1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Номзадҳо барномаҳояшонро муаррифӣ мекунанд

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  вохӯриҳои муштараку алоҳидаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ    бо интихобкунандагон суръати тоза мегирад. Масалан, кори ташкилу гузаронидани вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботии  Фархор №34, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35, Данғара №36, Кӯлоб №37, Муъминобод №38  ва Восеъ №39 аз ҷониби масъулин хуб ба роҳ монда шудааст.

Номзадҳо Сайҷаъфар Исмонов аз ҳавзаи интихоботии Фархор №34, Ҳаёт Одинаев аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35,  Абдуғаффор Раҳмонзода, Алӣ Комилов аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37, Маҷидзода Ҷӯрахон  Зоир  аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 ва Зайниддин Сафаров аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 рӯзе 3-4 вохӯрӣ гузаронида, қисмати зиёди интихобкунандагонро бо барномаҳои пешазинтихоботии худ ошно намуданд.Онҳо дар вохӯриҳои хеш ба интихобкунандагон ваъда доданд, ки дар сурати вакил интихоб шуданашон, аз ҳама пеш  манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя хоҳанд кард.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»