Чаро вазифаашро иҷро намекунад?
Аз шаҳраки Гипрозем то деҳаи мо- Озодии занон тақрибан се километр роҳ аст. Ману тағоям – Ҳабибулло Ёров – журналисти шинохтаву собиқадор саҳар – вақти ба кор омадан ва бегоҳ – вақти ба хона рафтан ин роҳро пиёда тай менамудем. Боре бегоҳ аз кор бармегаштем. Борон меборид. Роҳамон аз миёни деҳи ҳамсоя мегузашт. Дидем, ки дар миёни роҳ саги бадҳайбате ду пойи пешашро тиргак карда, қафояшро ба замин монда нишастааст. Саргарми суҳбат чӣ хел ба саг наздик шуданамонро худамон нафаҳмида будем. Саг ҳамагӣ даҳ қадам дуртар қарор дошту моро наззора мекард.
Аз тарс на қафо мегаштему на пеш мерафтем. Чанд дақиқа хомӯш мондем. Ниҳоят, биё як «риск» мекунем, оҳиста-оҳиста пеш меравем, агар бинем, ки авзояш беҷо шуд, «задный ход» мезанем, — гуфтанд тағоям.
Ин маслиҳат маъқул афтод. Ҳар ду дасти якдигарро дошта, оҳиста-оҳиста ба саг наздик шудем. Чун дидем, ки ӯ парвои моро надорад, шердил шуда, бардам-бардам қадам задем. Вақти аз паҳлуи саг гузаштан тағоям, ки ҳазлҳои аҷоиб доранд, ангушти ишораашонро ба биқини саг халонда, «ҳаф» гуфтанд.
Саг якбора ончунон шӯру мағал бардошт, ки мо аз тарси ҷон мисли Яҳё ва Мадёр рафиқиро ҳам фаромӯш карда, бо тамоми қувва ба тарафи деҳаамон гурехтем. Ман ду бор афтидам, як туфлиям аз поям баромада, дар нимароҳ монд. Тағоям ҳам ҷузвдонашонро дар ким-куҷое партофта буданд.
Баъди он ки ҳис кардем саг дигар моро дунболагирӣ намекунад, истодем. Аз сулфаи зиёд нафасгир шуда будему қоматамонро рост карда наметавонистем. Ҳамин ки каме ба худ омадем, тағоям ба тарафи ман нигариста: -паат, саги ганда будай, — гуфт.
Ман, ки аз ин шӯхии хунуки ӯ дар қаҳр будам, худамро базӯр нигоҳ дошта, — ба Худо, тағо, шумо мисли кӯдак рафтор мекунед, — гуфтам.
- Барои чӣ вай вазифаашро иҷро намекунад, — дар қаҳр шуд тағоям. -Одамони бегонаро дида, чаро «ҳаф» нагуфт? Ман ин вазифаашро ба ёдаш овардам.
Ҳуррандатар шавад!
Ҳуринисо Ализода – мудири шуъбаи илм ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии рӯзномаи «Садои мардум» (ҳоло муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон) ба муносибати барандаи Ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданаш дар ошхонаи нашриёти КВД КТН «Шарқи озод» зиёфат дод. Баробари ҳамкорон дар зиёфат сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои дигари ҷумҳуриявӣ низ ширкат доштанд ва ҳар кадом дар навбати хеш сухан гуфта, ӯро табрик мекарданд. Навбати сухан ба сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Халқ овози» Ҳайдар Ҷӯраев расид. Ӯ гуфт, ки ман Ҳуринисоро дер боз мешиносам. Номаш ба худаш муносиб аст, ки аз калимаи «ҳур» гирифта шудааст. Вай воқеан ҳам ҳур аст. Вале ман мехоҳам,… — гуфту дигар сухани муносиб наёфт, ки илова кард: чӣ гӯям?
Субҳон Кошонов — сармуҳаррири онвақтаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» луқма партофт: -Гӯед, ки боз ҳам ҳуррандатар шавад.
Дурандеш
Ба муносибати 10-солагии рӯзномаи «Садои мардум» қарор додем, ки китоби ҳайати эҷодии рӯзномаро бо расмҳо ва намунаи эҷодиёташон ба чоп расонем. Ба ин хотир муовини якуми сармуҳаррир Маҳмадшариф Бобошоев аз ҳама хоҳиш кард, ки баробари мақолаҳояшон рӯзноманигорон якто расмашонро низ пешниҳод намоянд. Баъди чопи китоб чанд маротиба ҳамкорон ба назди Бобошоев даромада, хоҳиш карданд, ки расмҳояшонро баргардонад, вале ӯ ҳар дафъа бо ҳар баҳона расмҳоро барнамегардонд. Дар ниҳоят исроркории рафиқон ба дилаш зад ва расмҳоро ба соҳибонашон баргардонда гуфт: -Гиред, вале вақте мурдеду расмҳоятон дар рӯзнома чоп нашуд, хафа нашавед.
Отат ба мартаба расид!
Нисфирӯзӣ. Ҳафтаи дуюми моҳи шарифи рамазон буд. Хушвақт Назаров –котиби масъули рӯзномаамон ба наздам даромада, хоҳиш кард, ки якҷо хӯрокхӯрӣ равем. Гуфтам, ки ман рӯзадорам.
-Тамоми гуноҳонатро ба зимма мегирам, парво накун, -исрор мекард ӯ. Аммо ман розӣ нашудам.
-Майлаш, ту хӯрок нахӯр, вале бо ман биё, -гуфт ва илова кард: -танҳо хӯрок хӯрдан как-то неудобно.
-Хайр, майлаш, рафтем,- гуфтам ман. Дар ошхона ӯ хӯроки якум ва якбора дуто сад граммӣ арақ фармоиш дод. Қадаҳи якумашро бардошта, тарафи ман дароз кард, аммо ман рад кардам. – Ту дошта ист, нанӯшӣ ҳам майлаш…
Он рӯз на танҳо рӯзаро шикастем, балки садтогӣ ҳам бардоштем.
Пеш аз субҳ, вақти хӯроки саҳарӣ, мисли ҳарвақта, аз хоб бедор шудам. Дидам, ки завҷаам бо бачаҳо хӯрок хӯрда истодаанд. Овози духтарчаам омад, ки мегуфт: -Оча, отама бедор намекунед?
– Не, бачам, отат дирӯз ба мартаба расид, — гуфт завҷаам.
Мӯсоев «детсад» рафт
Сармуҳаррири рӯзномаамон Бобоҷон Абдулвоҳидов (рӯҳашон шод бод) котибаашро, ки ҳамагӣ се рӯз пеш ба кор қабул шуда буд, ба наздаш ҷеғ зада мегӯяд, ки Аъзам Мӯсоев – мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқро ба назди ман даъват кунед. Котиба дар роҳрави идора котиби масъули рӯзнома Хушвахт Назаровро дида, аз ӯ мепурсад:
- Мӯсоевро надидед?
- Мӯсоев сари фарзанд рафт, — мегӯяд ӯ шӯхӣ карда.
Баъди чанде котиба дари сармуҳаррирро кушода хабар медиҳад: -Мӯсоев ба сари фарзандаш ба детсад рафтааст.
Агар Аюбзода вирус дошта бошад
Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Сафар Аюбзодаи Маҳзун чанд муддат ба кор наомад. Дертар шунидем, ки ӯро саг газидааст. Рӯзе, ки ба идора омад, ҳамкорон ӯро иҳота карда, суолборон намуданд: — Чӣ хел шуд? Саги кӣ буд ва ғайра. Ҳатто Хушвахт Назаров, шояд аз рӯи раҳмдилӣ бошад, ки гуфт -Мембрӣ вақти роҳравӣ пешу қафота нигоҳ кунӣ!
Хуллас, ҳама бо як дилсӯзии рафиқона бо ӯ муносибат мекарданд.
- Хайр, ҳеҷ гап не, ҳамааш гузашт, — изҳор дошт кадоме аз ҳамкорон.
- Хока гузашт, — гуфт Аюбзода, ки намехост ба ин зудӣ «ҷабрдида» будани ӯро рафиқон фаромӯш кунанд ва илова кард: -То сагро пайдо накунанд, кор кашол меёбад.
- Сагро кофта истодаанд? – ҳайрон шуданд рафиқон.
- Албатта.
- Барои чӣ?
- Чунки,-гуфтам ман, — агар Аюбзода вирус дошта бошад, саги бечора мумкин аст, ки девона шавад.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум»