ҚУМСАНГИР. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ба муносибати иди фархундаи Наврӯз дар ноҳияи Қумсангир озмуни минтақавии «Гулдухтарон» гузаронида шуд. Дар он духтарони соҳибҳунари ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Румӣ ва Қумсангир санҷиши маҳорат намуданд. Дар ин маҳфили гарму фаромӯшнашаванда духтарон қобилияти хешро дар қироати шеър, омода кардани хӯроку хӯришҳои болаззат, ороиши дастархон ва сарулибоси миллиро намоиш доданд. Ба ҳунару маҳорати гулдухтарон якчанд нафар бонувони соҳибтаҷрибаи насли калонсол баҳои холисона доданд. Онҳо иброз намуданд, ки чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои ба ҳаёти мустақилона беҳтару хубтар омода намудани духтарон мусоидат хоҳад кард. Чорабинӣ бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон