Омодагӣ ба ҷашни байналмилалӣ

Суғд: Таҷлили Наврӯз ҳамрадиф бо арҷгузории бузургон

№38 (3339) 16.03.2015

Сангинов Чумъабой РахматовичТавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз (21 марти соли 2014) таъкид доштанд: «Бузургдошти Наврӯз, умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст».

Аз ин рӯ, бо ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ 19 феврали соли 2010 Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид ва мувофиқи он ин ҷашни бошукӯҳи мардумони ориёинажод мақоми ҷаҳониро касб кард.

Имсол таҷлили ҷумҳуриявии ин иди бошукӯҳ дар вилояти Суғд доир шуда, тантанаҳои асосии он дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ба ин муносибат дар вилояти Суғд чораю тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

- Омодагиҳо ба тадвири Наврӯзи байналмилалӣ дар қаламрави вилояти Суғд ҳанӯз аз оғози моҳи майи соли 2014 оғоз гардида, барои сазовору хотирмон истиқбол кардани он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нақша-чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, дар ин муддат корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд,- гуфт дар суҳбат муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов.

Бино ба гуфтаи мавсуф, мавзеъҳои асосии баргузории иди Наврӯз шаҳри Хуҷанд ва навоҳии Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов хоҳанд шуд. Вале меҳвари ин ҷашни муборак, ки дар вилояти Суғд чор рӯз идома хоҳад дошт, Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ хоҳад буд.

Хонандагони рӯзнома хуб огоҳӣ доранд, ки шоиру орифи адабиёти классикии тоҷику форс дар асри XIV Шайх Камоли Хуҷандӣ қисмати аъзами умри худро дар сафари ҷаҳон гузаронида, дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон хок шудааст. Эрониён чун дигар мардуми шеърдӯсти Шарқ Хоҷа Камолро фарзанди бузурги худ мешуморанд ва ӯро «Кимиёи Табрез»-у «Пайвандгари Эрону Тоҷикистон» медонанд.

Моҳи ноябри соли 2014 сафари кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Дар ин сафар гурӯҳи калони масъулони вилоят ва аҳли илму адаб, аз ҷумла Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ширкат доштанд. Дар шаҳри Табрез –хокҷои ин шоири шаҳир маросими турбатбардорӣ аз мақбараи шоир доир шуд. Бояд гуфт, ки ин амали хайр бо ибтикори Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҷузъе аз турбати ӯ ба Ватани аҷдодиаш — Тоҷикистон ва ба зодгоҳи ин шоири нотакрор тавассути ҳайати мутазаккира оварда шуд.

Ба ин муносибат дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кумитаи тадорукот созмон ёфта, ба ин ҳайат олимону донишмандон, меъморон, сохтмончиёни шинохта шомил гардиданд ва Консепсияи илмии таҷдиди осорхона-Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд.

- Консепсияи таҷдиди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тасдиқ гардида, корҳои лоиҳакашӣ аз тарафи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСШК «Суғдшаҳрофар» омода гардида, дар он мутахассисон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ширкат варзиданд, -мегӯяд Ҷ.Сангинов.

Ба ин муносибат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳайкали барқади шоир, мақбара, ҳавлии рамзии ӯ бо тарҳи замони рӯзгори шоир, чаҳорбоғ, чоҳи қадима, чандин айвонҳои кандакорӣ ва ду шаршара, дар дохили чаҳорбоғ боз як айвончаи истироҳатӣ сохта шуданд. Майдони умумии ин боғ ҳашт гектарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки боғи мазкур дар соҳили чапи дарёи Сир ва рӯ ба рӯи Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ» воқеъ мебошад. Гирди ин дарвоза аллакай бо девораҳои зебо иҳота гардида, чун таърихи замони шоир оромгоҳи шоир дар қисмати поёнии боғ қомат афрохтааст. Мақбара бисёр бошукӯҳ ва дорои гумбади баланд аст. Баландии гунбади асосӣ 27 метр мебошад.

Ҳине, ки мо ба ин боғи бузург ворид гаштем, сохтмончиёну устоҳои чирадаст корҳои берунии он, аз қабили сохтмони дарвоза, девораҳои атроф бо истифода аз сангҳои ороишӣ, эҷоди талу теппаҳо, азнавбарқароркунии ҷӯйи таърихии маҳаллаи замони Хоҷа Камол (дар вақташ онро «Ҷӯи Раззоқ» меномидаанд), бунёди гулгашту роҳравҳоро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ менамуданд.

Мақбараи шоир хеле боҳашамат буда, гунбади заррин дорад. Фаршу девораҳо ва сақфи он бо санги мармару хоро  ва дигар сангҳои қиматбаҳои кӯҳҳои Тоҷикистон, бо чӯбкориву нақшу нигор ва тарҳи меъмории замони зиндагии Камоли Хуҷандӣ ороиш ёфтаанд. Шонздаҳ адад сутунҳои такягоҳи сангҳояш ҳаштқираи мақбараро моҳи январ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас ва насб намудаанд. Дар паҳлуи он ҳайкали шоир, ки зиёда аз ҳафт метр баландӣ дорад, ҷойгир шуда, дар муқобили айвонҳои мунаққашу зебо, ки рӯ ба ҷониби дарёи Сир бунёд гардидаанд, ду шаршараи дарозиаш 16-метра сохта шудааст. Ҳангоми пурра ба кор оғоз кардани иншоот аз девораҳои ин шаршара об ҷорӣ хоҳад шуд.

Тақрибан чор гектари боғро сабзпӯш кардаанд ва дар он бештар аз 100 ҳазор бех гулҳои рангоранг ва 1000 бех дарахтону буттаҳои ороишӣ шинонидаанд.

Ҳавлии рамзии шоир бо тарҳи меъмории асримиёнагӣ бунёд шудааст. Қисми дарунии ҳавлӣ иборат аз ду ҳуҷра, даҳлез, пешайвон, ду ҳуҷраи нигаҳдории озуқа, ошхона ва таҳхона буда, дар қисми берунии он меҳмонхона, китобхона ва дигар иншооти зарурӣ ҷойгир шудаанд. Дар осорхонаи шоир, ки дар ҳамин қисмат ҷойгир хоҳад шуд, зарф, либос ва дигар ашёҳои дар ҳамон давра истифодамешуда гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки дар китобхона ҳамчунин дастнависҳои нодир, дастхату китобҳои чопи сангӣ низ ҷой мегиранд. Оянда дар ин ҷо як маркази бузурги илмии Камолшиносӣ ташкил мешавад.

Дар маҷмӯъ, боғи мазкур то истиқболи Наврӯзи оламафрӯз пурра омода гардида, ба ҳусни шаҳр ҳусни дигаре зам хоҳад намуд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»