Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Парлумони касбӣ дар тарбияи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми муносиб дорад

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» аз 27 феврали соли 2015)

DSC_0507

Ҳамкасбони гиромӣ – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ҳозирини арҷманд!

Даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае ҷараён гирифт, ки халқу давлати мо дар роҳи бунёди ҷомеаи навин қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самту ҳадафҳо ва барномаву стратегияҳои гуногунмуҳлати иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои ҷомеа саъю талош менамоянд.

Дар шароити пуртазоду печидаи шиддат ёфтани вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пай дар пайи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунад. Дар чунин шароити мураккаб кишварҳое бештар ба муқовимат тоб оварда метавонанд, ки низоми ҳуқуқии комилу пешрафта ва ба талаботи замона ҷавобгӯйро ташаккул дода бошанд.

Ҷараёни қонунгузорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як давлат ба шумор меравад. Аз рӯйи фаъолияти қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда дар бораи ҳар як давлат, роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Масъалаҳои инкишофи қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ барои давлат ва парламенти кишвар омили хеле муҳим ба шумор рафта, имрӯз моҳияти аз ҳарвақта бештар пайдо мекунанд. Дар марҳилаи кунунӣ, ки ҷараёни пайгиронаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон такмили қонунгузориро тақозо менамояд, таҳияву қабули қонунҳо роҷеъ ба ҳамаи бахшҳои ҷомеа яке аз самтҳои муҳимро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба марҳилаи нав ворид шуда, фазои ҳуқуқии кишвар аз ҷониби ҳизбҳову ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ фаъолона ишғол гардидааст. Дар иртибот ба ин рӯйдодҳо зарурати эҷод ва қабули қонунҳои муҳим ва саривақтӣ бештар ба миён меояд.

Самтгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бо иқтисоди пешрафта аз мақомоти қонунгузори кишвар фаъолияти мураккабу пуршиддатро тақозо менамояд. Ҳокимияти қонунгузор ҷиҳати дар қонунҳо инъикос намудани инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ масъул мебошад. Қонунҳо бояд мутобиқи талаботи замон ва ҷомеа таҳия ва қабул карда шаванд.

Имрӯз Парламенти мамлакат ҷиҳати тақвияти ҳар чи бештари сохти давлатдорӣ, таҳким бахшидани волоияти қонун, ҳамоҳангсозии робитаҳо дар фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ дар доираи бисёр созмонҳо ва иттиҳодҳои байнипарламентӣ нақши арзишмандро бар ҷой меоварад. Ҳадаф ва мароми ин мақоми олӣ дар шароити кунунӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, Ваҳдати миллии тоҷикон, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овардан барои рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар тавассути таҳия, қабули қонунҳо ва тасдиқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки робитаҳои мутақобила ва ҳамкориҳои судманди мақоми олии қонунгузор бо мақомоти иҷроия ва махсусан Президенти мамлакат имкон дод, ки амалисозии сиёсати давлатӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ ва таҳияву қабули қонунҳои мутобиқ ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат боз ҳам бештар гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳими минтақа ва байналмилалӣ, ҳамеша ҷиҳати паст намудани шиддати авзои мураккаб, барқарор намудани сулҳу суботи кишварҳои минтақаву дунё саъю талош меварзад.

Дар ин самт мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Парламенти мамлакат на танҳо низоми қонунгузории кишварро дар ҳамаи самтҳо такмил дод, балки дар ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ низ қадамҳои устувор гузошт.

Вакилони арҷманд! Мо панҷ соли фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагонро пушти сар кардем. Панҷ соли фаъолияти пуршиддат, панҷ соли сабақҳои хидмат ба интихобкунандагонамон, хидмат ба халқи шарифу Ватани маҳбубамон.

Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки фаъолияти  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар тамоми самтҳо -фаъолияти қонунгузорӣ ва фаъолияти намояндагиву  байнипарламентӣ дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифт ва натиҷаҳои самарабахш ба бор овард.

Қобили зикр аст, ки даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон бо самту паҳлуҳои нави корӣ, иқдомоту ташаббусҳои пайваста дар ҳамаи бахшҳо ва ноил шудан ба камолоти қонунгузориву дипломатияи парламентӣ дар рушди парламентаризми тоҷик нақши босазо гузошт.

Тавре огоҳӣ доред, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон дар анҷоми ҳамаи иҷлосияҳои даъвати чорум роҷеъ ба фаъолияти ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар давраи ҳар як Иҷлосия гузориши муфассал ироа мегардид. Бинобар ин, ҳоло мехоҳам танҳо роҷеъ ба баъзе нуктаҳо ва паҳлуҳои хоси ин даъват тариқи мухтасар маълумот пешниҳод намоям.

Як бахши муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҳамчун ҷузъи Маҷлиси Олӣ дар шакли ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон амалӣ гардид, ки дар онҳо Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Дар ҷараёни фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон нуҳ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд, ки панҷтои он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон омода ва баргузор гардиданд.

Дар шаш ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ки дар онҳо Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии давлатамонро муайян намуда, баҳри созандагӣ ва рушди устувор ва босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки Маҷлиси намояндагон дар фаъолияти хеш дар ҳамаи Иҷлосияҳо, қабл аз ҳама Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро ба роҳбарӣ гирифт.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам бо арзи сипос ташаббусҳои муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти фаъолияти қонунгузорӣ махсусан зикр намоям. Дар ин даъват Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ, сиёсате, ки ба манфиати ҳар як фарди Тоҷикистон аст, сиёсате, ки фақат ба ободӣ, некуаҳволӣ ва таъмини шароити шоистаи зиндагӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон равона гардидааст ва баҳри амалӣ намудани мақсадҳои наҷиб дар роҳи шукуфоиву пешрафти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 257 лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиро пешниҳод намуданд.

Ин ҷо мехоҳам иқтидомоти инсондӯстонаи Президенти ҷумҳуриро  вобаста ба авфи шахсони ҷиноятсодирнамуда махсусан таъкид намоям. Қобили зикр аст, ки дар даъвати чорум низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии хеш ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 20-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  авф»-ро пешниҳод намуданд, ки мавриди қабул ва амал қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин мехоҳам аҳамияти муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, махсусан зикр намоям, зеро қонуни мазкур, қабл аз ҳама, барои муҳокимаи умумихалқӣ вогузор гашта, ҷиҳати такмили он пешниҳодоти тамоми қишрҳои ҷомеа ба инобат гирифта шуданд. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи қонуни мазкур дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа ва аз аҳамияти  иҷтимоиву ҳуқуқии он бархӯрдор гардидани тамоми аҳли ҷомеа саривақтиву ҳаётан муҳим будани пешниҳод ва қабули онро бори дигар собит менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҷараёни даъват 24 нафар вакилон ва ҳашт нафар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Президенти мамлакат бо унвонҳо ва мукофотҳои  давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин шоистаи таъкид аст, ки дар ҷараёни даъват мо дастгирию мусоидати  Президенти мамлакатро ҷиҳати беҳдошти шароити моддию техникӣ барои фаъолияти босамари вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамеша эҳсос менамудем.

Бинобар ин, аз номи шумо, вакилони арҷманд ва шахсан аз номи худам ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомҳои наҷиб, таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаашон аз самими дил сипосу эҳтиром ва миннатдории бепоён изҳор менамоям.

Вакилони гиромӣ! Дар ҷараёни фаъолияти даъвати чорум шаш иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ва як иҷлосияи ғайринавбатӣ доир гардиданд.

Фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагон, ки дар Иҷлосияи дуюми даъвати мазкур дар таҳрири нав қабул гардид, инчунин дар асоси дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҷараён гирифта, тавассути қарорҳои Шӯро ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми батанзимдароварандаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҷиҳати амалӣ гардидани тамоми бахшҳо нақши муҳим ва амалӣ бар ҷой овард.

Лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳо, протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳо ва эроду ислоҳҳои аъзои Шӯро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаҳои Иҷлосия дар сатҳу сифати зарурӣ пешниҳод гардиданд. Дар ҷаласаҳои Шӯро маводи пешниҳодшуда бо равиши тозаи корӣ ва ҷиддияти тамом мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчун механизми ҳамоҳангсоз ва батанзимдароварандаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон таври муассир рӯйи кор омада, ҷиҳати беҳтар гардидани сифати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ усули нави муассирро амалӣ гардонид.

Мо тавонистем ҷараёни фаъолияти Шӯроро ҳамчун василаи муҳими роҳнамоии фаъолияти Маҷлиси намояндагон мукаммал гардонем. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ҷараёни ин даъват дар фаъолияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон шеваву усулҳои наву эҷодкорона амалӣ гардид, ки аз чунин тарзи кор дар даъватҳои оянда баҳрабардорӣ намудан аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни ҳар як иҷлосия то 40-45 Шӯро баргузор гардида, зиёда аз 500 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мақоми олии амалӣ гардидани фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва марҳилаи ниҳоии мавриди баррасӣ қарор гирифтан ва қабул гардидани лоиҳаи қонунҳо, тасдиқ гардидан ва ба тасвиб расидани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон маҳсуб мегарданд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон барои аҳли ҷомеаи кишвар ва берун аз он тариқи ҷаласаҳои Иҷлосия муаррифӣ гардид.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷаласаҳои иҷлосияҳо ҳамчун мактаби хоси баррасиву қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такомул ёфта, ҳамчун далели равшани камолоти касбии вакилон, фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар бахшҳои Маҷлиси намояндагон амалӣ гардиданд. Тавре худ шоҳиди ҳол ҳастед, баррасии маводи ба ҷаласаҳо пешниҳодгардида тариқи саҳеҳу мухтасар, фарогири асли моҳияти масъала амалӣ карда шуд. Ҷаласаҳо бо тарзу усули нави корӣ ҷараён гирифта, ҳангоми баррасӣ, қабул ва тасдиқи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вакилон дарки масъулият, ҷаҳду талоши дар сатҳи баланди касбӣ баррасиву қабул гардидани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар рӯйи кор омад.

Бояд гуфт, ки ҳангоми баргузории ҷаласаҳо дар баробари риояи пурраи шартҳои баррасиву қабули қонунҳо ва дигар маводи пешниҳодгардида суханрониву гузоришҳои баромадкунандагонро бо тамкин ва оромона гӯш кардан, ба эътибор гирифтани нуқтаи назари ҳамдигар дар мавриди баррасии сифату моҳияти қонунҳо дар давраи мазкур ба як усули одии корӣ табдил ёфт.

Сарфи назар аз он ки лоиҳаҳои қонунҳо аз ҷаласаҳои кумитаҳо ва Шӯро бо тайёрии комил ба ҷаласаҳои иҷлосия пешниҳод мешуданд, дар ҷараёни баррасиву қабул аз ҷониби вакилон боз ҳам ҷиддияти том ва баррасии ҳамаҷонибаи ҷузъиёти лоиҳаҳои мазкур зоҳир мегардид. Натиҷаи ҳамин ҷиддият буд, ки чандин лоиҳаҳои қонунҳо аз ҷаласаҳои Иҷлосияҳо барои таҳриру такмил бозпас гардонида шуданд.

Дар ҷараёни даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон аз оғоз то ба имрӯз 134 ҷаласаҳои  Маҷлиси намояндагон баргузор гардиданд, ки дар онҳо 993 лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар панҷ соли фаъолияти даъвати чорум се қонуни конститутсионӣ, ба мисли  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 38 Қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Қобили зикр аст, ки яке аз дастовардҳои чашмрас дар ҷараёни ин даъват қабули се Кодекси нав мебошад, яъне дар таърихи қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд- Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин  Кодекси  нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шумор қарор доранд.

Таҷрибаи таҳия ва қабули қонунҳои  мукаммал хеле самарабахш амалӣ гардид. 115 қонунҳои мукаммал қабул гардиданд, ки аксари онҳо дар низоми қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ва даҳҳо чунин қонунҳои нави мукаммал аз он шумор маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин 108 қонун  дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 336  қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 603 қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои мукаммал ва қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Чор қонун аз эътибор соқит дониста шуданд.

Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон ин тасдиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ, созишномаю шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки моҳияти созишномаву конвенсия, аҳдномаву протокол, шартномаву оиннома ва барномаву дурнамо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ мисли қонунҳо ҷиҳати рушду нумӯи бахшҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар ва бунёди муассисаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак, сармоягузории бахшҳои алоҳида, кумакҳои билоиваз ва ғайра хеле бузург аст.  Дар ҷараёни даъвати чорум 390 созишнома, шартнома, аҳднома, ёддошту қарордод, конвенсияю протоколҳо, ҳамчунин панҷ барномаи давлатӣ, панҷ дурнамо ва як стратегияи давлатӣ ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Барои муқоиса танҳо хотирнишон карданӣ ҳастам, ки дар даъвати дуюм тақрибан 500 ва дар даъвати сеюм 825 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардидаанд.

Аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 257 лоиҳаи қонун, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 345 лоиҳаи қонун, аъзои Маҷлиси миллӣ 18 лоиҳаи қонун, аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон 40 лоиҳаи қонун ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 162 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки давоми даъват вакилони Маҷлиси намояндагон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 2 то 23 лоиҳаи қонунҳо пешниҳод намуданд.

Фаъолияти қонунгузории Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни даъвати чорум серҷабҳаю судманд ҷараён гирифт. Бо дарназардошти  самтҳои афзалиятноки ҷомеаву пешрафти кишвар  ва дар асоси Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қонунҳое таҳия, пешниҳод ва қабул гардиданд, ки ба масъалаҳои  муҳими  ҳаёти  ҷомеа, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, хоса соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, сиёсати молиявии кишвар, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии пешрафти мамлакат доир ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таъмини амнияти экологӣ, ҳамчунин ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ, интихобот, системаи судӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷинояткории муташаккилона, коррупсия, терроризм ва маблағгузории он, экстремизм ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа дахл доранд.

Қобили зикр аст, ки қабули қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷрои қонуни мазкур салоҳияти истисноиву конститутсионии Маҷлиси намояндагон мебошад. Вобаста ба ин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015 ҳар сол дар кумитаҳо ва ҷаласаҳои якҷояи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба банду қисмҳо ва бобҳои алоҳидаи қонунҳои мазкур бо пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон тағйироти назаррас ворид гардиданд.

Тавре огоҳӣ доред, аксаран лоиҳаҳои қонунҳое, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси намояндагон ирсол мегарданд, аз ҷониби вазорату мақомоте, ки он лоиҳаҳо ба соҳаи фаъолияташон тааллуқ доранд, таҳияву пешниҳод шуда, минбаъд бо ҳамкории Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо принсипи ҳамкории идоравӣ бо иштироки мақомоти соҳавӣ амалӣ гардид. Чунин шакли кор иштироки мутахассисони соҳавӣ ва дар сатҳи касбӣ таҳия гардидани лоиҳаи қонунҳоро таъмин намуд. Мо ҳангоми омӯзишу баррасии лоиҳаҳои қонунҳо дар баробари намояндагони мақомоти давлатӣ аз иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ низ истифода намудем. Тавре огоҳӣ доред, дар чандин маврид назару пешниҳоди созмонҳои ғайридавлативу ҷамъиятӣ, иштирокчиёни конфронсу мизҳои мудаввар ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин замина, таҷрибаи ташкили гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонунҳо ба шумули намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар ҳаммуаллифӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ амалӣ гардид. Натиҷаи ҳамин буд, ки лоиҳаи қонунҳои тавассути гурӯҳҳои корӣ таҳияву пешниҳодшуда бо сифат ва посухгӯй ба талаботи техникаи қонунгузорӣ фарқкунанда буданд.

Қобили зикр аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва дар асоси Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар қонунҳо якчанд гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.  Қобили таъкид аст, ки чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон низ ба ин гурӯҳҳои корӣ шомил буда, бо иштироки фаъолонаи хеш дар таҳияи лоиҳаи ин кодексу қонунҳо, ки айни ҳол ҷараён дорад, саҳми босазо гузоштанд. Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.Лозим аст, ки дар даъвати нави Маҷлиси намояндагон кори лоиҳаи мазкур ба анҷом расонида шавад.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида ва тавсияву талаботи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  як силсила қонунҳо қабул гардида, созишномаву конвенсияҳои байналмилалӣ тасдиқ гардиданд.

Ҳамин тавр, бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати гардиши маблағҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда, ҳамчунин маблағгузории терроризм ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои созмони байналмилалии  Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ)  як силсила қонунҳо қабул шуданд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», ҳамчунин 18 қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба кодексу қонунҳо аз ҳамин шуморанд.

Маҳз ҳамин қонунҳо имкон доданд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ гардонида шавад ва моҳи октябри соли 2014 дар ҷаласаи навбатии ФАТФ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҷаи мониторинги қатъӣ, ки аз соли 2008 дар он қарор дошт, бароварда шуда, ба реҷаи муқаррарӣ ворид карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи ин Созмони байналмилалӣ ва низоми савдои байналмилалӣ беш аз 100 қонунҳо қабул гардида, созишномаҳои дахлдор тасдиқ гардиданд.

Вакилони иззатманд! Рушди парламентаризми тоҷик на танҳо тариқи такмили  қонунгузорӣ, балки тавассути татбиқи шаклҳои дигари муассир ва пурсамари фаъолияти парламентӣ амалӣ карда мешавад, ки муҳокимаҳои парламентӣ низ дар он шумор қарор доранд. Моҳияти чунин шакли муҳокимаҳо дар баробари дигар хусусиятҳо, ба маълумоти мардум ва интихобкунанда расонидани масъалаҳои муҳимест, ки онҳо тариқи дигар ба он имконияти дастрасӣ пайдо кардан надоранд. Моҳияти дигари муҳокимаҳои парламентӣ дар он аст, ки ба ин васила шаҳрвандон иштирокчии ҷараёни шаклгирии парламентаризми кишвар маҳсуб мешаванд. Дар баробари бисёр дастовардҳои даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон муҳокимаҳои парламентӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда ва таркибии фаъолияти Маҷлиси намояндагон бо нақшу моҳияти нав шакл гирифтаву рӯи кор омаданд.

Қобили зикр аст, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои хеле муҳими иҷтимоию  иқтисодӣ, рафти иҷрои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ», масъалаҳои иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ як силсила муҳокимаҳои парламентӣ дар сатҳи Маҷлиси намояндагон ва дар сатҳи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон доир гардиданд. Аз ҷумла оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» дар самти татбиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014», «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» ва дигар масъалаҳо дар шумори мавзӯъҳои муҳокимаҳои парламентӣ қарор доштанд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки аз натиҷаи баргузории ҳар яке аз ин муҳокимаҳои парламентӣ тавсияҳои мушаххас қабул гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор  барои иҷро ва чораандешӣ фиристода шуданд.

Мо дар ҷараёни баргузории муҳокимаҳои парламентӣ кӯшиш намудем, ки масъулияти вазорату идораҳо барои иҷрои қонун дар бораи Буҷети давлатӣ боз ҳам баланд бардошта шавад. Ба ин восита ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ наздиктар гардида, фаъолияти онҳо ҷиҳати иҷрои қонуни мазкур дар ҳамҷоягӣ муассир гардид. Фикр мекунам, дар ин давра тамоми сохторҳои давлатӣ барои иҷрои қонун дар бораи Буҷети давлатӣ бештар масъул гардиданд.

Бояд зикр кард, ки муҳокимаҳои парламентӣ на танҳо дар ҳаёти Парламент, балки дар ҳаёти ҷомеаи кишвар низ мақоми шоиста пайдо карданд. Моҳияти баррасии масъалаҳои вобаста ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои гуногуни даъвати чорум дар Маҷлиси намояндагон, инчунин моҳияти тавсияҳои онҳо бештар гардид. Мо далели ин фикрро аз гузоришҳое, ки аз мақомоти гуногуни давлатӣ ба унвони Маҷлиси намояндагон ворид гардиданд, пайдо карда метавонем. Тавре огоҳӣ доред, як силсила вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати молия, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии  назорати маводи нашъаовар ва чанде мақомоти дигар роҷеъ ба фаъолияти худ ба Маҷлиси намояндагон пайваста гузоришҳо пешниҳод менамоянд. Бояд зикр намуд, ки мунтазам баргузор кардани муҳокимаҳои парламентӣ боиси баланд бардоштани масъулияти роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати мақсаднок ва самарабахш истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ мегардад.

Мо дар ин давра воқеан ба он ноил гаштем, ки минбари муҳокимаҳои парламентиро ба минбари гуфтугузорҳои рӯйиросту беғаразона бо ниҳодҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гардонем.

Бо амалӣ гардидани тавсияву ҳадафҳои муҳокимаҳои парламентӣ ҳамкории ду шохаи ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор ва иҷроия дар заминаҳои нав амалӣ гардид. Тавре таҷрибаи баргузории муҳокимаи парламентӣ нишон дод, гуфтугузори миёни мақоми қабулкунандаи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ ва тарафи иҷрокунандаи он воситаи мувофиқ ва самаранок барои ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳалли дастҷамъонаи мушкилоти ҷойдошта мебошад.

Қобили зикр аст, ки таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳоро барои пурсамартар баргузор гардидани муҳокимаҳои парламентӣ боз ҳам бештар гардонид. Вобаста ба тақвияти ин самти фаъолият дар даъвати оянда зарур аст, ки ҳамкориҳо бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ваколати назорати истифодаи малбағҳои буҷетӣ ба уҳдаи ин мақом гузошта шудааст, бештар амалӣ карда шаванд.

Вакилони арҷманд! Дар ҷараёни фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бори нахуст 14 апрели соли 2010 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан ба Комиссияи доимии Маҷлиси намояндагон табдил дода шуд. Зарурати таъсиси чунин Комиссияи экологӣ ба миён омадани вазъи ташвишовари экологӣ дар минтақа, аз ҷумла дар кишварамон ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки моҳияти таъсиси Комиссияи экологӣ ҳамчун дастоварди даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон барои аҳли ҷомеаи кишвар бараъло зоҳир гардид. Бори нахуст оид ба масъалаҳои марбут ба экология дар кишвар, ба таври мустақим таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Маҷлиси намояндагон дар заминаи фаъолияти Комиссияи экологӣ ва барои дифои манфиатҳои экологии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва дар ҳамоишҳои байнипарламентиву байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешид.

Яке аз дастовардҳои дигари даъвати чорум таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ин ниҳод мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, ваколати он вобаста ба гузаронидани аудити мустақил ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Палатаи ҳисоб татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи молияи давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ арзёбӣ намуда, хулосаҳои худро оид ба натиҷаҳои он пешниҳод менамояд. Бояд зикр кард, ки ниҳоди мазкур на танҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати молиявии кишвар нақши муҳим мебозад, балки дар самти рушду инкишофи парламентаризми тоҷик иқдоми ҷиддӣ ба шумор рафта, доираи иштироки мақоми олии намояндагиро дар пешбурди сиёсати молиявии давлатӣ васеъ мегардонад.

Вакилони арҷманд! Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон бахши намояндагии он ба шумор меравад. Дар ҷараёни даъвати чорум ин бахш бо паҳлуҳои нави корӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ҷараёни даъвати чорум мулоқот ва вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон дар заминаи комилан нави муносибатҳои ҷомеавӣ баргузор гардиданд. Аксаран интихобкунандагон бори нахуст дархосту матлаби худро пешниҳод намуда, ҷавоби ошкору возеҳ гирифтанд. Ба воситаи муносибатҳои байни вакил ва интихобкунанда дар тарбияи шуури ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва ба ин тариқ ҷиҳати рушду нумӯи парламентаризми кишвар саҳми муносиб гузошта шуд.

Тайи ин даъват, ман бо итминони комил гуфта метавонам, мо ба боварию эътимоди интихобкунандагони худ бештар сазовор шудем, зеро пайваста саъю талош доштем, ки муроҷиатҳои интихобкунандагони худро сари вақт ва ҳаматарафа баррасӣ намуда, дар доираи ваколат ва салоҳияти худ ба ҳалли мусбии онҳо мусоидат намоем. Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни даъвати чорум дар Маҷлиси намояндагон 4922 муроҷиати хаттӣ ва 31323 муроҷиати шифоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳар чӣ бештар ворид гардидани дархосту муроҷиати шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон далели он аст, ки онҳо ба ин даргоҳ бо чашми умеду орзуи ҳалли мушкилоти худ назар мекунанд ва дар аксар маврид ҳоҷати онҳо бароварда мешавад. Ин гуфтаро дар бисёр арзи сипосу миннатдорие, ки ба унвони роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ворид мегарданд, дарёфт кардан мумкин аст.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси реҷа ва рӯзҳои муайяни ҳафта амалӣ гардида, иҷрои дархосту муроҷиати онҳо зери назорат қарор дошт.Мо аз рӯзҳои нахустини фаъолияти даъвати чорум робитаро бо интихобкунандаи худ таври боварибахш ба роҳ монда, ҷиҳати дастрасии ҳар чӣ бештари вакил барои интихобкунанда рақамҳои телефонҳои вакилонро ба воситаи  рӯзномаи  «Садои мардум» ва сомонаи Маҷлиси намояндагон  ба нашр расондем.

Ҳамчунин зикр намудан бамаврид аст, ки дар ҷараёни даъват бори нахуст – фикр мекунам, дар давраи тамоми фаъолияти мақоми намояндагиву қонунгузори кишвар — қабули Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ баргузор гардида, ҳамчун шакли нави муносибат бо муроҷиаткунанда рӯи кор омад, ки чунин шакли қабулу мулоқотҳо дар рушди парламентаризми миллӣ ҳамчун саҳифаи наве арзёбӣ мегардад. Фикр мекунам идома додани чунин шакли қабул дар оянда низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Мехоҳам зикр кунам, ки тамоми аризаву муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид гардиданд, то марҳилаи ҳалли ниҳоӣ зери назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор гирифтанд.

Аризаҳо асосан оид ба таъмини нафақа, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмини манзили зист, баҳси манзили истиқоматӣ, дастрас кардани техникаи тиббӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, ситонидани андоз, расонидани кумаки моддию молиявӣ, бозҳисобии ҳама гуна нафақаҳо, таъмин бо ҷойи кор, кумаки тиббию санитарӣ, дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва ғайра ворид гардида, қисмати зиёди муроҷиатҳо дар муҳлати муайяншуда таври мусбӣ ҳал гардидаанд.

Дар давоми ҳар як иҷлосия ба кумитаҳо ва комиссияҳо зиёда аз 700 адад ва ба шуъбаҳои Дастгоҳ зиёда аз 300 адад муроҷиат ворид гардидааст, ки ин арзу шикоятҳо мувофиқи мансубияташон барои баррасӣ ва чораандешӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои вакилзанон бо ташкилоти ҷамъиятии «Зан- интихобкунанда» дар соли 2012 дар ҳашт шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб, Мастчоҳ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Тоҷикобод ва Ховалинг 32 нишасти «Клуби мубоҳисавии занон» баргузор гардид, ки дар онҳо намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсии кишвар, вакилзанон ва зиёда аз 1500 фаъолзанони шаҳру деҳот иштирок доштанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон бо бонувони шаҳру деҳот оид ба масъалаҳои мақоми зан дар ҷомеа, оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунати хонаводагӣ, фарогирии занон ба шуғл ва касбомӯзӣ, таълиму тарбияи фарзандон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани маърифатнокии занону духтарон ва ғайра суҳбати рӯ ба рӯ доштанд.

Шоистаи таъкид аст, ки бо иштироки вакилзанони Маҷлиси намояндагон ва занони роҳбарикунанда,  донишҷӯдухтарони болаёқати вилояти Суғд бори аввал тариқи  онлайн конференсияи шабакавӣ доир гардид. Дар конференсияи мазкур масъалаҳои иштироки занон дар раванди қабули қонуну қарорҳо,  баланд бардоштани рағбату фаъолият ва ташаббусҳои занони фаъолу роҳбар дар бунёдкориву созандагӣ, шукуфоиву хештаншиносӣ аз мавзӯъҳои суҳбати вакилон бо иштирокчиёни он  буд.

Як бахши муҳими фаъолияти намояндагии Маҷлиси намояндагон мулоқоту вохӯрии вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва маҳалҳо ба шумор меравад. Давоми иҷлосияҳо вакилон ҳар сол ду маротиба — моҳҳои сентябр ва май  ба сафари хидматӣ баромада, бо интихобкунандагонашон суҳбатҳо оростанд.

Вохӯриву мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагон шаклан ва мазмунан такмил ёфтанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар аксар маврид бо тавсияи мо дар ҳавзаҳо вохӯриҳои якҷояро бо вакилони вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо гузарониданд, ки чунин намуди вохӯрӣ аз тарафи интихобкунандагон хуб пазируфта шуд.

Тибқи гузоришҳои ҳардафъаинаи вакилон ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагон мулоқотҳо бо интихобкунандагон дар сатҳи зарурии намояндагӣ, фаъолу пурмуҳтаво баргузор гардида, масъалаҳои аз ҷониби интихобкунандагон пешниҳодшуда ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, барои ҳалли онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Гузоришҳо аз натиҷаи сафари вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар онҳо муроҷиату дархостҳои интихобкунандагон ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардид, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар ҳар як давраи мулоқот бо мақсади ҳалли масъалаҳои дар вохӯрию мулоқотҳо аз ҷониби интихобкунандагон гузошташуда аз тарафи вакилон зиёда 100 дархости вакилӣ ба вазорату мақомотҳои гуногуни давлатӣ ирсол мегардид.

Аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби мақомоту идораҳои марбута ба Маҷлиси намояндагон натиҷаҳои чораҷӯйии идораву вазоратҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо доир ба дархостҳои вакилон пайваста  фиристода мешаванд, ки дар онҳо роҷеъ ба иҷрои дархостҳо ва нақшаҳои ояндаи идораву вазоратҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба мавзӯи мазкур таври возеҳ дарҷ гардидааст. Чунин иқдом низ, ки ҷиҳати иҷро гардидани дархосту пешниҳоди интихобкунанда нақши муҳим мебозад, дар ҷараёни даъвати чорум бори нахуст амалӣ гардид.

Вакилони гиромӣ! Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз дар раванди робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ мақоми шоиста дорад. Фаъолияти байнипарламентӣ василаи муҳимест, ки дар шинохти чеҳраи сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, густариши робитаҳои байнипарламентӣ, фаъолона ширкат варзидан дар ҳалли масъалаҳои байнидавлативу байнипарламентӣ, муаррифӣ ва муайян намудани мавқеи Парламенти тоҷик дар ҳалли масоили гуногуни мавҷуда яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни даъвати чорум серпаҳлу ва муассиру судманд ҷараён гирифт ва Парламенти Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи бисёр созмонҳову ассамблеяҳои байнипарламентӣ ҷиҳати таҳкими робита бо ин созмонҳо нақши муҳим ба ҷой овард. Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки  равобити хориҷии мо бо аксари созмонҳои байнипарламентӣ ва парламентҳои кишварҳои дунё дар шакли муносибатҳои доимӣ ва дар сатҳи баланди дипломатияи парламентӣ ба роҳ монда шуд.

Дар замони ҳозира муносибатҳои байнипарламентӣ ҳамчун институти демократии намояндагӣ, барои ҳалли бисёр масъалаҳои муосири давлат ва ҳуқуқ мусоидат менамоянд. Зеро дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ масъалаҳое ба монанди мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва маблағгузории он, гирифтани пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, камбизоатӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба халъи силоҳ, энергетика, амнияти экологӣ ва ғайра фаро гирифта мешаванд.

Чунин робитаҳоро мо дар доираи фаъолияти созмону ассамблеяҳои байнипарламентии минтақавию байналмилалӣ, робитаҳои гурӯҳҳои дӯстӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ, истифодаи эҷодкорона аз қонунҳои намунавии аз ҷониби созмонҳои байнипарламентӣ қабулгардида, иштирок дар чорабиниҳои созмонҳои парламентиву ғайрипарламентии хориҷӣ ба роҳ мондем.

Албатта, ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур тақвият бахшидан ва тариқи ниҳодҳои байнипарламентӣ ба маълумоти аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани мазмуну моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо фаъолияти байнипарламентӣ ва мулоқоту қабулҳои худ, бо иштироки худ дар конфронсу форумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои байнипарламентиву хориҷӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани назари некбинонаи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба воқеияти Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди Неругоҳи барқии обии «Роғун», вазъи минтақа, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муштарак ва дигар масъалаҳо мусоидат кардем. Дар ин замина, ҷиҳати муаррифии сиёсати сулҳҷӯёна ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудем. Бо боварӣ метавон изҳор намуд, ки дар ин самт мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Сатҳи фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоишҳо ва рӯйдодҳои байнипарламентиву байналмилалӣ дар давраи ҷараёни даъвати чорум хеле боло рафт. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар чунин ҳамоишҳо бо маърӯзаву гузориш ва пешниҳодҳо манфиати халқу давлатро ҳимоя намуда, воқеияти кишварро роҷеъ ба масъалаҳои гуногун барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипарлумониашон бо ордену медалҳои тиллою нуқра ва Ифтихорномаҳои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё сарфароз гардиданд.

Рисолати парламентаризми тоҷик дар ҷараёни ин даъват бо фаъолияти хориҷии худ мазмуну муҳтавои тоза касб намуд. Парламенти касбии тоҷик ҳамчун ҷузъи ҳаммароми ҳокимият ва ҷомеаи тоҷикон ҷиҳати дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудан ва боло бурдани нуфузи халқу давлати тоҷикон саҳми арзишманд гузошт.

Бо ин мақсад дар ҷараёни даъвати чорум як силсила сафарҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун, инчунин мулоқотҳо бо президентҳои кишварҳо, раисони парламентҳо ва дигар шахсиятҳои воломақоми кишварҳои хориҷӣ доир гардиданд.

Дар ҳамин замина мулоқотҳову сафарҳои муовини якум, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар сатҳу доираҳои гуногун амалӣ гардиданд, ки асоси фаъолияти байнипарламентиву хориҷии Маҷлиси намояндагонро ташкил медиҳанд.

Иштироки бевосита дар таҳия, пешниҳод ва қабули қонунҳои намунавӣ (моделӣ), инчунин истифодаи қонунҳои намунавии созмонҳои байнипарламентӣ дар фаъолияти қонунгузории Маҷлиси намояндагон далели ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байнипарламентӣ ба шумор рафтани Парламенти касбии тоҷик арзёбӣ мегардад.

Мо дар ҷараёни иҷлосияҳо ба масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи минтақа ва дунё борҳо нуқтаи назари худро иброз намудем. Изҳорот ба Раиси палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи инҳисори роҳҳои оҳани Тоҷикистон дар ин кишвар, иштирок дар кори комиссияҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сарҳадии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳимояи манфиатҳои экологиву иқтисодии кишвар дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, изҳорот ва раддияҳо нисбати суханони иғвоангези баъзе шахсиятҳо ва расонаҳои баъзе кишварҳо нисбати халқу давлати мо ва ғайра аз он шуморанд.

Дар ҷараёни фаъолияти Парламенти касбии тоҷик бори нахуст миёни парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарламентӣ ба имзо расид.

Бояд зикр кард, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ марҳилаи нави ҳуқуқӣ ба вуҷуд омад. Мо баррасиву тасдиқи созишномаҳову шартномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро ба хотири густариши ҳар чӣ бештари робитаҳои хориҷии кишварамон ҷараён бахшидем.

Ҳамкасбони гиромиқадр! Дар ҷараёни фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон ибтикору ташаббусҳои эҷодкорона ба таври воқеиву назаррас амалӣ гардиданд.

Мо мактаби хоси парламенти касбӣ ва доимоамалкунандаи кишварро бо фаъолияти намояндагӣ, бо қонунҳову санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва равобити байнипарламентии худ мукаммал сохтаву мутобиқи талаботи замон ҷараён бахшидем.

Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор имрӯз ҳамчун мақоми аз лиҳози касбият такмилёфта ва қавиву устувори шохаи ҳокимияти давлатӣ шакл гирифтааст. Ин шохаи ҳокимияти давлатӣ бо фаъолияти густурдаи намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентиву хориҷии худ тавонист нисбати худ назари хушбинонаи ҷомеаи байнипарламентӣ ва аҳли ҷомеаи кишварро ба вуҷуд биёварад.

Мо ҷиҳати ҳар чӣ бештар риоя шудани волоият ва эҳтироми қонун заминаи воқеӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчун мақоми намояндагӣ бо оммаи васеи ҷомеаи Тоҷикистон фарогири робитаҳои корӣ, мутақобилан манфиатнок гардидем ва ҷиҳати боз ҳам рушду нумӯъ бахшидани парламентаризми тоҷик саҳми муносиб гузоштем.

Ин даъват бо хусусияти навоваронаи худ барои фаъолияти даъватҳои ояндаи Маҷлиси намояндагон уфуқҳои нави кориро падидор намуд. Мо итминони комил дорем, ки дастовардҳои зикргардида дар фаъолияти ояндаи Маҷлиси намояндагон эҷодкорона татбиқ гардида, бо шаклу ҷанбаҳои нав амалӣ гардонида хоҳанд шуд.

Мактаби вакилӣ низ бо сабку услуби хос ташаккул ёфт, савияву таҷрибаи намояндагиву қонунгузории вакилон мукаммал гардид. Ин мактаб вакилонро ҳамчун интихобкардаҳои мардум ҷиҳати ҳимояти манфиатҳои халқу кишвар бо ҳам муттафиқ гардонд, аз лиҳози сиёсӣ обутоб бахшид.

Мехоҳам таъкид кунам, ки мо фарҳанги қонунгузориро такмил додем ва ҷиҳати бештар густариш додан ва ба марҳилаи камолот ворид гардидани он заминаи мусоид фароҳам овардем. Мактаби хоси қонунгузориву намояндагии тоҷикро на танҳо ташаккул додем, балки онро комил намудаву барои ҷомеаи кишвар муаррифӣ кардем.

Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо ҷараёни даъвати чорум парламентаризми тоҷик ба таври воқеӣ шакл гирифт, институти амалӣ ва фаъоли парламенти касбии кишварамон таҷриба ва меъёрҳои қонунофарии кишварҳои пешрафтаро дар фаъолияти худ амалӣ гардонд.

Аз лиҳози моҳият даъвати мазкур як навъ ҷамъбасти дастовардҳои даъватҳои гузаштаи Маҷлиси намояндагон ва баҳрабардории комил аз таҷрибаи қонунгузорӣ ва дигар бахшҳои парламентҳои кишварҳои пешрафтаи дунё маҳсуб мегардад.

Фазои мусоиди корӣ, риояи принсипҳои демократӣ, боло рафтани сатҳи муҳокимарониҳо, баррасии бештару амиқи лоиҳаи қонунҳо, масъулиятшиносии вакилон аз хусусиятҳои хеле муҳим ва фарқкунандаи даъвати чорум арзёбӣ мегарданд.

Фикр мекунам, беҳтарин дастоварди мо дар ҷараёни даъват ин ба боварӣ ва эҳтироми ҳамдигар сазовор гардидани тамоми вакилон ба шумор меравад. Мехоҳам зикр намоям, ки вакилони Маҷлиси намояндагони даъвати чорум, сарфи назар аз мансубияташон ба ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ ҳангоми ҳимояи манфиатҳои халқу ватан ҳамфикру ҳамақида буданд ва ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки Фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Гурӯҳи вакилӣ ва вакилон — намояндагони ҳизбҳои парламентӣ- Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои намояндагӣ ва қонунгузорӣ ҳангоми ҳимояи манфиатҳои ҳизбиашон низ бо дарназардошти манфиатҳои умумии халқу кишвар фаъолона саъю талош намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар ин муддат мо ҳамқадами замон ва ҷомеаи кишвар будем, набзи фаъолияти худро бо набзи бунёдкориву созандагиҳо ва рӯйдодҳои таърихи навини кишвар ҳамоҳанг намудем.

Бо дарназардошти фаъолияти пурсамар ва зоҳир гардидани ҷанбаҳои нави корӣ метавон гуфт, ки даъвати чорум дар бахшҳои намояндагӣ, қонунгузорӣ, байнипарламентиву хориҷӣ бо хусусият ва паҳлуҳои нав падидор гардид, ки бардоштҳои асосии он аз сабақҳои зерин иборат мебошанд:

1. Дар ҷараёни фаъолияти намояндагии парламент таҳаввулоти муҳими наздикшавӣ ва ҳусни тафоҳуми миёни интихобкунанда ва вакил бештар тақвият ёфт. Гуфтугӯйи ошкоро, дарки воқеии мушкилоти интихобкунанда, ҷаҳду талоши самимона барои ҳалли дархосту муроҷиати ӯ ва пайгирии матлаб то ҳалли ниҳоии масъала ба воситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута дар ҷараёни даъват равиши тоза касб намуд.

2. Яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи фаъолияти қонунгузории  даъвати чорум масъалаи дар мадди аввал гузоштан ва баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ба ҳисоб рафта, ҳамзамон шумораи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ва тасдиқгардида бештар гардид. Хусусан шумораи зиёди қонунҳои нави мукаммал қабул гардиданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҳуқуқи конститутсионии хеш хеле пурмаҳсул ва самаранок истифода намуданд. Субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти марбута, ки ба таҳияву пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо масъул мебошанд, дар шакли ҳаммуаллифӣ, ташкили гурӯҳҳои корӣ, мизҳои мудаввар ва ғайра робитаи бештари корӣ ва пурсамарро амалӣ намуданд.

3. Дар ҷараёни даъвати чорум  як силсила қонунҳо ва созишномаву конвенсияҳои байналмилалӣ қабул ва тасдиқ гардида, имкон доданд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида  мутобиқ гардонида шавад, тавсияву талаботи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иҷро гардида, натиҷаҳои самарабахш ба бор орад, ки дар натиҷа, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, аз реҷаи мониторинги қатъии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) баромадан ва ба реҷаи муқаррарӣ ворид гардидани Тоҷикистон аз ҳамин ҷумла мебошанд.

4. Тариқи қабули созишнома, шартнома, аҳднома, ёддошту қарордод, конвенсияю протоколҳо ва дигар санадҳои  ҳуқуқии байналмилалӣ, ки дар ҷараёни даъват мавриди тасдиқ қарор гирифтанд, Маҷлиси намояндагон ҷиҳати муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаву муассисаҳои муштарак, гирифтани пеши роҳи андозҳои номатлуб саҳми муносиб гузошта, ба ин васила иштироки вакилонро дар пешбурди иқтисодиёти кишвар фаъолу муассир гардонд.

5. Дар фаъолияти байнипарламентиву хориҷии Маҷлиси намояндагон уфуқҳои нави ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба падидор гардиданд. Дар ин давра вакилон дар доираҳои гуногуни созмонҳои байнипарламентиву байналмилалӣ, форуму конференсияҳо, семинару мизҳои мудаввар ва мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои воломақом ва намояндагони мақомоти давлатҳои хориҷӣ на танҳо ҳамчун иштирокчии одӣ ё тараф, балки ҳамчун ташаббускори дархосту пешниҳод ва шарҳу эзоҳ ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои халқу кишвар баромад намуданд.

6. Саҳмгузории фаъолонаи вакилон дар рӯйдодҳои гуногуни дохили кишвар, аз ҷумла таҷлили санаҳои муҳим, рӯйдодҳои фарҳангиву таърихӣ, иштирок ва суханронӣ дар конференсияву семинарҳо ва дигар чорабиниҳои созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ва хориҷии муқими кишвар бештару пурсамар гардида, бо шаклу мазмуни нав амалӣ карда шуд. Таваҷҷуҳи созмонҳову муассисаҳои мазкур ҷиҳати иштирок ва дарёфти нуқтаи назари вакилони Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои гуногуни фарогири мазмуну муҳтавои наву ҷолиби ҳамкориҳо ҳамчун хусусиёти нав ва фарқкунандаи даъват ба шумор меравад.

7. Баргузории муҳокимаҳои парламентӣ ва сатҳу савияи нав бахшидан ба ҳадафҳо ва моҳияти онҳо дар шумори дастовардҳои муҳими даъвати чорум қарор дорад. Доираи салоҳияти конститутсионии Маҷлиси намояндагон ҳамчун назораткунандаи иҷрои Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст чунин васеъ ва фарогири ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба иҷрои буҷет дар вазорату муассисаҳои мавриди муҳокима қароргирифта зоҳир гардид.

8. Дар доираи салоҳияти Комиссияи экологӣ ҳимояи манфиатҳои халқу давлати Тоҷикистон тариқи гузоришҳо дар форумҳо, конференсияву семинарҳои гуногуни байнипарламентиву байналмилалӣ ва минтақавӣ, мизҳои мудаввар, инчунин дар дохили кишвар аз тариқи чорабиниҳои гуногун амалӣ карда шуда, ба ин васила дуруст ва саривақтӣ будани таъсиси комиссияи мазкур собит гардид.

9. Бо боварии том метавон гуфт, ки даъвати чорум дар таърихи парламентаризми тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, доираи иштироки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро ҷиҳати арзёбии масъалаҳои гуногуни ҷомеа боз ҳам фарохтар гардонд. Дар баробари ин, мартабаи Парламенти тоҷик ҳамчун рукни ҳокимияти давлатӣ дар миёни аҳли ҷомеаи кишвар боз ҳам устувор ва волоияти қонун, обрӯву нуфузи мақоми олии қонунгузор боз ҳам баланд гардид.

10. Робитаи кории Маҷлиси намояндагон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ – ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ, инчунин мақомоту идораҳои дигари кишвар таври фаъол, пурсамар, корӣ ва судманд ҷараён гирифта, дар раванди таҳияву баррасӣ, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин татбиқ гардидани дигар бахшҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон нақши боризу равшан бар ҷой гузошт.

Вакилони гиромиқадр! Мо дар ҷараёни даъвати чорум дар тамоми бахшҳои фаъолиятамон ба дастовардҳои хуби корӣ ноил гардидем. Албатта, зиндагӣ ҷараён дорад, ҷомеа рушду нумӯъ меёбад ва талабот ба асосҳои ҳуқуқии ҷомеа вобаста ба тақозои давру замон нав мешавад, қонунҳои дирӯз имрӯз ба тағйиру илова ва таҳриру танзими нав ниёзманд мегарданд. Ҳар марҳилаи нави таърихӣ вобаста ба ин бахш талаботи ба худ хосро ба миён мегузорад. Муҳим он аст, ки ин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ рисолати худро ба ҷой оварда тавонанд.

Аммо бояд гуфт, ки мо бо ин даъват меъёрҳои воқеии заминаи қонунгузориву намояндагиро барои даъватҳои оянда тарҳрезӣ намудем. Тавре мегӯянд, ҷое ки кор ҳаст, камбудӣ низ мешавад. Аммо мо дар ҷараёни даъват кӯшиш кардем,  ки ҳар як камбудӣ сари вақт ошкор гардида, барои аз байн бурдани он чораандешӣ карда шавад.

Лозим аст, ки даъватҳои оянда фаъолияти худро дар асоси чунин таҷрибаҳо амалӣ намоянд. Таҷриба воқеиятест, ки дар ҷараёни тӯлонии кор ба вуҷуд меояд. Фаъолияти имрӯз бе таҷрибаи дирӯз ва фаъолияти фардо бе истифодаи таҷрибаи имрӯз имконнопазир аст. Ҳамчунин лозим аст, ки дар даъватҳои оянда баробари омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои пешрафтаи дунё аз сабақҳои худӣ низ баҳрабардорӣ амалӣ гардад.

Ман дар ҷараёни суханронии худ чанде аз он сабақҳоро хотирнишон кардам. Дар идомаи ин суханҳо бояд гуфт, ки дар оянда низ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо аз хулосаву тақризҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи ҳуқуқ ва забон, хулосаҳои дигар мутахассисон ва назари аҳли ҷомеа бояд бештар истифода бурда шавад.

Лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда бояд аз экспертизаи илмию ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ, гендерӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, экологӣ ва дигар экспертизаҳои махсус бештар гузаронида шаванд. Чунин шакли экспертизаҳо, агар таври доимӣ ва ҳатмӣ амалӣ карда шаванд, ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва муассирияти лоиҳаҳои қонунҳо  ва татбиқи минбаъдаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа мусоидат хоҳанд намуд.

Мо дар ҷараёни фаъолияти даъвати чорум ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии баррасӣ ва қабулшаванда ба принсипҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ чораҳои амалӣ андешидем, ки муассирияти ин усул бараъло зоҳир гардид, зеро дараҷаи мукаммалсозии лоиҳаҳо, осонфаҳмии санадҳои меъёрӣ ва батанзимдарории қонунгузорӣ аз риоя намудани техникаи қонунгузорӣ бисёр вобаста аст. Сарфи назар аз мавҷуд набудани қоидаҳои муайян дар ин бахш мо дар ҷараёни даъват ба масъалаи риояи талаботи техникаи қонунгузорӣ ва меъёри қоидаҳои забони адабӣ бештар рӯ овардем. Дар оянда аз чунин усул бояд бештар баҳрабардорӣ карда шавад.

Мо дар тамоми ҷараёни даъват ҷиҳати аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон як силсила корҳои муҳимро амалӣ намудем. Инчунин кӯшиш кардем, ки аз ворид намудани тағйиру иловаҳои каммоҳият ба қонунҳо худдорӣ намуда, бештар ба тағйиру иловаҳои муҳиму саривақтӣ таваҷҷуҳ намоем. Чунин амал дар оянда низ бояд ба таври ҷиддӣ ва ҳамаҷониба идома дода шавад.

Ин ҷо мехоҳам чанде аз вазифаҳои муҳимеро, ки дар самти фаъолияти қонунгузории даъвати оянда метавонанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд,  таъкид намоям:

- мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, талаботу тавсияҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ;

- дар таҳрири нав таҳия, пешниҳод ва қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- ҷиҳати амалисозии нуктаҳои Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таҳрири нав таҳия, пешниҳод ва қабул кардани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таҷдиди назар ва мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти кодексҳои номбурда;

- иштироки фаъолона  дар ҷараёни таҳия ва қабули  қонунҳои моделӣ ва татбиқи муқаррароти онҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар таҳрири нав пешниҳод намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани  ихтилофоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мухолифати  дохилии меъёрҳои қонунҳо, норасоӣ дар қонунгузорӣ;

- баҳрабардорӣ аз натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таклифҳои судманду муассири олимони соҳаи ҳуқуқ, ки дар рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҷиҳати такмили соҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Вобаста ба ин ҳамкориҳо бо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шавад.

Бояд зикр кард, ки чанде аз шартномаву созишномаҳо чандин сол пеш ба имзо расида бошанд ҳам, бинобар сари вақт омода нашуданашон аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод нагардида буданд. Дар ҷараёни даъват чунин санадҳо мавриди бозрасӣ қарор гирифта, бо тақозои Маҷлиси намояндагон шумораи зиёдашон тасдиқ гардиданд. Дар оянда низ лозим аст, ки бо мақсади сари вақт ба Маҷлиси намояндагон ворид гардидану тасдиқ гардидани ин санадҳои байналмилалӣ чораандешӣ карда шавад.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки дар оянда ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи тахассусии хизматчиёни давлатӣ, хусусан кормандони шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума ва дигар шуъбаҳои Дастгоҳ тариқи иштирок дар конфронсу семинарҳо ва мизҳои мудаввар чораандешиҳо роҳандозӣ карда шаванд. Шуъбаи ҳуқуқ ва бахши таҳлилии Дастгоҳ бояд пурқувват гардонида шуда, ба масъалаи мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳлили илмиву ҳуқуқии ҷараёни қонунгузорӣ бештар таваҷҷуҳ дода шавад. Масъулияти мушовирони калони кумитаҳо ҷиҳати иштирок дар омодасозии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии баррасишаванда баланд бардошта шавад.

Ҳамкасбони иззатманд! Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари иҷрои вазифаҳои бар дӯшашон гузошташуда дар тамоми рӯйдодҳои сиёсиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол доштанд.

Роҷеъ ба фаъолияти ин даъват китоби «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» бо сифати хуб ва ороиши ранга ба нашр расид.

Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия ва бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ барои истифодабарии вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор «Дастур оид ба ҷараёни буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Фарҳанги истилоҳоти иқтисод, молия ва буҷет дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардиданд.

Давоми даъват бо сабабҳои гуногун ваколати 13 нафар вакилон қатъ гардида, ҳашт нафар вакилони дигар ба курсии вакилӣ нишастанд.

Дар ҷараёни даъват бо Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ду маротиба тасдиқ карда шуд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки бо таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси намояндагон соҳиби ваколатҳои нав гардида, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳлати ҳафт сол таъин намуд.

Дар ҷараёни ин даъват ҳамкориҳои мо бо интихобкунандагонамон, бо тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо таври фаъолу корӣ, пурсамар ва судманд ҷараён гирифт.

Қабл аз ҳама, мо чунин робитаҳоро бо интихобкунандагони худ амалӣ намудем. Дар панҷ соли даъват мо бо интихобкунандаҳои худ ҳамроҳу ҳамқадам будем. Бинобар ин, дар ин лаҳзаҳо лозим мешуморам, ки аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба ҳамаи интихобкунандагон, ки дар интихоботи 28 феврали соли 2010 ба ҷонибдории мо овоз дода буданд, аз самими дил изҳори миннатдорӣ намоям.

Мо робитаҳоямонро  бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар тақвият бахшидем. Хусусан чунин ҳамкориҳо дар самти таҳия ва пешниҳоди қонунҳо аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пурсамар гардид.

Дар ин муддат аксарияти қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфтанд. Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳам дар алоҳидагӣ, ҳам дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ иштироки фаъол доштанд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам аз номи шумо, вакилони арҷманд ва шахсан аз номи худ ба ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири ҳамкориҳои судманд ва ҳамаҷонибаашон дар фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон миннатдории самимона изҳор намоям.

Мехоҳам ҳамчунин ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич, ки дар тайи панҷ соли фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон бо маслиҳату машварат ва ҳамкориҳои муфиду судманд дар беҳбуди сифати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми сазовор гузоштааст, миннатдории шумо — вакилон ва шахсан худамро изҳор намоям.

Вакилони арҷманд! Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон низ дар ҷараёни даъват фаъолияти худро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон амалӣ намуд. Масъалаҳои ташкили кор, назорат, ташхиси ҳуқуқӣ, таҳриру тарҷума, таъминоти иттилоотӣ, молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва дигар бахшҳои омодасозии шароити кор барои вакилони Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд. Ҷаласаҳои Шӯро ва иҷлосияҳо, таҳияи маводи зарурӣ, тартиб додани протоколҳо, назорати ҷараёни муросилот ва муроҷиатҳо, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи маводи хидматӣ, хизматрасонии техникӣ ва дигар масъалаҳо низ таври зарурӣ ҷараён гирифт.

Бақайдгирии воридот ва содироти муросилот, назорати муҳлати иҷрои онҳо ба таври қаноатбахш амалӣ гардид. Омода намудани толорҳо ва маводи кории ҷаласаҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон, қабулҳои роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон, таҳияи маводи сафарҳои хидматии вакилон, қабули шаҳрвандон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шуд.

Дар ҷараёни даъват ҷиҳати беҳдошти шароити кории вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд. Аз ҷумла баъди таъмири собиқ бинои Вазорати корҳои хориҷӣ қисме аз вакилон ва кормандони шуъбаҳои Дастгоҳ ба утоқҳо ва шароити нави корӣ гузашта, ҳамаи вакилон ва ходимони Дастгоҳ бо таҷҳизоти муосири компютерӣ, воситаҳои нақлиёт таври қаноатбахш таъмин гардиданд.

Барои вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон почтаи электронӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи давлатии Ҳукумати электронӣ чораҳои мушаххас андешида шуд. Бори нахуст толори ҷаласаи иҷлосияҳо бо техникаи компютерии ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, ҷиҳати аз шакли электронии маводи ҷаласаҳо истифода бурдани вакилон шароит муҳайё гардид. Маводи ҷаласаҳо, аз ҷумла лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳо, хулосаҳои кумитаҳо ва дигар мавод тавассути почтаи электронӣ барои корбарӣ ба вакилон ирсол карда шуд. Ҳамчунин робитаи байни шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо вакилон, кумитаву комиссияҳо тавассути почтаи электронӣ амалӣ гардид. Чунин тарзи кор ба мо имконият дод, ки ҳам аз лиҳози вақт ва ҳам аз лиҳози рангу коғаз ва дигар мавод сарфакорӣ карда шавад.

Бояд зикр кард, ки сифати таҳриру тарҷума ва забони қонунҳо давоми даъват беҳтар гардида, ҷараёни таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ низ ба маҷрои нав ворид гардид.

Ҳар сол 12 шумораи нашрияи «Ахбори Маҷлиси Олӣ» бо теъдоди тақрибан 1000 нусха ба нашр мерасад. Нашрияи мазкур ҷиҳати табдили ахбори парламентӣ ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва китобхонаи Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ фиристода шуд.

Шумораи адабиёти китобхонаи Маҷлиси намояндагон дар ин давра ба 21 ҳазор нусха расид. Нигораҳои осорхона аз ҳисоби туҳфаҳои хотиравии ба роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳадягардида зиёд шуда, шумораашон бештар аз 300 ададро ташкил дод.

Бинобар ин, ба роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи кормандони Дастгоҳ барои меҳнати самимонаашон ҷиҳати таҳия намудани шароити корӣ барои вакилон мехоҳам арзи сипос намоям.

Вакилони арҷманд! Тавре маълум аст, дар марҳилаи кунунӣ нақши матбуот дар инъикоси воқеияти ҳоли рӯйдодҳои ҳар як кишвар, ҳар як ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ хеле зиёд аст. Инъикоси фаъолияти даъват дар воситаҳои  ахбори омма тариқи назаррас ҷараён гирифт.

Қобили зикр аст, ки рӯзномаи парламентии «Садои мардум» дар ҷараёни фаъолияти даъвати чорум тамоми паҳлуҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагонро дар саҳифаҳои худ тариқи возеҳу равшан инъикос намуда, ҷиҳати муаррифии Парламент барои аҳли ҷомеа хидмати шоистаеро амалӣ гардонд.

Ҳамчунин рӯзномаи «Ҷумҳурият», дигар рӯзномаҳо ва радиову телевизионҳои давлатӣ фаъолияти моро барои аҳли ҷомеа таври воқеӣ инъикос намуданд.

Тариқи шабакаҳои гуногуни телевизион ва радио, аз ҷумла дар барномаҳои телевизионии Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», дигар расонаҳои хабарӣ, оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, шарҳи қонунҳо ва дигар мавзӯъҳо гузоришҳои зиёд интишор гардид. Аксари нашрияҳову расонаҳои шахсиву хусусӣ роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон гузоришу хабарҳо ба нашр расониданд, ки аксаран беғаразонаву воқеъбинона буданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон тариқи расонаҳои хабарӣ оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, қонунгузорӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар гузоришҳо манзур гардониданд.

Дар ҷараёни даъват миёни Маҷлиси намояндагон ва васоити ахбори гуногун ҳусни ният ва тафоҳум ҳамчун падидаи нек барқарор гардид, ки фикр мекунам, густариши чунин равиш дар оянда низ судманд хоҳад буд.

Яке аз хусусиятҳои  хоси даъвати чорум дар иртибот бо воситаҳои ахбори омма он аст, ки аксаран расонаҳои хабарии гуногун бо ташаббус ва ихтиёри худ ба паҳлуҳои фаъолияти гуногуни Маҷлиси намояндагон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гузоришҳо ироа намуданд. Тақрибан 70 нафар намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ ҷаласаҳои даъватро тариқи васоити гуногуни ахбори омма муаррифӣ намуданд.

Иштироки фаъолонаи намояндагони расонаҳои давлативу хориҷӣ дар ҷаласаҳо ва дигар чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон гувоҳи он аст, ки нуфузи ин мақоми олии қонунгузор хеле боло рафтааст.

Бо истифода аз фурсат, ба аҳли қалами рӯзномаи парламентии «Садои мардум», инчунин ба ҳамаи хабарнигорон, ходимони воситаҳои ахбори омма, ки роҷеъ ба фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон хабару мақола ва гузоришҳои воқеӣ ва беғаразона интишор намудаанд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Мехоҳам хотиррасон намоям, ки мо дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қарор дорем. Мо — вакилони Маҷлиси намояндагони даъвати чорум ҳамчун идомаи рисолати вакилиамон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷараён гирифтан ва ба таври шаффоф баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд ҳар чӣ бештар мусоидат намоем.

Мехоҳам аз номи ҳамаи шумо ба ҳайати даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум саломатӣ ва дар иҷрои фаъолияти вакилиашон комгориҳо таманно намоям.

Ҳамкасбони гиромӣ! Даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷамъбаст менамояд.

Имрӯз дар анҷоми даъват мо, вакилони ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар назди халқу Ватан, дар назди интихобкунандаҳоямон бо итминони комил гуфта метавонем, ки вазифаҳои вакилиамонро софдилона, бо дарки масъулияти баланд ва саъю талоши самимона иҷро намудем.

Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мост, ки Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли равон бо қадршиносӣ ба фаъолияти панҷсолаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба вакилони Маҷлиси намояндагон низ барои заҳматҳояшон дар қабули қонунҳо ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ изҳори сипос намуданд. Мо вакилони Маҷлиси намояндагон, ин баҳои баланди Роҳбари давлатро бо камоли миннатдорӣ қабул намуда, итминони комил дорем, ки даъвати ояндаи Маҷлиси намояндагон дар ҳамин рӯҳия фаъолияти хешро идома хоҳад дод.

Рисолати намояндагӣ ва қонунгузорӣ яке аз мушкилтарин ва муқаддастарин уҳдадориҳоест, ки ободии Ватан, беҳдошти рӯзгори мардум ба чигунагии иҷрои он бисёр вобаста аст. Бо амри тақдир дар як давраи муайяни таърихӣ чунин имконият ба дӯши мо -вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати чорум вогузор гардид.

Дар давоми тамоми даъват мо пайваста кӯшиш ба харҷ додем, ки тамоми донишу таҷриба, маҳорату малакаи хешро баҳри амалӣ намудани рисолати вакили мардумӣ равона намуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ тавассути таҳия ва қабули қонунҳои барои имрӯзу ояндаи кишвар сарнавиштсоз, такмили низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол дошта бошем ва ба ин васила, ба боварии халқ сазовор гардем.

Панҷ соли даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон на танҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон як марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ба шумор меравад, балки барои мо вакилон низ як мактаби хоси ибратомӯзи сабақҳои рӯзгори шахсиву ҷомеавӣ буд. Фикр мекунам, ин панҷ сол ҳамчун донишгоҳе буд, ки ҳар кадоме мо аз  бахшҳои гуногуни он дар баробари дарси қонунгузорӣ,дарси намояндаи халқ будан, хештаншиносӣ ва муҳимтар аз ҳама — дарси хидмат ба халқу Ватанро омӯхтем.

Маълум аст, ки дар ин марҳилаи барои халқу кишвар ҳассосу сарнавиштсоз ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки оромиву осудагии мардум барояшон хуш намеояд, дастовардҳои истиқлолият, рушду нумӯи сохти давлатдории тоҷикон табъашонро нороҳат мегардонад, мехоҳанд оромиву осудагии мардуми моро халалдор намоянд, кишварро дубора ба вартаи нооромиву даргириҳо тела диҳанд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи мардуми мо, ба ҳар касе, ки имрӯзу ояндаи халқу Ватан барояш бетафовут нест, хусусан ба мову шумо- вакилони мардумӣ, сарфи назар аз ақидаву ҷаҳонбинии сиёсиамон, сарфи назар аз он ки минбаъд дар куҷо ва дар кадом вазифае, ки бошем, лозим аст, ки бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҷиҳати тақвияти сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми Ватани ягонаву воҳид бо самимият ва саъю талоши бесобиқа барои ба соҳили офият расонидани киштии амну амони миллат аз ҳеҷ гуна худгузариҳо сарфи назар накунем.

Албатта, вакилони иззатманд, дар давоми ин панҷ сол ҳамаи мо кӯшиш кардем, то эҳтироми якдигарро самимона бар ҷой оварда бошем. Аммо агар мо баҳсе, ё андаке сахтгириву сарзаниши рафиқонае доштем, ҳамааш ба хотири беҳбудии кор буд, ба хотири боз ҳам беҳтар ҷараён бахшидан ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ба хотири беҳтару бештар хидмат кардан ба интихобкунандаамон буд.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо бо дили пур аз меҳру муҳаббат ва хотироти нек аз ин даргоҳи муқаддас аз ҳамдигар ҷудо шуда, якдигарро ҳамеша ба некӣ ёд меоварем. Шахсан ман- ҳамчун Раиси Маҷлиси намояндагони даъвати чорум, аз ин айёми ҳамкорӣ бо шумо ҳамеша бо некӣ ёд хоҳам кард. Ман аминам, дар ҳар куҷое,ки бошем, дар ҳар вазифае, ки кор кунем, бо неруи тоза тамоми донишу таҷриба, қобилият ва азму иродаи қавии худро барои рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон ва некуаҳволии халқи шарифамон бедареғ равона месозем.

Дар ин лаҳзаҳои анҷоми фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон ман ба якояки шумо, вакилони гиромиқадр, ба хотири саъю талош ва заҳматҳои панҷсола, ба хотири иҷрои софдилонаи вазифаҳои бар дӯши мо қарордошта аз самими қалб изҳори сипосу миннатдории бепоён намуда, дар зиндагии шахсиатон саломативу хушбахтӣ, дар иҷрои вазифаҳои минбаъд ба уҳдадоштаатон, комгориву пирӯзии беназир таманно менамоям.

Хонаободу саодатманд бошед, ҳамкасбони азиз!