Дасти дуои модар

№32-33 (3333-3334) 07.03.2015

PHOT0025.JPG«Модар шудан марҳилаи камоли зан аст. Эҳсосоти модарӣ муқаддастарин эҳсосоти башарист».

Александр ДЮМА

Мегӯянд «дуо ду сар дорад», «дуои падару модар рад намешавад», «дуои мазлум мустаҷоб аст, агарчӣ кофар бошад». Инсон ҳамеша ба дуо ниёз дорад. Дуои хайр роҳро боз мекунад, садди роҳи балоҳо мешавад, иқбол меоварад, дилро шоду  хотирро осуда ва ғамро бартараф месозад…

Беҳтарину мустаҷобтарини дуо -дуои падару модар аст.

Аз ин рӯ, қарзи мо- фарзандон назди модар нотамом аст. Ҳамин аст, ки ҳар сахтию мушкилие сари модар ояд, ҳеҷ аст, агар фарзанд асояш бошад.

Акои Пирмуҳаммад ҳар субҳ модарро зиёрат карда, дуояшро мегирад ва ӯ бо табъи болида аз пайи иҷрои кор мешавад. Дар қатори акои Пирмуҳаммад Мирзо ва Гулмурод ҳар дам ба зиёраташ омада, дуои хайр мегиранд. Модари ин фарзандони соҳибмаърифат Майрамбибӣ Қурбонова дар сояи фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад. Соҳиби чор фарзанд, 17 набера, 66 абера, 18 чабера мебошад. Майрамбибӣ Қурбонова айни ҳол дар деҳаи Чорсӯи деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ умр ба сар мебарад. Гарчанде пиронсолӣ андаке нотавонаш кардааст, вале ӯ ба ин тан надода, ҳар пагоҳӣ ба ҳавлӣ баромада, гаштугузор мекунад.

Майрамбибӣ Қурбонова аз рӯйи шиносномааш соли 1902, ба гуфти худаш соли 1910 дар деҳаи Толии деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Номбурда мегӯяд, ки «савод надорам, дар он замон мактаб набуд. Ба ҳар ҳол падару модарам бегоҳирӯзиҳо ҳисоб карданро меомӯхтанд, насиҳатҳо мекарданд. Дар бораи хулқу атвор, урфу одат ва одобу ахлоқи инсонӣ панду ҳикматҳо мегуфтанд». Падару модар бо маслиҳати хешовандон ӯро ба Бобораҷаб ном ҷавоне аз деҳаи Нилкон хонадор карданд. Якчанд сол бефарзанд буданд, вале зиндагии хушу хурсандона доштанд. Фарзанддор шуданд. Ду писару як духтараш хонаро боз ҳам равшантар, зиндагиро  ширинтар  намуд. Бо сабабҳои номаълум шавҳараш баҳори соли 1953 ӯро ба хонаи хешовандонаш — ба деҳаи Партизани Сурх оварда мепартояд ва худаш беному нишон ғайб мезанад. Майрамбибиро баъди чанд рӯз холааш ва амакаш, ки дар деҳаи Гулзор зиндагӣ мекарданд, бо худ мебаранд. Тирамоҳи ҳамон сол сокинони деҳаи Гулзорро ба деҳаҳои наздики маркази ноҳия муҳоҷир мекунанд.

Солҳои 50-60-уми асри ХХ зиндагии мардум хеле вазнин буд. Мардум аз нарасидани ғалла мушкилӣ мекашиданд. Ба аҳолӣ аз рӯйи меъёр орду ғалла тақсим карда мешуд.

Майрамбибӣ-хола, ки он шабу рӯз бо се фарзандаш дар хонаи холааш умр ба сар мебурд, чӣ кор карданашро намедонист. Илоҷи дигар набуд. Бо маслиҳати холаву амакҳояш ба хотири фарзандонаш бори дигар ба шавҳар баромад. Абдуқаюм, ки худ фарзанд надошт, фарзандони Майрамбибиро зери тарбия гирифт.Соли 1959 дар оила писар ба дунё омад, ки ӯро Пирмуҳаммад ном ниҳоданд. Акнун зиндагии оила боз ҳам ширинтар шуд, дар хонадон файзу баракат рехт. Баъди якчанд соли зиндагии ширину хурсандона бобои Абдуқаюм аз олам гузашт. Майрамбибӣ фарзандонро бо ҳамроҳии писари калониаш Гулмурод, ки он вақт 32-33- сола ва оиладор буд, тарбия мекард. Гулмурод низ меҳнат мекард, ба модараш кумак мерасонд, то додарону хоҳари ягонааш рӯзи сахтро набинанд.

Имрӯз ҳама фарзандон калон шуданд ва набераи калониаш Латофат 45-сола аст. Ҳар дам ҳамроҳи фарзандонаш аз ҳолу аҳволи бибиҷонаш хабар мегирад. Набераи хурдиашон Гулҷаҳони 24-сола низ хабаргири бибиҷон аст.

Майрамбибӣ-хола аз фарзандон басо хурсанд буда, аз келину наберагон гила надорад. Баҳузур суҳбат мекунад, шунавоиаш андаке суст шуда бошад ҳам, вале хуб мебинад. Кас бовар намекунад, ки 110-сола шуда бошад. Хуш ба ҳолаш, ки чунин умри дароз ва фарзандони солеҳу оқил насибаш гаштааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»