12 феврали соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба масъалаҳои ВАО Миклош Хараштиро ба ҳузур пазируфт.
Шукурҷон Зуҳуров Миклош Хараштиро, ки ҳамчун роҳбари ҳайати нозирони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо омадаанд, хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба ҷараёни тайёрӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ суҳбат орост. Шукурҷон Зуҳуров нахуст аз кумакҳо ва ҳамкориҳои САҲА дар Тоҷикистон ёдовар шуда, нақши ин созмони бонуфузро дар раванди демократикунонии ҷомеаи кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
- Таи ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши бунёди ҷомеаи демократӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кишвари мо тамоми принсипҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, озодии дин ва озодии сухан риоя ва иҷро карда мешаванд, -гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров.
Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар робита ба омодагирӣ ба маъракаи интихоботи қарибулвуқӯъ изҳор дошт, ки дар кишвари мо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин рӯйдоди муҳим омодагирии ҳамаҷониба рафта истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таъкид бар он доранд, ки интихобот бояд ба таври шаффофу демократӣ бо иштироки ҳар чӣ бештари интихобкунандагон баргузор карда шавад.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар бораи қонунгузорӣ дар бораи интихобот, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудаанд, изҳори назар карда, аз ҷумла гуфт, ки мутобиқи ин тағйиру иловаҳо барои шахсоне, ки ба номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мегарданд, як силсила сабукиҳо пешбинӣ шудааст. Натиҷаи ҳамин сабукиҳост, ки дар ҳавзаҳои интихоботии мамлакат 4 — 5 нафар ва зиёда аз он номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шудаанд. Дар баробари ин, шумораи занон-номзадҳо низ назар ба интихоботҳои пеш зиёд гардидааст. Тамоми номзадҳо аз имтиёзҳои яксон бархӯрдор буда, бе ягон монеа аз онҳо истифода карда метавонанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суҳбат ба як силсила саволҳои меҳмонон оид ба интихобот ва тартиби баргузории он посух дод.
Шукурҷон Зуҳуров ба Миклош Харашти ва ҳайати ҳамроҳонаш дар иҷрои вазифаи масъули нозириашон дар интихоботи дарпешистода барори кор таманно намуд.
Миклош Харашти барои пазироӣ ва суҳбати самимӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки интихобот дар сатҳи баланди сиёсӣ ва бо риояи тамоми талаботу муқаррароти мавҷуда баргузор хоҳад гардид.
Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир А. ИСОЕВ