1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Қадамҳои боэътимод дар майдони сиёсат

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

МУАРРИФИНОМА

ФелалиевФелалиев Акрамшо Саидшоевич 8 июни соли 1958 дар деҳаи зебоманзари Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи № 8-и ба номи С.Абдуллоеви шаҳри Хоруғ ва солҳои 1977-1982 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1982-1983 ба сифати сарагрономи иттиҳодияи «Селхозхимия»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намуда, солҳои 1983-1986  ҳамчун  лаборанти калони лабораторияи мевапарварӣ дар шароити баландкӯҳи Институти биологии Помир ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1986-1990 ба сифати коромӯз, баъд ба ҳайси аспиранти аспирантураи мақсадноки Институти биологияи ҳуҷайра ва инженерияи генетикии Академияи илмҳои Украина дар шаҳри Киев таҳсил кардааст. Солҳои 1990-1995 ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва солҳои 1995-2005 мудири лабораторияи мевапарварӣ дар шароити баландкӯҳ ва ҳамзамон котиби илмии Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон ӯ  аз соли  1992 то соли 2005 ба ҳайси дотсенти факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз фанҳои физиологияи растаниҳо, биохимияи растаниҳо ва биотехнология  ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ дарс гуфтааст. Бо роҳбарии ӯ дар соҳаҳои мазкур донишҷӯён корҳои дипломии худро ҳимоя намудаанд. Саҳми ӯ дар тарбияи мутахассисони ҷавон низ назаррас мебошад.

А.С.Фелалиев дорандаи Ҷоизаи ЛКСМ Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника (соли 1991),  ордени «Шараф» дараҷаи 1 (соли 2011) мебошад.

Соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ интихоб шуд. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ, ҳамзамон аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология буд. Соли 2010 такроран вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ интихоб гардида, то соли 2012 ба ҳайси узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  корҳои банайлмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, аз соли 2012 то имрӯз узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2013 ҳамчун раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

Барои баҳо додан ба хизматҳои Фелалиев Акрамшо мо ба бархе аз  ҳампешагон ва ҳамкасбони олим муроҷиат кардем.  Директори Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Довудшо Наврӯзшоев гуфт, ки Акрамшо Фелалиев ба гирифтани унвони академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам сазовор аст. Зеро, ба гуфтаи вай, ин олим тавонист дар илми биологияи тоҷик ҷойгоҳи худро ёбад ва онро ба мақоми баланде бардорад. Тибқи тадқиқотҳои илмии А.С.Фелалиев аввалин маротиба дар шароити  «in vitro» бо истифодабарии усулҳои физиологӣ,  биохимиявӣ  ва биотехнологӣ аз экспланти чормағзи юнонӣ ниҳолчаҳои чормағзи хелҳои гуногун бо тана, барг ҳосил карда шуд. Ҳамзамон ҷараёни ризогенез бо интихоби муҳити гуногуни ғизоӣ дар шароити «in vitro» барои чормағзи юнонӣ кор карда баромада, барои истеҳсолот тавсия дода шуд. Дар натиҷаи ин тадқиқотҳо Акрамшо Фелалиев соҳиби шаҳодатномаи муаллифӣ — «Коркарди усули афзоиши чормағзи юнонӣ дар шароити  in vitro»,  №1706478 аз 22 сентябри соли 1991, ш. Москва, гардид. Ӯ омӯзиши полиморфизм (гуногуншаклӣ) ва гуногуннамудии биологии дарахтони мевадиҳандаро омӯхта  генофонди онҳоро дар шароити Помири Ғарбӣ ва Дарвоз  муайян намуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсолааш аз тарафи А.Фелалиев муқаррар карда шудааст, ки бо зиёдшавии баландӣ аз сатҳи баҳр камшавии таркиби қанд ва кислотаҳои органикӣ дар меваи дарахтон ба мушоҳида мерасад, ки ин дар навбати худ  ба зиёд шудани таркиби кислотаи аскорбат оварда мерасонад ва ин натиҷаи таъсири комплексии омилҳои экологии баландкӯҳи Помир мебошад. Дар асоси тадқиқотҳои А.С.Фелалиев шогирдонаш бо роҳбарии ӯ айни ҳол хусусиятҳои физиологӣ ва биохимиявӣ, полиморфизми дарахтон ва дигар растаниҳои мевадиҳандаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро омӯхта,   генофонди онҳоро дар ин кишвари ҳамсоя муайян карда истодаанд, ки дар оянда барои дақиқ намудани генезиси растаниҳо дар Осиёи Марказӣ барои илми муосир дар соҳаи селексия ва растанипарварӣ  низ  заминаи хубе хоҳад гузошт.

Қобили зикр аст, ки соли 1991 А.С.Фелалиев  рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Асосҳои физиологии афзоиши микроклоналии чормағзи юнонӣ дар  шароити  in vitro» аз рӯи ихтисоси «физиологияи растаниҳо» дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои Академияи илмҳои  РСС Тоҷикистон дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои  биологӣ гардидааст. Соли 2003 тадқиқотҳои бисёрсолаашро оид ба хусусиятҳои физиологӣ, биохимиявӣ ва полиморфизми дарахтони мевадиҳандаи ВМКБ ҷамъбаст намуда, дар Донишгоҳи давлатии аграрии Мичурини Федератсияи Россия рисолаи докториро дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои кишоварзӣ мегардад. Соли 2004 дар натиҷаи озмун А.С. Фелалиев узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «биология» интихоб мешавад. Ӯ муаллифи се монографияи илмӣ, панҷ дастурамали илмӣ барои истеҳсолот, як шаҳодатномаи муаллифӣ ва зиёда аз  140 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои физиология ва биохимияи растаниҳо, ботаника ва биотехнология,  ки дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон ва дигар давлатҳо бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ, украинӣ ва англисӣ  нашр шудаанд, мебошад. А.С.Фелалиев ба сифати оппоненти расмии зиёда аз даҳ рисолаи докториву номзадӣ баромад намуда, муҳаррири илмии чор монографияи илмӣ мебошад.

Хулоса, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илмии Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Фелалиев Акрамшо Саидшоевич имрӯз дар майдони сиёсат ва илм боэътимодона қадам зада истодааст.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки Акрамшо Фелалиев, ки аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Хоруғ №41 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, боз сазовори ин  номи баланд хоҳад гашт.

Қурбон АЛАМШОЕВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих,

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»