Ҷамшеди ҷавон ҳанӯз аз овони мактабхонӣ хоҳиши хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дошт. Ба номи падару модари писари ҳамсояашон аз ҷониби командири қисми низомӣ омадани сипоснома майли дар артиш хизмат кардани ӯро боз ҳам зиёд гардонид. Он мактуб дар мактаб дар ҳузури омӯзгорону хонандагон низ қироат карда шуд. Дар мактуб омада буд, ки хатмкардаи мактаб дар қисми низомии Вазорати мудофиа хизматро содиқона идома дода, рафтору одоби намунавӣ дорад.
Ҷамшед мехост чун ҳамдеҳааш хизматчии Қувваҳои Мусаллаҳ шавад. Ин тасмими худро ба падараш Ғолиб Талбаков арз намуд. Падараш, ки омӯзгор аст, хоҳишу рағбати фарзандашро дастгирӣ кард.
Хатмкунандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Фархор Ҷамшед Талбаков бо мақсади ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудан ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳуҷҷат супурд. Ҳангоми имтиҳони қабул баробари доштани дониш барои довталабон тайёрии ҷисмонӣ низ аз шартҳои асосӣ дониста мешуд. Довталабон мебоист дар давраи муайян шарт ва талаботи супурдани имтиҳонро иҷро намоянд. Ҷамшед Талбаков соли 2010 бо супурдани имтиҳон курсанти Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Давоми таҳсил кӯшиш менамуд, ки барномаи таълими ҳарбиро бештар аз худ намояд.
Соли 2010 донишгоҳро хатм намуда, ҳамчун афсар барои идомаи хизмат ба яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Ҳамин тавр, Ҷамшед Талбаков ба мақсади худ расид. Ҳар фармону супоришҳоро бо риояи оинномаи ҳарбӣ ба ҷо меовард. Дар тайёрии ҳарбӣ, машқҳои низомӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати касбӣ ва дониши худро сайқал медод.
Хизмат ва рафтори намунавиашро ба инобат гирифта, ба ӯ иҷрои вазифаҳои пурмасъулиятро месупурданд. Афсари ҷавон ҳамеша ва барои иҷрои ҳама гуна супориш омода буд. Ҳоло капитан Ҷамшед Талбаков дар яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муовини командири қисм оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявиро бар уҳда дорад.
Вазифаи ӯ бештар кор бо ҳайати шахсӣ аст. Бо хизматчиёни ҳарбӣ, бахусус наваскарон, доир ба тайёрии ҷангӣ, тарбияи сиёсию маънавии онҳо кор мебарад. Бо онҳо машғулияту ҷамъомадҳои методӣ- таълимӣ мегузаронад, то ки дар иҷрои амру супоришҳо омода бошанд.
Ҷамшед Талбаков дорои тахассуси олии ҳарбист. Хоҳиш дорад, ки оянда таҳсилро дар Академияи ҳарбии Федератсияи Россия идома дода, донишу маҳорати касбии хешро боз ҳам баланд бардорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»