Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 феврали соли 2015, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Шӯрои амният, кормандони Палатаи ҳисоб ва мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия!
Ҳозирини гиромӣ !
Мақсад аз ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои амният баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии давлат, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдори соҳа мебошад.
Имрӯз назорати хароҷоти маблағҳои буҷетиро дар кишвар Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сохторҳои аудити дохилии вазорату идораҳо амалӣ менамоянд.
Барои амалӣ намудани иқдомҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар дар самти назорати истифодаи самараноки маблағу воситаҳои Буҷети давлатӣ соли 2011 мақоми нави давлатӣ – Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд, ки вазифаи он аз санҷиши истифодаи маблағҳои пулӣ ва воситаҳои моддии давлатӣ, инчунин андешидани чораҳои қонунӣ ҷиҳати ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағу воситаҳо ва барқарор кардани онҳо иборат аст.
Палатаи ҳисоб яке аз унсурҳои калидии низоми назорати хароҷоти захираҳои миллӣ, инчунин воситаи мутобиқгардонии қарору барномаҳои кӯтоҳмуҳлати иқтисодиву иҷтимоӣ бо манфиатҳои дарозмуҳлати давлат ва ҳадафҳои стратегии рушд мебошад.
Мақоми мазкур бо мақсади ба роҳ мондани назорати қатъии молиявӣ ва фароҳам овардани имконият барои рушди иқтисодӣ таъсис дода шуда, яке аз вазифаҳои асосии он аудити мустақили беруна оид ба асоснокии лоиҳаи Буҷети давлатӣ, баҳодиҳӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ мебошад.
Бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он диққати ҷиддӣ медиҳем ва гузашта аз ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем.
Бо ин мақсад соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардида, барои татбиқи он як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Соли 2008 аз тарафи Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба тасвиб расида, меъёрҳои қонунгузории миллӣ ба он мутобиқ гардонида шуданд.
Ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, бартараф кардани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мубориза бар зидди коррупсия соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ оид ба ҳамоҳангозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Соли 2007 Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия табдил дода шуд, ки вазифаи он пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, назорати истифодаи маблағу воситаҳои пулию молӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор ва тақвияти минбаъдаи мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб мебошад. Инчунин Агентӣ мақоми махсусгардонидашуда ва субъекти асосии мубориза бо коррупсия буда, барои амалӣ намудани вазифаҳои худ ҳамаи имкониятҳо, пеш аз ҳама, қонун ва дигар асноди дахлдори ҳуқуқиро дар ихтиёр дорад.
Агентӣ фаъолияти ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунии ҳарбӣ, бонкҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдори онҳоро ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани кирдорҳои коррупсионӣ санҷида, дар мамлакат фазои ягонаи муборизаро бар зидди ин зуҳурот фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия то ба имрӯз дар самти иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд.
Дар панҷ соли охир аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба истифодаи маблағҳои Буҷети давлатӣ ва воситаҳои моддӣ 6 636 ва дар ду соли фаъолият аз ҷониби Палатаи ҳисоб 334 санҷишу тафтишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии зиёда аз як миллиард сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Вале аз ин маблағ ҳамагӣ 633 миллион сомонӣ, яъне фақат нисфи он барқарор карда шудааст, ки ин ҳолат нишондиҳандаи самаранокии пасти фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар кишвар мебошад. Бар замми ин, назорати ҷуброн намудани қисми боқимондаи маблағҳои давлатӣ боз ҳам беҳбудӣ металабад. Ташвишовараш он аст, ки барои сари вақт ва пурра барнагардонидани ин маблағҳо ягон шахси мутасаддӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Бинобар ин, зарур аст, ки вобаста ба масъалаи мукаммал гардонидани баҳисобгирии маблағҳои аз ҳисоби зарару камомад ва тасарруф барқароркардашуда ва ба мақсади муайян равона кардани истифодаи онҳо дар назди Вазорати молия суратҳисоби алоҳида кушода шавад, то ки назорати саривақтӣ ва пурра баргардонидани маблағҳо ва истифодаи самараноку мақсадноки онҳо таъмин гардад.
Камомад ё хароҷоти беасоси маблағҳои буҷетие, ки ҳангоми тафтишу санҷишҳо барқарор карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби мавҷуда ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шаванд, вале дар аксар ҳолатҳо ин маблағҳо дар ихтиёри худи идора ва ташкилотҳо гузошта мешаванд ва ин амал аз назари мақомоти назорати молиявӣ дар канор мемонад.
Дар баробари ин, амалияи ба Буҷети давлатӣ барнагардонидани бақияи маблағҳои истифоданашудаи буҷетӣ ва барои соли оянда ба ҳамин андоза кам кардани сметаи хароҷоти маблағҳои буҷетӣ вуҷуд дорад. Вале асоснокӣ ва ба мақсад мувофиқ будани ин амалҳо аз тарафи мақомоти назорати молиявӣ баррасӣ карда намешавад.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади пешгирӣ намудани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар маблағҳои ба онҳо баробаркардашуда амалияи аз як модда ба моддаи дигар гузаронидани маблағҳои мазкур қатъиян манъ карда шавад.
Соли 2014 аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 436 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Дар ҷараёни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 241 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шудааст.
Вале масъалаҳои расонидани зарари молиявӣ аз хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон, расонидани зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, роҳ додан ба талафи воситаҳои асосӣ, пинҳон намудани маблағҳои андоз ва сари вақт пардохт накардани фоидаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта ҳоло ҳам ташвишовар мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, ба хотири татбиқи саривақтии талаботи Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва пешгириву роҳ надодан ба чунин амалҳои нангин тадбирҳои қатъӣ андешанд ва вазифаҳои дар наздашон гузошташударо пурра иҷро намоянд.
Дар шароите, ки Буҷети кишвар сол то сол зиёд мешавад, мақсади мо ҳам аз ташкили Палатаи ҳисоб ҳамчун сохтори мустақил баҳодиҳӣ ва назорати иҷрои Буҷети давлатӣ мебошад.
Мо доим таъкид мекунем, ки дар баробари таъмини иҷрои Буҷети давлатӣ шаффофият ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Вале бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ танҳо соли гузашта аз ҷониби Палатаи ҳисоб 236 миллион сомонӣ ва аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 13 миллион сомонӣ истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ муайян карда шудааст.
Бо дарназардошти вазъи номуътадили муносибатҳои молиявию асъорӣ дар иқтисодиёти кишварҳо ва душвориву мушкилиҳои эҳтимолии ин раванд ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, пеш аз ҳама, сохторҳои санҷишкунанда бояд ба масъалаи таъмин намудани самаранокӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар ин ҷода сатҳи касбияти кормандони сохторҳои санҷишӣ бояд баланд бошад ва манфиатҳои умумидавлатӣ аз манфиатҳои алоҳидаи сохтору мақомоти давлатӣ ҳамеша боло гузошта шаванд.
Масъалаи дигаре, ки боиси афзоиши ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ мегардад, мавҷудияти омилҳои коррупсионӣ дар мақомоти молия ва андоз мебошад.
Ҳарчанд ки аз ҷониби мутахассисони Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз, кам кардани маблағи сметаҳои хароҷотӣ, қарзҳои беасоси кредиториву дебиторӣ ва маблағи аз ҳисоби дигар манбаъҳо барқароркардашуда ва зиёдомади молу мавод як қатор корҳо ба иҷро расонида шудаанд, вале дар давоми соли гузашта ҳаҷми бақияпулиҳои андоз беш аз 642 миллион сомониро ташкил додааст.
Вобаста ба масъалаи пешгириву бартарафсозии ҳолатҳои изофанависӣ ва талафи воситаҳои пуливу моддӣ вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсиониро зарур аст, ки ҷиҳати муайян кардани ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмон, гузаронидани озмунҳо ва интихоби дурусти ташкилоту корхонаҳои пудратӣ ва молтаъминкунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки то ҳанӯз дарёфти сарчашмаву имкониятҳои боз ҳам афзун гардонидани даромадҳои Буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ҳангоми тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар 35 корхонаву муассисаҳои тобеи Вазорати энергетика ва захираҳои об дар соли 2014 ба маблағи 16 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Аз ҷумла зарари молиявии ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» расонидашуда зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар панҷ соли охир аз ҷониби Агентӣ дар фаъолияти молиявию хоҷагидории марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 42 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Инчунин дар татбиқи баъзе барномаҳои давлатӣ талафи воситаҳои пулӣ мушоҳида мегардад. Масалан, дар ҷараёни татбиқи «Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» аз 2,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷудогардида 1,5 миллион сомонӣ ё беш аз 58 фоиз ва «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 миллион сомонии ҷудогардида 1,3 миллион сомонӣ ё 70 фоизи он беҳуда хароҷот ё тасарруф карда шудааст. Дар кишвар сатҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ҳаҷми маблағҳои зиёни он низ ташвишовар аст.
Санҷишҳо муайян намуданд, ки камбудиву норасоиҳои зиёди молиявӣ, хусусан дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, нақлиёт ва алоқа содир шудаанд.
Чунин камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ ва молу маводи арзишнок дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва сохторҳои онҳо аз беназоратӣ ва бемасъулиятии роҳбарону мутасаддиёни ин соҳаҳо шаҳодат медиҳанд.
Бинобар ин, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назоратро аз рӯи иҷрои нишондиҳандаҳои даромади буҷет, тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таъмин намудани истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти буҷет ва роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ пурзӯр намоянд.
Таҳлили раванди ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ имкониятҳои зиёд кардани ҷамъоварии андозҳо ба инобат гирифта намешаванд ва нақшаи даромадҳои худӣ рӯирост паст нишон дода мешавад ва зарурати рӯёнидани бақияпулии пардохту андозҳо аз мадди назар дур мемонад. Чунин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани даромади иловагӣ мегардад, ки он баъдан воситаи суиистифода қарор гирифта, ба дигар мақсадҳо равона карда мешавад.
Ин гуна камбудиҳо дар фаъолияти ташкилотҳои буҷетии ҳамаи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ошкор карда шудаанд. Инчунин назорати фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар онҳо давлат саҳм дорад, беҳбудиро талаб менамояд. Фаъолияти аксари онҳо солҳои тӯлонӣ аз назорати молиявӣ берун монда, худсарона барои манфиати худ кор мекунанд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар баробари маблағгузорӣ аз Буҷети ҷумҳуриявӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои дохилӣ самаранок истифода бурда, рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳоро дар доираи маблағҳои буҷети маҳаллӣ таъмин намоянд.
Дар баробари ин, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини сифатноки иҷрои буҷет, пардохти пурраи бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба ташаккули бақияпулиҳои нав, таъмини шаффофият ва самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, дарёфти дигар сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ва пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин доир ба назорати фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар онҳо давлат саҳм дорад, чораҷӯйӣ намоянд.
Солҳои охир дар мамлакат ғайриқонунӣ ҷудо намудан ва фурӯши қитъаҳои замин ба як ҳодисаи маъмул ва воситаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тайи панҷ соли охир вобаста ба қонуншиканиҳо дар соҳаи замин 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ин самт 2687 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки 441 адади онро парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд. Вале бо вуҷуди чораҳои андешидашуда қонуншиканӣ дар истифодаи замин ҳанӯз ҳам кам нест.
Аз ин рӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти прокуратура, бахусус сохторҳои маҳаллии он ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани қонуншиканиҳо дар ин соҳа чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар ин радиф, таъкид месозам, ки таъмини бехатарии иқтисодӣ ва таҳкими низоми молиявию буҷетии кишвар, мубориза бо коррупсия ва омилу падидаҳое, ки имрӯз садди рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, бояд вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ бошад.
Бояд гуфт, ки то ба ҳол тафтишу санҷишҳо дар як корхона, махсусан дар қисмати назорати истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои сармоягузорӣ пайи ҳам ва бо навбат аз тарафи якчанд мақомот такроран гузаронида мешаванд, ки чунин вазъ боиси ташвишу нигаронист.
Ҳозирини гиромӣ!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Агар соли 2010 ҳамагӣ 1639 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас соли 2014- ум 2310 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар панҷ соли охир аз тарафи ҳамаи субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия 11709 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 6320 ҷиноятро Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор намудааст ва 1833 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Инчунин аз ҷониби Агентӣ дар ҳамин давра тафтиши 2376 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 2936 нафар ба анҷом расонида шуда, ба судҳо ирсол гардидаанд.
Аз тарафи Агентӣ ва сохторҳои он дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани кирдорҳои маъмурии коррупсионӣ низ корҳои зиёде сурат гирифта, 3979 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта оғоз ва мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва андозсупорандагони инфиродӣ ҳолатҳои зиёди пинҳонкунии андозҳо ҳоло ҳам ҷой доранд.
Танҳо дар соли 2014 сохторҳои назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо ҷалби мутахассисони мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши фаъолияти андозсупории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳолатҳои кам ҳисоб намудан ва рӯйпӯшкунии андозҳоро ба маблағи 259 миллион сомонӣ ошкор намудаанд, ки аз ин маблағ 210 миллион сомонӣ ба буҷет барқарор карда шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо дар натиҷаи санҷишҳои такрорӣ ошкор карда шудааст, ки ин аз фаъолияти сусти кормандони мақомоти андоз ва суиистеъмоли баъзе аз онҳо дар раванди санҷишҳо мебошад.
Бояд нисбат ба чунин санҷишгарон, ки баъди санҷиши гузаронидаи онҳо ҳолатҳои камомад ва тасарруфи маблағҳо муайян карда мешаванд, чораҳои қатъӣ то ҳадди аз вазифа озод кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан андешида шаванд.
Вале баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сохторҳои низомӣ ба ҷои пешгирӣ намудани ҷиноят савганди касбии ёдкардаашонро вайрон карда, худ ба содир намудани ҷиноятҳои суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтану додани пора, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, шиканҷа, хунукназарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст мезананд, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Дар панҷ соли охир нисбат ба 1211 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноятии дорои хусусияти коррупсионӣ оғоз ва тафтиш шудааст, ки аз ин ҳисоб ба Вазорати корҳои дохилӣ 267 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 33 нафар, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ 170 нафар, Вазорати мудофиа 113 нафар, Гвардияи миллӣ 34 нафар, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 5 нафар, Агентии назорати маводи нашъаовар 6 нафар, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 15 нафар, Вазорати адлия 73 нафар, прокуратура 44 нафар, судҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо 35 нафар, мақомоти андоз 116 нафар ва ба мақомоти гумрук 45 нафар рост меояд.
Барои даст задан ба ҷиноят дар панҷ соли охир 15 нафар кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Дар ин давра 330 нафар аз мақомот хориҷ ва нисбат ба 59 нафари онҳо ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шудаанд. Чунин вазъ аз тарафи Агентӣ андешидани тадбирҳои боз ҳам қатъиро тақозо менамояд.
Дар баробари ин, дар фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия камбудиҳо, аз ҷумла беасос ва ғайриқонунӣ оғоз намудан ва боздоштану қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, нодуруст банду баст кардани кирдори ҷиноятӣ, вайрон кардани муҳлати санҷиши молиявӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ба мақомоти дахлдор нафиристодани натиҷаи санҷишҳои молиявӣ, рӯйпӯш кардани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо дида мешаванд. Махсусан аз тарафи кормандони ин ниҳод содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ боиси нигаронист. Инчунин аз ҷониби кормандон риоя нашудани муҳлатҳои муқарраршуда ва бидуни тамдиди муҳлат кашол додани санҷиш ба мушоҳида мерасад.
Масалан, санҷиш дар иншооти обрасонӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод аз муҳлати муқарраршуда 30 рӯз зиёд, Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 рӯз, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 рӯз зиёд кашол ёфтааст.
Ҳамчунин ҳодисаҳое низ ошкор карда шудаанд, ки мутахассисон бар хилофи талаботи нақшаи корӣ ва фармони роҳбарияти Агентӣ фаъолияти субъектҳоеро мавриди тафтишу санҷиш қарор додаанд, ки дар нақша ё фармон пешбинӣ нашудааст.
Ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми санҷишҳои молиявӣ қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, аз қабили камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ошкор гардидаанд, вале маводи санҷишӣ барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарори қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда нашудааст.
Аз ин рӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки якҷо бо дигар субъектҳои дахлдор муборизаро дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ бо таври қатъӣ пурзӯр намояд ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, барқарор намудани амвол ва маблағҳои тасарруфшуда, татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва пешгирӣ кардану аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ чораҳои қатъӣ андешад.
Дар баробари ин, якҷо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии кишвар барои ташкил намудани фазои оштинопазир ва муқовимат бар зидди коррупсия ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Агентӣ ҳамчунин вазифадор аст, ки якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти кормандон, риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи онҳо, сифатан беҳтар кардани сатҳи омодагии касбӣ, савияи дониши кормандон ва ба ин васила тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватанпарварӣ, поктинатӣ, беҳтар намудани сифати корҳои тарбиявӣ ва риояи қонунгузории мамлакат дар воҳидҳои сохторӣ чорабиниҳои заруриро таҳия ва амалӣ гардонад.
Бо мақсади тақвияти мубориза бо коррупсия ва таҳияи низоми нави таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирии онҳо, пеш аз ҳама, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, андоз, гумрук ва дигар мақомоти давлатӣ ба мақсад мувофиқ аст, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд. Вобаста ба ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шаванд, ки тартиб ва роҳу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсиониро муайян карда, ҷиҳати бартараф намудани чунин хатарҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин зарур аст, ки қонунгузории зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои кирдорҳои коррупсионӣ ва пешбинӣ намудани ҷазои мувофиқ ба кирдори содиршуда, такмил дода шаванд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисобро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Илова бар ин, мувофиқи мақсад аст, ки ҳолати воқеии татбиқи барномаҳои зиддикоррупсионӣ дар вазорату идораҳо аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратураи генералӣ ва сохторҳои он мавриди санҷиш ва чораҷӯйӣ қарор дода шавад.
Дар ин росто, зарур мешуморам, ки шакли эъломияи амвол ва даромади хизматчиёни давлатӣ такмил дода шуда, он ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида шавад.
Барои он ки дар ҷомеаи мо коррупсия ба таври зурурӣ пешгирӣ ва сатҳи он паст карда шавад, бояд, пеш аз ҳама, кормандони Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва судҳои мамлакат, ки мардум онҳоро ҳамчун намояндагони ҳокимият ва ҳомиёни қонун мешиносанд, бо дилу нияти нек ва дасти пок фаъолият кунанд ва поквиҷдон бошанд.
Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва баланд бардоштани масъулияти кормандон Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вазорату идораҳо, мақомоти прокуратура, судҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи пешбурди мунтазами корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ва тоза кардани сафҳои худ аз шахсони тасодуфӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар панҷ соли охир аз тарафи судҳо 3718 парвандаи коррупсионӣ нисбат ба 4796 нафар баррасӣ гардида, аз ин шумора 44 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 68 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, вобаста ба панҷ парвандаи ҷиноятӣ ба ҳашт нафар ҳукми сафедкунанда бароварда шудааст. Инчунин 630 парванда нисбат ба 839 нафар бо асосҳои пешбининамудаи қонун қатъ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар паси ин парвандаҳо на танҳо шахсони гумонбар, балки аҳли оила ва наздикону пайвандони онҳо истодаанд. Гузашта аз ин, табиист, ки парвандаҳо, бо ҳаракатҳои оперативию ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ, муҳокимаҳои судӣ, вақти кории зиёдатӣ, хароҷот ва сарсониву саргардонии одамони зиёд алоқаманд мебошанд. Чунин тарзи кор, хусусан оғози беасоси парвандаҳо метавонад ба шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат хисороти зиёди моливу маънавӣ расонад.
Ин ҳолатҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми оғоз кардани маводи оперативӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷишу тафтиши онҳо ба бепарвоӣ, шитобкорӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода шуда, на ҳамаи парвандаҳо пурра, ҳаматарафа, холисона ва дар асоси талаботи меъёрҳои қонун санҷиш ва тафтиш карда мешаванд. Аз тарафи дигар, чунин ҳолат аз сатҳи пасти дониши касбии баъзе кормандони соҳа шаҳодат медиҳад.
Дар фаъолияти Палатаи ҳисоб ва Агентӣ инчунин такрори функсияҳо ҷой дорад, яъне корхона ё муассисаҳое, ки дар доираи муносибатҳои буҷетӣ қарор доранд, набояд дар муҳлати муайянгардида (як маротиба дар ду сол) аз ҷониби ду мақоми назорати молиявӣ санҷиш карда шаванд.
Дар робита ба ин, норасоӣ ва мухолифатҳои ҷиддӣ дар қонунгузорӣ, айнан такрорёбии вазифа ва функсияҳои байниидоравӣ ва дохилиидоравии мақомоти идоракунии давлатӣ, иҷрои вазифаҳои зиёдатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ба назар мерасанд, ки мушкилоти зиёдеро дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон – субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини масъалаҳои амниятӣ ба миён овардаанд ва аз эҳтимолияти олуда будани ин фаъолият бо амалҳои коррупсионӣ ҳушдор медиҳанд.
Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар кишвар барои таъмин намудани шаффофияти расмиёти додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, паст кардани сатҳи танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва дахолати беасос ва муқаррар намудани талаботи ягонаро нисбат ба тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Бо вуҷуди ин, яке аз сабабҳои доман паҳн намудани коррупсия дар мақомоту идораҳои давлатӣ номукаммал будани маъмурикунонии давлатӣ ва мавҷудияти расмиёти зиёдатӣ дар он мебошад.
Аз ин рӯ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдор ҷиҳати аз байн бурдани норасоиву мухолифатҳо дар низоми қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо, ки фаъолияти додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро ба танзим медароранд, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Илова бар ин, фаъолият намудани шумораи зиёди мақомоти назоративу санҷишӣ сарбориро барои соҳибкорӣ зиёд карда, садди роҳи фаъолияти муназзами субъектҳои хоҷагидор мегардад ва ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Дар мамлакат соҳаҳои алоҳидаи назорати давлатии молиявӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ доранд, ки дар натиҷа, назорат дар асоси принсипҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ҳамчунин такрорёбии иҷрои вазифа ва функсияҳо дар фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани такрорёбии иҷрои вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи назорати молиявӣ дар фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб дида мешавад.
Мубориза бо коррупсия бояд функсияи пешгирии коррупсия ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро дар бар гирад. Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ва таҳкими мубориза дар ин самт соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Ҳолати воқеии кор тақозо мекунад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар вазорату идораҳо ҷиҳати амалӣ намудани талаботи қонуни мазкур чораҳои ҷиддӣ андешад. Бо дарназардошти камбудиву норасоиҳои зикршуда, роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисобро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳо, пеш аз ҳама, дар сохторҳои худ мубориза баранд ва дар амри таъмин намудани дурнамову нақшаҳои қабулгардида содиқона хизмат кунанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо боз ба як масъалаи бисёр муҳим ҷалб намоям.
Ҷиҳати иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2014 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия санҷиши дурустии таъини нафақаи маъюбӣ ва ба танзим даровардани нафақаҳои маъюбиро дар давраи солҳои 2012-2014 гузаронида истодааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки шумораи умумии нафақагирон то моҳи октябри соли 2014 қариб 618 ҳазор нафар ва талаботи солонаи нафақа 1 миллиарду 750 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ин шумора нафақагирони маъюб қариб 165 ҳазор нафар ва талаботи солона 465 миллион сомониро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда шумораи умумии нафақагирони маъюб дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 қариб 10 ҳазор нафар кам гардидааст.
Санҷиши дурустии таъини нафақаи маъюбӣ ва ба танзим даровардани нафақаи маъюбӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва сохторҳои тобеи он нишон медиҳад, ки дар самти таъин ва пардохти нафақа камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Ба сабаби беназоратии шахсони масъули Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва ҳамкорӣ надоштани онҳо бо мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» истифодаи маблағи нафақа аз назорат дур монда, баъди вафоти нафақагирон ба суратҳисобҳои бонкии онҳо муддатҳои тӯлонӣ маблағи нафақа пардохт карда шудааст.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2015 ба суратҳисобҳои бонкии нафақагирони фавтида 797 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Аз ин ҳисоб дар рафти тафтиш 274 ҳазор сомонӣ ба буҷет баргардонида шудааст. Тасаввур кунед, ки ҳолатҳои баъди вафоти нафақагирон ба суратҳисоби бонкии онҳо зиёда аз се сол пардохт кардани маблағи нафақа низ ҷой доранд.
Хешу табори наздики нафақагирони фавтида, шахсони номаълум ва кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз беназоратии шахсони масъули Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва бонки хизматрасон истифода карда, дар 109 ҳолат нафақаи нафақагирони фавтидаро ба маблағи 195 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.
Масалан, шаҳрванд Ҷабборов Саъдулло аз моҳи марти соли 1992 ҳамчун нафақахӯри маъюби гурӯҳи II ба қайд гирифта шуда, 10-уми апрели соли 2011 вафот кардааст.
Баъд аз вафоташ дар давоми се солу панҷ моҳ ба суратҳисоби ӯ 46 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуда, маблағи мазкур аз ҷониби ҳамсараш дар 140 ҳолат аз они худ карда шудааст. Чунин мисолҳо зиёданд.
Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон бо мақсади истифода аз имтиёзҳои нафақавӣ ба сохторҳои дахлдор бо ҳар роҳу восита ҳуҷҷатҳои маъюбии қалбакиро пешниҳод намуда, соҳиби нафақаи маъюбӣ гардидаанд ва аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ дар 24 ҳолат ба маблағи 1 миллиону 320 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонидаанд. Аз ҷумла шаҳрванд Юсупова Гулчеҳра аз 1 октябри соли 2003 ҳуҷҷати маъюби гурӯҳи дуюм пешниҳод намуда, ба ӯ 3572 сомонӣ нафақа таъин карда шудааст.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ҳуҷҷати маъюбии Г.Юсупова дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоӣ ба қайд гирифта нашуда, оид ба бемории ӯ санади маъюбӣ вуҷуд надорад. Яъне, дар асоси ҳуҷҷати маъюбии қалбакӣ ба ӯ 138 ҳазор сомонӣ нафақаи ғайриқонунӣ таъин ва пардохт карда шудааст.
Ё худ шаҳрванд Зайдов Ҳадятулло моҳи сентябри соли 2008 ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи дуюм пешниҳод намуда, ба ӯ 2061 сомонӣ нафақапулӣ таъин карда шудааст.
Санҷиш муайян намуд, ки ҳуҷҷати маъюбии Ҳ.Зайдов қалбакӣ буда, дар мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст ва аз ин ҳисоб ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ нафақаи ғайриқонунӣ гирифтааст.
Дар баробари ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки ба шаҳрванд дар ду ҷой нафақа таъин карда шудааст, яъне, дар ду ноҳия нафақа мегирад. Масалан, ба шаҳрванд Достиева Сайбӣ моҳи апрели соли 1980 дар ноҳияи Рӯдакӣ нафақа аз рӯи синну сол таъин карда шудааст. Баъдан соли 1995 дар шаҳри Роғун ба номбурда нафақа таъин карда мешавад. Маблағи дар ин давра ғайриқонунӣ ба ӯ пардохтшуда 9700 сомониро ташкил менамояд.
Ҳамзамон бо ин, баъзе шаҳрвандон бо мақсади гирифтани нафақаи маъюбӣ ҳамчун бемори корношоям ҳуҷҷати маъюбӣ гирифтаанд ва дар ҳамин асос барои гирифтани нафақа имтиёз пайдо намудаанд.
Дар баробари гирифтани нафақа онҳо боз дар вазифаҳои масъули давлатӣ ва ғайридавлатӣ кору фаъолият намуда, ҳам маош ва ҳам нафақаи маъюбӣ гирифтаанд, ки ин амал хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоӣ мебошад.
Санҷиш дар ин самт 620 ҳолати ба маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ пардохт кардани нафақаро муайян намудааст. Масалан, ба шаҳрванд Обидҷонов Нуриддин аз моҳи марти соли 2005 ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюм дода шуда, дар асоси маълумотномаи Корхонаи муштараки «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан ба маблағи 9805 сомонӣ нафақаи маъюбӣ моҳона таъин карда шудааст ва ба ӯ ба маблағи 352 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбӣ пардохт гардидааст.
Муайян карда шуд, ки Н.Обидҷонов дар баробари гирифтани нафақаи маъюбӣ боз ба ҳайси директори Корхонаи муштараки «Оби зулол» кор карда, ба маблағи 1 миллиону 121 ҳазор сомонӣ музди меҳнат гирифтааст.
Ё ин ки ба шаҳрванд Носиров Файзулло моҳи марти соли 2012 ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюм пешниҳод намуда, дар асоси маълумотномаи Корхонаи муштараки «Оби зулол» ба ӯ ба маблағи 5298 сомонӣ нафақаи маъюбии моҳона таъин гардидааст ва ба маблағи 191 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбӣ пардохт шудааст.
Ф.Носиров дар баробари гирифтани нафақаи маъюбӣ боз ба ҳайси муовини директори корхонаи зикршуда фаъолият намуда, ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ музд пардохта шудааст.
Ба шаҳрванд Азизбоев Музаффар аз моҳи марти соли 1999 ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюм дода шуда, дар асоси маълумотномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Имон интернейшнл»-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 3275 сомонӣ нафақаи маъюбии моҳона таъин карда шуда, ба ӯ дар давраи тафтишӣ ба маблағи 352 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбӣ пардохт карда шудааст.
Муайян карда шуд, ки М.Азизбоев дар баробари гирифтани нафақаи маъюбӣ боз ба ҳайси директори ҷамъияти мазкур фаъолият намуда, 117 ҳазор сомонӣ музди меҳнат гирифтааст.
Бо мақсади иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон аз 18 январи соли 2012 ҷиҳати таъмини шаффофият ва аз байн бурдани гурӯҳи маъюбии беасос тибқи фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» қариб 38 ҳазор нафар нафақагирони маъюб аз ташхиси тиббиву иҷтимоии такрорӣ гузаронида шуданд.
Дар натиҷаи чорабинии мазкур гурӯҳи маъюбии 7046 нафар нафақагирон, бинобар солим будани онҳо, пурра қатъ гардонида шуда, маъюбии қариб 10 ҳазор нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба дигар гурӯҳ гузаронида шуд. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи бемасъулиятӣ зоҳир намудани кормандони Хадамоти давлатии ташхиси тиббиву иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми муайян намудани хулосаи тиббӣ ва нодуруст муқаррар намудани гурӯҳи маъюбии шаҳрвандон рӯй додааст.
Дар натиҷа, маблағгузории солонаи нафақа аз буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ сарфа гардидааст.
Ҳамин тариқ, тафтиш дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва сохторҳои он зарари молиявиро ба маблағи умумии 3 миллиону 614 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Аз маблағи зарари молиявӣ ба буҷет 671 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст.
Вобаста ба ин, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти онҳое, ки ба тасарруфи маблағи нафақагирони фавтида даст задаанд ё худ ба шаҳрвандони алоҳида ғайриқонунӣ гурӯҳи маъюбӣ муқаррар намудаанд, ки нафақа дар асоси он таъин карда шудааст, инчунин оид ба барқарор намудани маблағҳои зарари молиявӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамчунин зарур аст, ки барои пешниҳоди маълумотномаи қалбакӣ ва нодуруст бо мақсади гирифтани нафақаи маъюбӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шавад.
Илова бар ин, якҷо бо сохтори дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми нафақагирони маъюбро аз ташхис гузаронида, бо мақсади таъмин намудани шаффофияти таъини нафақаҳои маъюбӣ маълумотро хусусан доир ба хизматчиёни давлатие, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, тавассути воситаҳои ахбори омма пахш намоянд.
Дар баробари ин, як масъаларо хотирнишон месозам, ки ин чорабиниҳо ба шахсони воқеан маъюб, ки дар доираи муқаррароти қонун ба гирифтани нафақаи маъюбӣ ҳақ доранд, татбиқ намешаванд.
Ҳамзамон бо ин, бо истифода аз ҳузури роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳам вобаста ба вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар ибрози назар намоям. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки содиршаваии ҷиноят дар кишвар тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Соли 2014 дар кишвар 19352 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 1016 ҷиноят ё 5,5 фоиз зиёд мебошад.
Зиёдшавии ҷиноят дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Рашт, Файзобод, Нуробод ва Ҷиргатол ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷиноятҳо асосан аз ҳисоби қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, хариду фурӯши одамон, қаллобӣ, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ҷиноятҳои вобаста ба фаъолияти экстремистӣ, тамаъҷӯӣ ва худсарона ишғол намудани замин ба амал омадааст.
Соли 2014 аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо 800 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013- ум 75 ҳолат ё 10,3 фоиз зиёд мебошад.
Ҳолатҳои аз қайд пинҳон кардани ҷиноят низ зиёд шудаанд. Дар соли 2014- ум 1140 ҷинояти аз қайд пинҳонгардида ошкор ва ба қайд гузошта шудааст, ки нисбат ба соли 2013- ум 26 ҳолат зиёд мебошад.
Дар ин давра дар кишвар шаш ҳодисаи марбут ба терроризм ба қайд гирифта шуда, шаш парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 11 нафар оғоз ва 124 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 319 нафар аъзои ташкилотҳои экстремистиву террористӣ тафтиш шудааст.
Чанде пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштам, ки терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳар рӯз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем.
Мо бояд ҳамарӯза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем.
Бинобар ин, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳамкориро бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуруст ба роҳ монанд.
Роҳбарони мақомоти зикршуда, махсусан, ба рафтори афсарону сарбозон ва тамоми кормандони сохтору мақомот аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунҳо ва дастуру оинномаҳои хизматӣ, риояи қонуният, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии содиршавии ҷиноят аз ҷониби онҳо чораҳои қонунӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз самтҳои муҳиму асосии таъмини амнияти иқтисодии кишвар иҷрои босифати дурнамои Буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, пешгирии тасарруф ва истифодабарии ғайримақсадноки онҳо, инчунин мубориза бар зидди коррупсия ва омилҳои коррупсионӣ мебошад.
Илова бар ин, ҳамеша дар назар бояд дошт, ки коррупсия низ мисли терроризм ва экстремизм проблемаи глобалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳушёриву зиракии касбӣ, муносибату маданияти баланди инсонӣ ва муборизаи беамон бар зидди тасарруфи маблағҳои давлатӣ вазифаи ҷонии ҳар як корманди Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Дар ин ҷода танҳо як манфиат, яъне манфиати давлат ва халқ дар сафи аввал мебошад. Зеро амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, таъмин кардани пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз кору фаъолияти поквиҷдонона ва натиҷабахши кормандони мақомоти назоративу санҷишӣ, яъне Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ оид ба пешгирӣ, ошкор ва паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, мукаммал гардонидани шаклу усул ва воситаҳои мубориза бо коррупсия, ташкили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия, фароҳам овардани шароит бо мақсади мушкил гардонидани рафтори коррупсионӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад.
Инчунин бояд корҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо коррупсия, робита бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа вусъат бахшида шаванд.
Ҳамзамон бо ин маблағҳои давлативу сармоягузориҳо, аз ҷумла дар амалисозии лоиҳаҳои муҳими мамлакат ва корҳои сохтмону бунёдкорӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд ва дар ин самт бояд чунин шароите ба вуҷуд овард, ки суиистифода аз мансаб, коррупсия ва тасарруфи молу амвол тадриҷан ба нестӣ расонида шавад.
Амалисозии сиёсати давлатӣ доир ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар ва дар маҷмӯъ, таъмини субот ва осудагии ҷомеа дар қатори дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифаи муқаддас ва ҷонии шумо, ҳозирини гиромӣ буда, аз ҳар яки шумо поквиҷдонӣ ва маҳорати баланди касбиро талаб менамояд.
Итминон дорам, ки кормандони Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамчун мақомоте, ки манфиатҳои давлатиро ҳимоя менамоянд, инчунин роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, дар баробари таъмини амнияти иқтисодии кишвар дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат саҳми сазовор хоҳанд гузошт.
Дар охир, ба ҳамаи шумо садоқат ба халқу Ватан ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиатон барори кор мехоҳам.
Саломат бошед!