Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№39 (3340) 18.03.2015

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Зуҳуров Шукурҷон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. ҒАФФОРОВ

ш. Душанбе, 17 марти соли 2015 №4

 Шукурҷон Зуҳуров

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗухуровЗуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1970 мактаби миёнаро дар ноҳияи Панҷ  ба итмом расонида, ба Донишгоҳи муҳандисӣ-заминсозии шаҳри Москва дохил шуд ва онро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намуд. Соли 1992 Академияи идоракунии Федератсияи Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос ба итмом расонид.

Аз соли 1976 то соли 1979 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва)-и вилояти Хатлон (собиқ Кӯлоб) ба сифати муҳандис-заминсоз ва сардори шуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти Хатлон (собиқ Қӯрғонтеппа) фаъолият намуд.

Аз соли 1979 то соли 1986 ҳамчун инструктор, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон ифои вазифа намуд. Соли 1986 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) интихоб шуд. Аз соли 1990 то соли 1998 вазифаи раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири кор ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Дар гуфту-шунидҳои сулҳи байни тоҷикон аз оғоз то охир иштирок карда, дар ду даври он (Москва ва Теҳрон) раиси ҳайати Ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини якуми раиси ҳайат буд.

Аз соли 1997 то соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи оштии миллӣ кор кард. Ҳамзамон аз соли 1998 то соли 2001-ум вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангиро ба уҳда дошт.

Аз соли 2001 то соли 2003 дар вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва аз моҳи ноябри соли 2003 то моҳи марти  соли 2005 дар вазифаи муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

27 феврали соли 2005 аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён № 31 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, 17 марти соли 2005 раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм интихоб шуд.

Аз 20 декабри соли 2006 то 28 феврали соли 2010 дар вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16  марти соли   2010   дар    ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Зуҳуров Шукурҷон 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб гардид.

Хизматҳои шоёни Шукурҷон Зуҳуров бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар медалҳо ва Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Зуҳуров Шукурҷон 17 марти соли 2015 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 17 марти соли 2015 №9

 Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АзизиАзизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор 23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод), дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар Иттиҳодияи ноҳиявии «Тоҷикселхозтехника» оғоз кардааст. Аз соли 1979 то соли 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомоли Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №57, мудири шуъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб) кор кардааст. Солҳои 1987-1991 дар вазифаҳои масъули   ҳизбӣ   (инструктор,   мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст. Солҳои 1991-1994 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994-1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.

Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Аз соли 2001 то соли 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб гардид.

17 марти соли 2015 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Оиладор, падари се фарзанд мебошад.

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хайринисо Юсуфӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 17 марти соли 2015 №10

 

Хайринисо Юсуфӣ

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

юсуфиХайринисо Юсуфӣ 30-юми марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 1981 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Панҷакент ва соли 1986 факултети байтории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати корманди тиббии пойгоҳи санитарии шаҳри Панҷакент оғоз ёфта, сипас дар вазифаҳои  котиби якуми Кумитаи шаҳрии комсомолии шаҳри Панҷакент (солҳои 1987 — 1992), раиси Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент (солҳои 1992 — 1996), муовини раиси шаҳри Панҷакент (солҳои 1996 — 2000) ва муовини раиси вилояти Суғд (солҳои 2000 — 2004) фаъолият намуд.

Соли 2004 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аз моҳи январи соли 2008 то моҳи январи соли 2010 вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб шуд.

Соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намуда, соҳиби ихтисоси «Менеҷер дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» гардид.

Хайринисо Юсуфӣ 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб гардид.

17 марти соли 2015 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Оиладор ва модари чор фарзанд мебошад.

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 17 марти соли 2015 №11

 

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

фелалиевФелалиев Акрамшо Саидшоевич 8 майи соли 1958 дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Соли 1975 мактаби миёнаи рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғро хатм намуда, солҳои  1975-1977 ба ҳайси коргари Колоннаи сайёри механиконидашудаи  (ПМК) № 148-и шаҳри Хоруғ кор кард. Солҳои 1977-1982 дар факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил намуд. Солҳои 1982-1983 ба сифати сарагрономи Иттиҳодияи «Селхозхимия»-и ВМКБ фаъолият намуда, солҳои 1983-1986    лаборанти калони лабораторияи мевапарварӣ дар шароити баландкӯҳи Институти биологии Помири Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1986-1990  аввал коромӯз, баъд аспиранти аспирантураи мақсадноки Институти биологияи ҳуҷайра ва инженерияи генетикии Академияи илмҳои Украина дар шаҳри Киев буд. Солҳои 1990-1995 вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва солҳои 1995-2005 мудири лабораторияи мевапарварӣ дар шароити баландкӯҳ ва ҳамзамон котиби илмии Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ҳамзамон аз соли  1992 то соли 2005 дотсенти факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев буд.

Соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуда, вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолиро ба зимма дошт. Соли 2010 такроран вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯйхати ҳизбии ҲХДТ интихоб шуд.

Акрамшо Фелалиев доктори илмҳои кишоварзӣ буда, 14 ноябри соли 2014  академики Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Акрамшо Фелалиев 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ №41 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шуд.

Дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи таъин намудани Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Расулов Ҳамрохон Ҳасанович Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

 

ш. Душанбе, 17 марти соли 2015 №38

Расулов Ҳамрохон Ҳасанович

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

расуловРасулов Ҳамрохон Ҳасанович дар ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм карда, минбаъд дар вазифаҳои масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон, мудири мудирияти  корҳои Комиҷроияи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ифои  вазифа намудааст.

Моҳи январи соли 2004 Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин  шуд.

16 марти соли 2010 дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2015 дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Оиладор, соҳиби  чор  фарзанд аст.