ зиёд карда мешавад, ки ин ҳифзи иҷтимоии кӯдакони бесаробонмонда ва ятимро таъмин ва кафолат медиҳад. Ин масъала аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан пешниҳод шуда буд ва он дар лоиҳаи қонуни мазкур ба назар гирифта шудааст.

7) Ҷиҳати ба танзим даровардани пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кӯдакони ятим ва нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, инчунин нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба моддаи 48- уми қонун қисмҳои нав илова карда шуд. Муқаррароти воридкардашуда имкон медиҳад, ки тартиби пардохти нафақа ба ин гурӯҳи нафақагирон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида муайян карда шаванд.

8) Бо мақсади нигоҳ доштани қобилияти харидории шаҳрвандон ҳар сол индексатсия намудани сармояи шартии нафақавӣ ва андозаи нафақаҳо дар лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст. Сармояи шартии нафақавии шаҳрвандон дар давраи аз 1 январи соли 1999 то давраи 1 январи соли 2013, бо дарназардошти он ки дар ин давра музди меҳнати шаҳрвандон нисбатан паст буд, вобаста аз индекси афзоиши музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ва баъди ин давра аз рӯи индекси афзоиши нархҳои истеъмолӣ, яъне сатҳи таваррум индексатсия карда мешавад.

9) Механизми конвертатсияи ҳуқуқҳои  нафақавии шахсони суғурташуда, ки то 1 январи соли 1999 ба даст  оварда шудаанд, сода шуда, барои ҳар як моҳи пурраи фаъолияти кори шахси суғурташуда то 1 январи соли 1999 маблағи сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардид. Меъёри мазкур бо баҳои миёнаи ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрвандон то ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии инфиродӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқ мебошад.

Чунин тағйирот ба механизми конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрвандон тартиби ҳисоби нафақаҳои суғуртавиро сода намуда, шаҳрвандонро аз ҷамъоварии маълумотномаҳои музди меҳнат барои фаъолият дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва то давраи ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии инфиродӣ, яъне то соли 1999 дар ҷумҳурӣ озод менамояд ва ҳамчунин банақшагирии дурусти хароҷот ва дурнамои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро таъмин менамояд.

10) Барои бартараф намудани баъзе  монеаҳое, ки дар вақти амалӣ намудани қонун аз соли 2013 то имрӯз мавҷуд буданд, баъзе қисмҳои моддаи 59- уми қонун дар таҳрири нав ифода  шуда, масъалаҳое, ки  мушаххас ва таври зарурӣ баён нагардида буданд, таври возеҳ ва фаҳмо ба инобат гирифта шуданд.

Татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур дар давраи то 1 январи соли 2017 дар доираи маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки низоми мукаммали суғуртавии нафақа ва кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар ҳолатҳои суғуртавӣ таъмин карда шаванд.

Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи қонунгузории дигар давлатҳо низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Дар баробари ин, тавсияҳои коршиносони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Оид ба дастгирии ислоҳоти соҳаи нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода карда шудаанд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини  якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин  Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани самаранокӣ дар ин самт ислоҳоти заруриро гузаронида истодааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ баробари таъминоти нафақа зиёда аз 18 намуди кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, аз қабили кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ҷубронпулӣ ба аҳолӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, кумакпулӣ барои нигоҳубин ва таваллуди кӯдак, кумакпулӣ барои дафн ва дигар кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо барои оилаҳо ва шахсони ниёзманд амалӣ гардида, маблағгузорӣ ба ин мақсад сол то сол зиёд шуда истодааст.

Агар маблағгузории ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо дарназардошти таъминоти нафақа соли 2010-ум 1,1 миллиард сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015 ба ин мақсад 2,9 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба соли 2010-ум 2,6 маротиба зиёд мебошад.

Танҳо барои таъмини нафақа аз Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2015-ум, зиёда аз 3 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба соли 2010 се маротиба зиёд мебошад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ дар солҳои оянда низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, маблағгузории он боз ҳам зиёд мегардад.

Бинобар ин, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, супориш дода шуд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, идрорпулӣ ва нафақа аз 1 сентябри соли 2015 зиёд карда шавад ва иловатан ба ин мақсад дар як сол 1,3 миллиард сомонӣ ва дар чор моҳи соли ҷорӣ 330 миллион сомонӣ равона мегардад.

Аз ҷумла ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ба андозаи 20 фоиз ва нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба андозаи то 20 фоиз зиёд мешаванд.

Андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» 12 январи соли 2010 қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Ҳангоми татбиқ намудани қонуни мазкур муайян гардид, ки баъзе аз муқаррароти он ба ҳамдигар мухолифат намуда, дар истифодаи онҳо гуногунфаҳмиҳо ҷой доранд, инчунин баъзе мафҳумҳо номукаммал мебошанд, ки тавзеҳоти иловагиро талаб менамоянд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» тағйироти дахлдор ворид шаванд. Бо мақсади шаффоф ҳисоб намудани нафақа ва фароҳам овардани механизми таъин ва пардохти он қабули қонуни мазкур муҳим мебошад.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо бо мақсади таъмини барномаҳои компютерӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонидани Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро ба анҷом расонида, ба маблағи 900 ҳазор евро таҷҳизоти компютериро дастрас намудааст.

Чорабиниҳои мазкур имконият медиҳанд, ки солҳои наздик пардохт ва таъиноти нафақа пурра ба танзим дароварда шавад.

Минбаъд низ ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ дар самти ислоҳоти нафақа давом дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки яке аз шартҳои ташкилотҳои молиявӣ  қабул намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мебошад.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Бег Қурбонов дода мешавад.

Бег ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо мақсади  мутобиқ намудани  низоми таъминоти нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои асосии низоми суғуртавии таъминоти иҷтимоӣ, ки аз пардохти саҳмҳои муайяни суғуртавӣ вобаста мебошад, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо коршиносони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Оид ба дастгирии ислоҳоти соҳаи нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо таҳия шудааст.

Тағйиру иловаҳои пешбинишуда, риоя ва татбиқи ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба таъминоти иҷтимоӣ ҳангоми пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, бекорӣ ва дигар ҳолатҳо таъмин намуда, тартиби таъину ҳисоби нафақаҳои суғуртавиро содатар мегардонад.

Илова бар ин, меъёрҳои нави дар лоиҳа пешбинишуда шаҳрвандонро аз ҷамъоварии маълумотномаҳои музди меҳнат барои фаъолият дар замони то соҳибистиқлолӣ ва то давраи ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии инфиродӣ озод карда, ҳаҷми кори мақомоти ваколатдорро кам менамояд ва банақшагирии саҳеҳу дақиқи хароҷот ва дурнамои тарҳрезии маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро имконпазир мекунад.

Бо мақсади нигоҳ доштани қобилияти харидории нафақагирон ҳар сол индексатсия  намудани  сармояи шартии нафақавӣ ва андозаи нафақаҳо дар қисми 40-уми лоиҳаи қонун пешбинӣ карда шуд, ки мувофиқи он  сармояи шартии нафақавӣ дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013, бо дарназардошти тайи ин давра  нисбатан паст будани сатҳи музди меҳнати шаҳрвандон, вобаста аз шохиси афзоиши музди миёнаи меҳнат  дар ҷумҳурӣ ва баъди ин давра аз рӯи шохиси афзоиши нархҳои истеъмолӣ индексатсия мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2015 таҳти № 2761 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

6 феврали соли 2015 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва ворид намудани тағйиру иловаҳои зеринро зарур шумориданд. Бо пешниҳоди мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев таклифҳои зерин ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуд:

1. Дар сархати шашуми қисми 17-уми лоиҳа баъд аз калимаҳои «эҳтимолӣ, ки» калимаҳои «то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ» илова карда шуданд.

2. Моддаи 2-юми лоиҳа дар таҳрири зерин ифода карда шуд: «Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад. Меъёрҳои моддаи 24 ва қисми 4 моддаи 46 қонуни мазкур аз 1 январи  соли 2017  татбиқ карда мешаванд.».

Ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро, дар маҷмӯъ, дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмили он ворид намудани таклифу дархостҳои  худро пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, аз 124 таклифу пешниҳод 89-то қабул ва 20-то қисман қабул ва 15-тои дигараш қабул карда нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои пазируфташуда, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Дар муҳокимаи ин масъала вакилон Мусоябшо Назриев ва Исмоил Талбаков иштирок намуда, андешаҳои худро иброз доштанд. Вакил Шодӣ Шабдолов зикр намуд, ки лоиҳаи қонунро дар ин шакл қабул кардан имкон надорад, зеро тағйирот хеле зиёд мебошад. Ӯ пешниҳод намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои такмил додан баргардонида шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» пешниҳод гардидааст.

Беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ) ва хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ  ҳамчун яке аз омилҳои муҳим барои ҳаёти солим дар Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барнома  ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол сифати хизматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар гардида истодааст.

Айни замон чунин лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода амалӣ гардида истодаанд, ки созишномаҳои ин лоиҳаҳо тасдиқ карда шудаанд.

Мақсади лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ  ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд, иборат аст.

Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, масоҳаташ 2,4 ҳазор гектарро ишғол менамояд ва дар ҳудуди он 103 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳр 17 мактаб бо 22,7 ҳазор нафар хонанда, 358 муассисаи калони тандурустӣ ва дигар иншооти маданӣ – маишӣ ҷойгир шудаанд.

Шумораи шаҳрвандон ва муассисаҳое, ки аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа хизматрасонӣ карда мешаванд, 53,2  ҳазор аҳолӣ ва 358 адад ташкилоту муассисаҳо (мағозаҳо, бозорҳо, таваққуфгоҳи автобусҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва ғайра)-ро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъоварӣ ва бурдани партовҳо бо истифодаи даҳ адад техникаи куҳна, ки аксарияти онҳо фарсуда  ва таъмирталаб мебошанд, амалӣ мешавад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бамиёномада ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муроҷиат намуд.

Дар робита ба ин, 9 июли соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи кафолатӣ ба имзо расонида шудааст ва тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат  медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ мешавад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» 4,94 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 2,0 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 2,0 миллион доллари ИМА гранти Фонди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ғайр аз ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо намудани 940 ҳазор доллари ИМА барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи  Барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани  сифати хизматрасонӣ, бехатарии санитарӣ ва экологии шаҳри Қӯрғонтеппа ва беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолии ин минтақа таъмин карда мешавад.

Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи  кафолатии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин дода мешавад.

Муҳаммадамин ҲИСОРИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Ба баррасӣ Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид  ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа», ки 9 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, пешниҳод мешавад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, бо мақсади идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа равона гардида, он аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа, гирду атрофи он, аз ҷумла шаҳри Сарбанд, қисман ноҳияҳои Бохтар ва Вахш, ҳамчунин сохтмони партовгоҳҳои марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯй мебошад, иборатанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи уҳдадориҳои баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  кафолат дода шудааст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи  кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа»-ро дар ҷаласаи васеъ 6 феврали соли 2015 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КДФ «Хоҷагии  манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа  ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи дастгирӣ байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» пешниҳод гардидааст.

Зикр намудан зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа», ки дар баромади қаблӣ ёдрас шуд,Созишномаи дастгирии лоиҳа байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст. Ба имзорасонии Созишномаи мазкур яке аз талаботи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба ҳисоб рафта, тибқи Созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бояд корҳои зеринро ба уҳда гирад:

- иҷрои саривақтии уҳдадориҳои маблағҳои қарзиро аз ҷониби шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таъмин намояд;

- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаҳои ҷамъоварии партовҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда ҷорӣ намояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа назорат ва таъмин намояд.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин дода мешавад.

ҲИСОРИЗОДА Муҳаммадамин: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасӣ Созишномаи дастгирӣ байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа», ки 9 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи дастгирӣ байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа»-ро 6 феврали соли 2015  бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибдорӣ намуда, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ  намоед.

Вобаста  ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев  дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» барқарорсозии инфрасохтори троллейбус, таҷдиди зеристгоҳҳо ва иваз намудани ноқилҳо дар роҳҳои пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи  Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» мебошад.

Бояд зикр намуд, ки айни замон Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» дорои 179 адад троллейбус буда, дар 12 зеристгоҳи тақвиятӣ, ки аз солҳои 1955-1960 мавриди истифода қарор доранд ва бинобар истифодаи тӯлонӣ таъмирталабанд, хизматрасонӣ карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро барои бартараф намудани камбудиҳои дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» мавҷудбуда ба мақсад мувофиқ шуморида, ҷиҳати ҳалли онҳо ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муроҷиат намуд.

Дар робита ба ин, 4 ноябри соли 2010 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи кафолатӣ ба имзо расонида шудааст ва тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ мешавад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» 8,1  миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 3,6 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 3,6 миллион доллари ИМА гранти Фонди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ғайр аз ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо намудани 940 ҳазор доллари ИМА кумаки техникӣ барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи Барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бехатарии ҳаракати нақлиёти истифодаи умум, бехатарии санитарӣ ва экологӣ таъмин карда мешавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи кафолатии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2015 таҳти  № 2796 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мувофиқи Созишномаи мазкур ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кафолат дода шудааст.

Инчунин тибқи Созишномаи кафолатӣ қарзгиранда дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохти андозҳо ва боҷҳо барои хариди молу хизматрасониҳо, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ озод карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

4 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» Созишнома мавриди баррасӣ қарор  гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Cозишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи  Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»  ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»  ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳа барқарорсозии инфрасохтори троллейбус, таҷдиди зеристгоҳҳо ва иваз намудани ноқилҳо дар роҳҳои пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа ба Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» кафолати гирифтани қарзро додааст.

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 3,6 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки хизматрасонии қарз пурра ба уҳдаи Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус», аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳо, кашонидани мусофирон, ки тақрибан дар як сол 10 миллион мусофирро ташкил медиҳад, гузошта шудааст ва ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз-15 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – се сол;

- меъёри фоиз – либор + як фоиз.

Дар баробари қарзи мазкур барои татбиқи лоиҳа маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидаанд.

Шартҳои пешниҳод намудани қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 68,1 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2018 идома хоҳад ёфт. Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов дода мешавад.

 

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2015 таҳти № 2795 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи қарзӣ аз ҷониби Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 4 ноябри соли 2010 ба маблағи 3,6 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Дар Созишномаи қарзӣ ҳама шартҳои татбиқи лоиҳа ва шартҳои пешниҳоди қарз оварда шудаанд, ки онҳо бо шартҳои Созишномаи грантӣ як хел мебошанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

4 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Cозишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: -Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтараи Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Зикр намудан зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» 4 ноябри соли 2010 Созишномаи дастгирии лоиҳа байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст.

Ба имзорасонии Созишномаи мазкур яке аз талаботи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба ҳисоб рафта, тибқи Созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бояд:

- иҷрои уҳдадориҳои маблағҳои қарзиро аз ҷониби Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» таъмин намояд;

- назорат намояд, ки тамоми ё қисмате аз амволи ККВД «Троллейбус», ки барои амалӣ шудани фаъолияти асосии он зарур аст, ба фурӯш набарорад ё ба касе надиҳад;

- дар татбиқи лоиҳаи мазкур дар доираи маблағгузории қарзӣ ва грантӣ барои хариди тамоми молҳо ва хизматрасониҳо, дар чорчӯбаи ҳамкории техникӣ додашаванда аз андозу боҷҳои маҳаллӣ озод намояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», ки 4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

4 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Cозишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ККВД «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Созишномаи грантӣ 31 октябри соли 2014 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ККВД «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 3,6 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Шартҳои татбиқи Созишномаи грантӣ бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин:

- барқарорсозии то 12 км инфрасохтори барқии рӯизаминии троллейбус;

-барқарорсозии кашишгоҳҳои зеристгоҳҳои барқӣ;

- ивазкунии хатҳои кабелии барқӣ;

-барқарорсозии бому тирезаҳои истгоҳҳо, махсусан дар устохонаҳое, ки хавфи захмгирӣ бештар аст;

-таъмин намудани устохонаҳо ва зеристгоҳҳо бо воситаҳои асосӣ, аз ҷумла айнакҳои муҳофизатӣ, мӯзаҳо, дастпӯшакҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо барои корҳои кафшергарӣ ва ғайра.

Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин бояд зикр намуд, ки маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

4 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Cозишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Мактуб-созишнома ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки бинобар дар соли 2012 пайдо шудани мушкилот, аз ҷумла оид ба пардохти комиссияи бонкӣ барои уҳдадории яке аз бандҳои созишномаи қарзӣ (захиракунӣ) 0,5 фоиз ва оид ба андозбандии машваратчиёни хориҷӣ, татбиқи лоиҳаи мазкур мавқуф гузошта шуда буд. Баъдан ҷиҳати аз нав татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бо бонк ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гуфтушунидҳо гузаронида шуд. Баъди вохӯриҳои тӯлонӣ дар моҳи октябри соли 2014 Мактуб- созишномаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаҳои асосӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи Мактуб-созишнома ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирии лоиҳа, ки соли 2010 ба имзо расидааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, аз ҷумла:

- тамдиди муҳлати пардохти қарз то соли 2025;

- муҳлати дастрасӣ ба маблағҳо то моҳи декабри соли 2017 тамдид карда шудааст;

- муҳлати омодасозии «Барномаи инкишофи корпоративӣ» то соли 2017 тамдид шудааст;

- муҳлати ба итмомрасии лоиҳа то соли 2018 тамдид карда шудааст.

Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки Мактуб –созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2015 таҳти № 2799 Мактуб-созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади лоиҳа барқарорсозии инфрасохтори троллейбус, таҷдиди зеристгоҳҳо ва иваз намудани ноқилҳо дар роҳҳои пойтахт буда, арзиши умумии лоиҳа ба 8,1 млн доллари ИМА баробар аст. Аз ҷумла маблағи қарзӣ 3,6 млн. доллари ИМА, маблағи грантӣ 3,6 млн. доллари ИМА ва кумаки техникӣ 0,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Мактуб-созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

4 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» Мактуб-созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Мактуб-созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ба тарафдории он овоз диҳед.

Вобаста ба тасдиқи Мактуб-созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Мактуб-созишнома ба Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Тибқи Мактуб-созишнома ба Созишномаи кафолатӣ дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирии лоиҳа кафолати додашуда тағйир наёфта, уҳдадориҳои он дар созишномаи кафолатӣ дарҷ гардида, дар созишномаҳои нав низ мавриди амал қарор мегирад.

Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки Мактуб-созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактуб- созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Мактуб-созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Мактуб-созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ба тарафдории Мактуб-созишномаи мазкур овоз диҳед.

Вобаста ба тасдиқи Мактуб-созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

Зиёратшо Саъдулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода ва                Б.Табарзода пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ карданд. Ҷиҳати такмил ёфтани он 22 таклиф пешниҳод гардид, ки пурра ва қисман  қобили қабул дониста, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 4 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» се қисмро дар бар гирифта, мутобиқи қисми 1-уми лоиҳа моддаи 6 Кодекси амалкунанда хориҷ карда мешавад. Ба Кодекс боби 18 илова карда мешавад, ки он аз ду модда иборат аст, яъне «Моддаи 129. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Моддаи 130. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур»

Тағйироти ба Кодекси амалкунанда воридгардида қонуни мазкурро такмил дода, мутобиқати дохилии меъёрҳои онро ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саттор Холов дода мешавад.

Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода, И.Абдуллозода ва Р.Амирзода ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни зикргардида ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати бартараф сохтани норасоӣ ва мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонунгузории амалкунанда таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни номбурдаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 таклиф пешниҳод гардид, ки 18 таклиф қабул, чор таклиф пешниҳод қисман қабул ва ду таклиф қабул нашуд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, барои мукаммал кардани қонуни амалкунанда, аз байн бурдани мухолифати меъёрҳо ва сода гардидани татбиқи якхелаи он мусоидат менамояд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 6 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саттор Холов дода мешавад.

Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва И. Абдуллозода ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни зикргардида ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт таклиф пешниҳод гардид, ки ҳафт таклиф қабул ва як таклиф қабул нашуд. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати бартараф намудани норасоӣ ва ихтилофҳои ҷойдошта, риояи дақиқ ва татбиқи якхелаи қонунгузорӣ мусоидат менамояд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 6 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ