Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ бо омодагии комил ворид гардида, тавонист беҳтарин намояндагони худро ҳамчун номзад ба зинаҳои гуногуни мақомоти қонунгузорӣ пешбарӣ намояд.
Рустам Латифзода – раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ (3 марти соли 2015) изҳор намуд, ки дар интихоботи парлумонӣ 32 нафар намояндаи ҳизб ҳамчун номзад ба Маҷлиси намояндагон ва 960 нафар аъзои ҳизб ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ шуда буданд. Раванди интихобот тавассути нозирони ҲАТ дар назорати доимӣ буд ва ба ситоди марказии ҳизб ягон шикояти ҷиддие вобаста ба вайрон гаштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба интихобот ворид нагардид. Рустам Латифзода афзуд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба интихоботи парлумонии соли 2010 дар сатҳи баланди омодагӣ ва таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандон ҷараён гирифт, ки шаҳодати муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва эътимод ба намояндагони халқ буд.
Роҳбари ҲАТ ба хабарнигорон гуфт, ки мо умед дорем бо ворид гардидани намояндагони бештари Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар ва таъсиси фраксияи алоҳида дар ҳайати нави Парлумон ҷиҳати таъмини сокинони мамлакат бо зиндагии шоиста, пуштибонии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, мусоидат ба ташаккули институтҳои иқтисоди бозорӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз се ҳадафи асосии стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, саҳми хешро гузорем.
Бояд гуфт, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои баргузории интихоботи парлумонӣ ба ҷонибдории ҳизби мазкур аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 450 ҳазору 275 нафар ё ин ки 11,8 фоиз интихобкунандагон раъй додаанд. Акнун дар Парлумон ҳизби мазкур соҳиби се мандат гардид. Инчунин ду номзади ҳизб аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатаи Восеъ № 39 ва Спитамен №25 бо гирифтани овози бештар соҳиби мандати вакилӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо панҷ номзад вориди Маҷлиси намояндагон мегардад.
- Мо натиҷаҳои интихоботро пурра эътироф намуда, онро қадами ҷиддӣ дар раванди ташаккул ва таҳкими институтҳои демократии кишвар мешуморем, — гуфт Рустам Латифзода.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»