ТОҶИКОБОД. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Меҳнаткашони ноҳияи Тоҷикобод дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат- Ҷиргатол 7 ҳазор ниҳоли ороишиву сояафкан шинониданд. Инчунин дар ҳудуди ноҳия 15 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаву ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд. Дар ин кор саҳми сокинони деҳотҳои «Қалъаи Лабиоб», «Лангаришоҳ», «Нӯшор» ва ба номи Шогадоев зиёд мебошад.
-Тибқи нақша, имсол дар ноҳия бояд 71 ҳазор бех ниҳол шинонида шавад,- гуфт ба хабарнигорамон мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Саломиддин Кобулиев.