Чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мешаванд

№38 (3339) 16.03.2015

бордюжа н

Нимаи дуюми рӯзи 13 марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвари мо ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд ва олии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, зоҳир гардид.

Рафти татбиқи амалии қарорҳои қаблан дар сатҳи олӣ қабулшуда, аз ҷумла доир ба расонидани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва тақвияти имконоти техникӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Николай Бордюжа ба Сарвари давлати Тоҷикистон, Раиси амалкунандаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷараёни корҳо гузориш дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад.

Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои сиёсию иҷтимоӣ ва амниятӣ дар минтақаҳои доғи олам ва роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

www.president.tj