Чун иттилоъ гирифтам, ки Ҷобирзода Тоҳир Гулро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар №27 пешниҳод намудааст, бори дигар муътақид гардидам, ки воқеан ҳам, роҳбарияти ҳизб дар ин ҷода низ дақиқкор ва гавҳаршиносанд. Ҳарчанд банда солиёни зиёд ин нафарро мешиносаму оид ба поквиҷдонӣ, оштинопазир буданаш бо зуҳуроти манфии ҷомеа, ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстиаш аз нафарони касбу кори гуногун зиёд шунидаам, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ сабаби асосии рӯйи саҳифа омадани чанд сатри пур аз самимият нисбаташ нест. Дар ин раванд омили асосии таҳрикбахшандаи иншои маводи мазкур сатҳи баланди касбияти номбурда, муаррифии шоистааш ба сифати хизматчии давлатӣ, ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва масъулиятшиносиву поквиҷдониаш маҳсуб меёбад, зеро фаъолияти Ҷобирзода Тоҳир Гул бевосита ба пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти манфии ҷомеа нигаронида шудааст ва собитқадам будан дар ин ҷода кори саҳлу сода нест.
Суҳбатамон бо мавсуф хеле самимӣ ва ошкоро сурат гирифта, пешниҳод гардиданашро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ифтихор медонад. Чун аз раванди вохӯриҳо бо интихобкунандагон пурсон шудам, аз пазироии мардум ва таваҷҷуҳашон ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон изҳори қаноатмандиву ифтихор намуд.
-Бароям хеле хушоянд аст, ки нафарони зиёде дар ин ҳавзаи интихоботӣ маро мешиносанду эътимод доранд. Ин омил маро итминон медиҳад, ки пирӯз хоҳам шуд,- боварӣ дорад мавсуф. Аз марҳилаи оғози фаъолияташ ёдовар шуда, доир ба устодонаш бо самимияти хоса сухан гуфт.
-Соли 1985, ҳамагӣ 21 сол доштам, ки бо роҳхати Вазорати молия ҳамчун муҳосиби калон – эксперт ба шуъбаи молияи вилояти Хатлон ба кор фиристоданд, — ёдовар шуд номбурда.
Аз ҳамон сол инҷониб, дар вазифаҳои гуногуни ба ин бахши муҳим рабтдошта фаъолияти пурмаҳсул ва поквиҷдонона дораду дар кураи соҳа обутоб ёфтааст.
Ҷобирзода Тоҳир Гул 12 июни соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1971-1981 мактаби миёнаи №9-и ноҳияи Бохтарро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, соли 1981 ба факултети баҳисобгирии иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1985 факултети номбурдаро хатм намудааст.
Соли 1985 тибқи тақсимоти давлатӣ дар шуъбаи молияи вилояти Хатлон ба кор қабул гардида, солҳои 1985-1987 ба ҳайси иқтисодчии калони ҳамин шуъба фаъолият намудааст. Дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаш вогузорбуда боис гардид, ки соли 1987 назоратчӣ- тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин намоянд. Минбаъд фаъолияти Ҷобирзода Тоҳир Гул тавсеа ёфта, аз соли 1989 то соли 1994 мутахассиси дараҷаи 1-уми Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва солҳои 1994- 2001 дар вазифаи ҷонишини сардори Раёсати назорати давлатии молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти зикршуда фаъолият намудааст.
Бо дарназардошти сатҳи баланди касбияташ, соли 2001 муовини сардори Идораи дар вилояти Хатлонбудаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 сардори Идораи назорати истифодабарии амволи давлатӣ, инвеститсия ва қарзҳои давлатии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Моҳи январи соли 2009 бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷобирзода Тоҳир Гул муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Аз суҳбат бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки давоми фаъолияташ дар ин ниҳод мавсуф ҳамчун корманд ва роҳбари масъулиятшинос, ташаббускор, ташкилотчӣ ва бо ҳамкорону шаҳрвандон хушмуомила рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст. Ба донишу малакаи доштааш қаноат накарда, онҳоро мунтазам такмил дода, дорои якчанд сертификати байналмилалӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 августи соли 2010 бо ордени «Шараф дараҷаи 1», инчунин мукофотҳои соҳавии «Аълочии мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» (соли 2013) ва «Аълочии полисияи молиявии Ҷумҳурии Беларус» (соли 2013) мукофотонида шудааст.Оиладор. Соҳиби чор фарзанд мебошад.
Чун дар бораи Барномаи пешазинтихоботиаш пурсон шудам, хеле хоксорона иброз дошт, ки он аз сиёсати ваҳдатофару созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст.
-Кӯшиш намудаам, ки аҳдофи дар Барнома инъикос ва муайяншуда воқеӣ, амалишаванда ва орӣ аз шиорпартоиҳои холӣ бошанд. Имрӯз барои амалӣ намудани тамоми ибтикороте, ки ба нафъи миллату меҳан нигаронида шудаанд дар кишварамон шароит фароҳам аст. Тавре Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «танҳо ташаббускор будан лозим аст ва Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст бояд дошт». Бинобар ин, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва бехатарии иқтисодии кишвар,таъмини зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди кишвар, мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва қонуншиканиҳои молиявӣ дар Барномаи пешазинтихоботиам масъалаҳои меҳварианд,-афзуд номбурда.
Ба андешаи Ҷобирзода Тоҳир Гул дар шароити кунунӣ ба василаи қабули қонунҳои зарурӣ ва пураҳамият баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт ва вусъат бахшидани иқдомот ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ имконпазир аст. Дар ин росто, такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони иқтисодиёт ва афзоиши устувори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакатро таъмин менамояд, таъмини истиқлолияти энергетикии давлат ва бо ин мақсад мусоидат кардан ба татбиқи чораҳо ба хотири рушди комплекси энергетикии мамлакат, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ тараққӣ додани комплекси агросаноатии кишвар, мусоидат дар пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда дар маркази диққати Ҷобирзода Тоҳир Гул қарор хоҳанд дошт.
Зимни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон минҷумла чунин зикр гардида буд: «Масъалаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон баён гардиданд, аз ҷумла оид ба низоми андозбандӣ, санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасӣ ба инфрасохтор, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, мушкилиҳои бақайдгириву барҳамдиҳии соҳибкорӣ, дастрасӣ ба қарз, лизинг, ипотека ва дигар мушкилоту масоили вобаста ба рушди соҳибкорӣ аз ҷониби масъулини вазорату идораҳо мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода мешаванд». Бо дарназардошти ин нукта, Ҷобирзода Тоҳир Гул андешидани чораҳоро баҳри тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини пардохтпазирӣ ва эътимоднокии бонкҳо, дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои муносиб, ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ, афзун намудани даромади Буҷети давлатӣ бо роҳи такмили низоми андозбандӣ ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагон, кам кардани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла санҷишҳои такрорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо роҳи тақвияти ислоҳоти низоми санҷиш зарур ва ногузир медонад.
Дар сурати пирӯз шуданаш дар ин сабқат, баҳри рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи мавҷуда, роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои манфии бегона ба қонунгузорӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ таҳия намудани қонунҳо, ҳимояи манфиатҳои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии ҳамаҷонибаи барномаи ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар кӯшиш хоҳад кард.
Табиист, ки бахши иҷтимоиёт аз назари Ҷобирзода Тоҳир Гул дар канор набуда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, идомаи стратегияҳои миллии рушд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, зина ба зина баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар, дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ, ташаккули низоми муосири хизматрасонии тиббӣ амалӣ намудани як силсила иқдомотро ба нақша гирифтааст. Дар ҳамин радиф, мусоидат баҳри рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷавонон ба сифати самтҳои афзалиятнок дар Барномаи пешазинтихоботии Ҷобирзода Тоҳир Гул мавқеи хос доранд.
Интихобкунандагони ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар №27 дар симои Ҷобирзода Тоҳир Гул барои интихоби дурусту муносиб имконият доранд. Мутмаинам, ки онҳо чунин имкони хубро аз даст нахоҳанд дод.
Далер Мерганов, «Садои мардум»