Дар машқгоҳи ҳарбии мавзеи Мумирак бо иштироки сарбозону афсарони эҳтиётии тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тамринҳои дифоӣ гузаронида шуд. Иштирокчиён аз силоҳҳои гуногун тирпарронӣ карда, малакаи ҷангии худро ба ин васила қавию афзун намуданд. Кулли сарбозону афсарони эҳтиётӣ ташкили маъракаи мазкурро саривақтию нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ намуда, барои ҳимояи марзу буми азизи хеш изҳори омодагӣ карданд.
Т. Файзалӣ, «Садои мардум»